Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, арзиши муқаддас ва заминаи асосии пойдории давлату давлатдорӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ имкони таърихӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи худро мустақилона муайян намуда, давлатдории миллии муосирро бунёд ва таҳким бахшад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт».

Дар ҳақиқат, даврони истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳилаи муҳими давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ гардид. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини ин давра бунёди давлати муосири миллӣ мебошад, ки бар пояи принсипҳои ҳуқуқбунёдӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ ташаккул ёфтааст. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намуда, заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшем ва барои рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам оварем.

Дар баробари ин, бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мустақил Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марзбонӣ таъсис ёфта, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт. Таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ дар шароити басо мураккаби солҳои аввали истиқлол яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият барои Тоҷикистон имкони муносиб фароҳам овард, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим мавқеи арзандаи худро пайдо кардааст.

Дар даврони истиқлолият ба рушди иқтисоди миллӣ, энергетика, роҳу нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат муайян шуданд.

Дар ин раванд, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, нақбҳо, роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ вусъат пайдо кард. Сохтмон ва ба истифода додани иншооти муҳими энергетикӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Сохтмони нақби «Анзоб» низ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳиме буд, ки дар таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муҳим гузошт.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи арзишманди ҳалли мусолиматомези низоъ ва барқарорсозии сулҳу субот дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Маҳз сулҳу ваҳдат заминаи асосии пешрафти минбаъдаи кишвар ва татбиқи барномаҳои созандагиву бунёдкорӣ гардид.

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, нишони пойдории давлат, бақои миллат, асолати миллӣ ва ҳувияти фарҳангии мо мебошад. Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ ифодагари соҳибистиқлолӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯз, ки мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмати бузурги таърихӣ расида, барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Бигзор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи олии ватандорӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ устувору ҷовидона бошад ва ба ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ, саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои навин оварад.

 

Ниссо ҲАМИДОВА,

омӯзгори ДДМИТ