ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ОЯНДАИ БОСАОДАТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Ватан сарчашмаи ҷону тани мост,
Ватан обу ҳавову гулшани мост.
Лоиқ Шералӣ
Дар замони мо, ки давраи пур аз нооромию таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, доштани кишваре, ки дар он сулҳу субот, оромӣ, шукуфоӣ, ваҳдат, ягонагӣ ва истиқлолияти комил ҳукмфармост, неъмати бузургест, ки ҳар яки моро вазифадор месозад онро ҳифз намоем ва барои пойдории он саҳм гузорем. Имрӯзҳо мебинем, ки дар ҷаҳон чӣ қадар нооромиҳо вуҷуд доранд ва ҳатто кишварҳое, ки дорои пешрафтҳои зиёд ва иқтисодиёти пуриқтидор мебошанд, наметавонанд бо итминони комил бигӯянд, ки дар баробари ҳамаи чолишҳои муосир метавонанд ба таври устувор истодагарӣ намоянд. Аз ин рӯ, таҷрибаи таърихи башарият собит менамояд, ки танҳо ягонагӣ ва якдилии мардум метавонад қудрату тавоноии истодагарӣ дар муқобили мушкилоти зиндагиро таъмин намояд.
Таърихи миллати тоҷик гувоҳи он аст, ки барои расидан ба озодӣ ва субот миллати мо чӣ қадар набардҳо ва мушкилотро паси сар намудааст. Истодагарии миллат дар зери фишорҳои гуногун далели шуҷоат, матонат ва мардонагии он мебошад. Ин ҳама шаҳодат бар он аст, ки миллати тоҷик дар сурати якдилӣ ва ҳамбастагӣ метавонад дар муқобили ноадолатиҳо ва фишорҳо истодагарӣ намояд. Яке аз муҳимтарин далелҳои ин гуфтаҳо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9-уми сентябри соли 1991 мебошад. Аммо дар ин роҳ мушкилоту санҷишҳои зиёде миллати тоҷикро интизор буданд. Оғоз ва густариш ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар яке аз вазнинтарин мушкилоте буд, ки метавонист миллатро ба вартаи нобудӣ расонад.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишварро фаро гирифта буд, барои мардуми азияткашидаи тоҷик, пеш аз ҳама, кафолати зиндагии осоишта ва ояндаи амн зарур буд. Аз ҷониби нафарони зиёде барои расидан ба сулҳу оромӣ талошҳо анҷом дода шуданд. Аммо маҳз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот ва наҷоти миллат нақши муҳим гузоштанд. Шахсе, ки дар он рӯзҳои душвор барои барқарор намудани амният, ваҳдат ва суботи кишвар талошҳои зиёд намуданд.
Бале, ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими давлатдории миллӣ, дар баробари таъмини сулҳу субот, заминаи муҳими бунёди ояндаи босаодат ба ҳисоб меравад. Бо аз байн рафтани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳ мушкилоти дигар низ пешорӯи миллат қарор гирифтанд. Набудани ҷойҳои корӣ, камбуди маводи озуқа, косташавии соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ вазъи зиндагии мардумро мушкил гардонида буданд. Дар натиҷаи ин мушкилот шумораи зиёди шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварданд, то тавонанд ҳадди ақал рӯзгори оилаҳои худро таъмин намоянд. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар он давра, дар баробари паҳлуҳои иҷтимоии худ, ба иқтисодиёти кишвар низ таъсири муайян расонд.
Бо талошҳои Ҳукумати кишвар, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ин мушкилот низ паси сар карда шуданд. Қабули барномаҳои давлатӣ, такмили механизмҳои идоракунии давлатӣ, татбиқи чорабиниҳои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани дигар тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар гардидани вазъи кишвар мусоидат намуданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор намуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ талош менамояд.
Дар тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди миллӣ ворид гардид. Ин дастовард натиҷаи меҳнати содиқона, иродаи қавӣ, талошҳои пайваста ва истодагарии мардуми тоҷик мебошад. Таърих борҳо собит намудааст, ки миллати куҳанбунёд, тамаддунсоз ва фарҳангпарвари тоҷик баъд аз шикастҳо ва набардҳои зиёд боз ҳам ҳамчун мурғи Самандар аз хокистар бархоста, барои ободии имрӯзу фардои худ талош менамояд.
Ин ҳама шаҳодат бар он аст, ки миллати тоҷик дар сурати якдилӣ, ҳамбастагӣ ва доштани иродаи қавӣ метавонад ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.
Имсол мо дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин сана таҷассумгари 35 соли мардонагӣ, шуҷоат, меҳнат, талош, истодагарӣ, якдилӣ, иттифоқ, сулҳхоҳӣ, ваҳдат, пешрафт ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд. Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд дар озмунҳо ва олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил кунанд, бо кишварҳои гуногун дар доираи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муносибатҳои созанда ба роҳ монанд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ дар равандҳои ҷаҳонӣ саҳм гузоранд. Ҳамаи ин имкониятҳо аз Истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ сарчашма мегиранд.
Бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмони биноҳои замонавӣ ва таҷдиди инфрасохтори минтақаҳои кишвар аз ҷумлаи нишонаҳои муҳими рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мебошанд. Дар ин замина, яке аз лоиҳаҳои бузурги аср ва дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки дар самти таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти бузург дорад.
Албатта, дастовардҳои даврони истиқлолият зиёданд ва рӯз ба рӯз шумораи онҳо афзун гардида истодааст. Ҳар як корхонаи нав, ҳар як мактаб, муассисаи тандурустӣ, роҳ, неругоҳ ва иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар маҷмуъ, ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дастовардҳои дохилӣ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти глобалии сайёра огоҳ буда, барои таъмини ояндаи босаодат на танҳо дар дохили кишвари азизи худ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ талош менамояд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд. Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» низ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими сулҳу субот ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар роҳи ба даст овардани рушди устувори кишвар дар замони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум ва ҳамоҳанг намудани онҳо бо талаботи замони муосир чораҳои зарурӣ меандешад. Имрӯз дар ин раванд, ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рақамикунонӣ, рушди иқтисоди сабз ва истифодаи самараноки имкониятҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зеро ҷаҳони муосир маҳз ба самти рақамикунонӣ, навоварӣ ва рушди иқтисоди сабз ҳаракат дорад.
Бояд гуфт, ки дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст ва ин раванд идома дорад. Аммо барои нигоҳ доштани дастовардҳои бадастомада ва расидан ба марҳилаҳои нави рушд, пеш аз ҳама, ба якдилӣ, дастгирии ҳамдигар ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, аз ҷумла рушди зеҳнӣ ва маънавии инсон ниёз дорем. Зеро дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир маҳз сармояи инсонии босифат метавонад кишварро ба зинаҳои нави рушд расонад.
Истиқлоли давлатӣ ба мо имкони зиндагии осоишта, таҳсил, меҳнат, озодии андеша ва рушди ҳамаҷонибаи шахсиятро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, Истиқлолиятро метавон кафили муҳими ояндаи босаодат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик арзёбӣ намуд.
Барои ҳифзу таҳкими ин неъмати бузург ҳар яки мо бояд дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳми муносиб гузорем. Аз ҷумла, дар тарбияи насли ҷавону ояндасоз, ки неруи асосии рушди минбаъдаи кишвар мебошад, масъулияти бузург дорем. Зарур аст, ки ҷавононро бо меҳру муҳаббати баланд ба Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ, фарҳангу тамаддуни қадимаи миллӣ тарбия намуда, ҳамзамон онҳоро ба навгониҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ, рушди инноватсионӣ ва иқтисоди сабз, мутобиқ созем.
Танҳо дар сурати чунин тарбия ва муносибати масъулиятнок метавон чароғи умеди рушди устувори кишвар ва миллатро барои асрҳои аср фурӯзон нигоҳ дошт ва барои насли имрӯзу оянда зиндагии шоистаро таъмин намуд.
Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА, омӯзгор ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng