ИСТИҚЛОЛИЯТ- ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ ТОҶИКОН
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоқик аст, ки 35-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Истиқлолият воқеан як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки милатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷони худро дар зери хатар гузоштаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоъ далер сабт менамояд. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки ҷони худро дар кафи даст гирифта миллати пароканда ва давлати қариб нобудшударо аз вартаи оташу даргириҳои дохили наҷот ва миллати парокандаро сарҷамъ намуда давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милл - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқадастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Боиси зикр аст, ки ин ҳама пешравиву дастовардҳо маҳз ба туфайли хирадмандиву меҳанпарастии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад. Аз рӯзҳи нахустини ба сари давлат омадани ин марди хирад ҳазорон иншооти гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, маданиву маишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дастовардҳо хеле зиёданд ва арзиштарини он дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат аз минбари ин созмон мебошад. Дар баробари ин зарфи 35 соли мавҷудияти худ кишвари тозабунёд тавонист чор ҳадафи стратегии миллӣ, аз ҷумла баромадан аз бунбасти камуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳоро амалӣ созад.
Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва бо ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Аз ҷумла, сохтмони шоҳроҳи “Роҳи Абрешим”, бунёди нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Хатлону”, “Нақби Озоди”, роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ - Мурғоб, Душанбе - Рашт, Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Бохтар, Бохтар - Данғара, Кӯлоб - Дарвоз.
Ҳамчунин, бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла НБО Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол шаҳодат медиҳад. Рушди иқтисоди кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Ҳамчунин таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуниҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дартаълиму тарбияи фарзонд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва дигар қонунҳои қабулгардида боиси баланд бардоштани сатҳи иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги ва илми мардуми азизи Тоҷикистон гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, боиси ифтихори ҳар яки мост. Кулли комёбиву ҳаёти осоиштаи аз истиқлол аст. Пас, моро лозим аст, ки дар пешрафти кишвари хеш ва таҳкими истиқлоли он саҳмгузор бошему ба щайси муарифгари он дар арсаи ҷаҳон талош намоем.
Ҳадятуллои Н., Нигораи С.,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng