ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БУЗУРГ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони Истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлолият ба мардуми саодатманди мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд. Миллати кӯҳанбунёд ва ифтихорманди Тоҷикистони азиз инак сиву панҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро паси cap мекунад. Миллати мо бо дастоварди бузургтарини таърихӣ сию панҷ сол қабл ба Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд. Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии кишварамон ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфуз ва шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо карда, нақши муассир мегузорад.
Дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ новобаста аз нобасомониҳо Истиқлолият ин орзую омол ва муборизаи дурударози фарзандони барӯманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ ба даст омад ва он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Барои халқи тоҷик ин рӯйдод шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрӯзу оянда сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад.
Халқи тоҷик, имкон пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ӯро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ӯ тақдири давлату миллатро бовар намояд. Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалан дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъд Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳалаи аввали Истиқлолияти давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад.
Замоне, ки фарзанди номовар ва номбародори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои гуногуни силоҳбадастро паси мизи гуфтушунид оварда, новобаста аз манфиатҳои гуногуни ба ҳам зидди онҳо манфиатҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, тавассути фарҳанги волои Ваҳдати миллӣ дар мамлакат сулҳу салоҳро барқарор сохт. Дар як муддати кӯтоҳ бо иродаи Роҳбари давлат харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта иншооти азим ба вуҷуд омаданд.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлолро қабул намоем ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукми қонунӣ бахшем. Барои расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Озодӣ ва Истиқлолият дар ҳақиқат дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Тӯли ин солҳо ҳамаи мо шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, шоҳиди онем, ки Президенти мӯҳтарам барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯъи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрӯву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодааст.
Имрӯз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодӣ, ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ба татбиқи ҳадафҳои стратегие, ки Президенти мамлакат ба миён гузоштаанд, ҷавобгӯ буда зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд. Дар тӯли сиву панҷ соли сипарӣ мо ҷиҳати таъмини Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дастовардҳои назаррасеро ноил гардидем ва ин дастовардҳо хеле зиёданд. Дар давоми солҳои сипаришуда татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд. Муҳимтар аз ҳама тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлолият ва хушбахтии комилро ба даст оварданд.
Имрӯз ҳама миллати тоҷик шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд. Дар охир таманно дорам, ки Тоҷикистони азиз - ин сарзамини биҳиштосо, диёри сулҳу ваҳдат ва меҳани тоҷикони ҷаҳон ҳамеша ободу пешрафта бошад. Мо бояд Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу субот, рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи худро гузорем.
Садриддин РАҶАБОВ,
ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng