Имрӯз вақте калимаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мешунавем, шояд, пеш аз ҳама, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, марз, давлатдорӣ ва дастовардҳои кишвар ба ёд оянд. Барои насли мо бошад, Истиқлоли давлатӣ хотираи хеле талху мураккаб дорад. Чунки нахуст барои мо ба давраи сахти зиндагӣ рост омад. Мо давлати мустақилро дар замоне дидем, ки ҷомеа бештар аз ҳама ба сулҳ ниёз дошт. Тағйири низоми сиёсиро дар шароите эҳсос кардем, ки одамон ҳатто барои рӯзҳои одии зиндагӣ нигарон буданд.

Дуруст аст, ки воқеаҳои таърихиро инсон аз китобҳо меомӯзад... Барои як насли тоҷик, яъне моён оғози истиқлол ба давра ва солҳои пурошӯб, бесуботӣ, кӯчбандӣ, камбуди рӯзгор, тарс ва интизории оромию осудагӣ ҳамқадам омад. Насле, ки дар остонаи истиқлол ба дунё омада ё кӯдакӣ мекард, бисёр чизҳоро намефаҳмид. Мо на забони сиёсатро медонистем, на моҳияти низоъҳои иҷтимоиро дарк мекардем ва на мефаҳмидем, ки чаро одамон аз якдигар метарсанд.

Ман, ҳамчун намояндаи насли охири солҳои Шуравӣ истиқлолиятро нахуст танҳо аз рӯйи номаш шунидам. Барои он ки оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои мо бо бӯйи борут, садои тир, изтироби калонсолон ва рӯзҳои пурошӯб пайванд хӯрд. Мо кӯдак будем ва шуур, ақлу фаҳмиши мо ҳанӯз ба дараҷае нарасида буд, ки моҳияти воқеаҳои атрофро дарк кунем. Баъзан садои тирро ба бозии кӯдакона монанд мекардем. Шарораи силоҳро гоҳе мисли манзараи аҷибу дурахшон медидем. Аз гузаштани техникаи низомӣ кунҷков мешудем ва ҳатто мехостем аз паси силоҳбадастон давем: «Автоматчикҳо боз кай мегузаранд? Мо боз ҳам аз пасашон давем!»

Мо баъдтар фаҳмидем, ки чаро модарон аз садои ногаҳонӣ ба таҳлука меомаданд, чаро падарон бо ҳар хабари нав аввал ба чеҳраи якдигар менигаристанд ва чаро баъзе одамон шабҳоро бедор мегузаронданд.

Зиндагӣ бо имкониятҳои бисёр маҳдуд мегузашт. Дар хонаҳое, ки будани барқ ҳамеша кафолат надошт, шамъ, чароғи дастӣ ё чароғи иличӣ ҷузъи одии рӯзгор шуд. Одамон ба камӣ одат карда буданд, зиндагӣ онҳоро маҷбур мекард то бо ҳамон чизе, ки доштанд, рӯз гузаронанд. Картошкаи рӯйи табақ барои мо ғизои пурқимат ба ҳисоб мерафт. Агар онро ҳам меёфтем, миёни худ тақсим мекардем. Бо нимаи нони хеш шукр мекардем.

Раҳми Парвардигор дар дуову ниёиши падару модарон буд. Тӯю маъракаҳо низ маънои дигар доштанд. Он тӯю маъракаеро хушӣ ҳисоб мекарданд, ки бе ҷангу ҷанҷол ва бе ҳодисаи нохуш сипарӣ мешуд. Ҷашнҳо дар сояи хабарҳои сангин мегузаштанд. Гоҳе як хабари марг метавонист фазои як маҳалро тағйир диҳад.

Мешунидӣ: «Мурдаи фалониро оварданд», «фалонӣ мавриди ҳамла қарор гирифт», «фалонӣ бедарак шуд...». Инҳо ибораҳои дардноке буданд, ки ба зиндагии ҳаррӯза ворид шуда буданд. Баъзан касе аз пайи ҷустуҷӯи ҷасади ношинос ҳам намерафт. Чӣ қадар талх аст, вақте марги инсон ба як хабари одии рӯз табдил меёбад.

Мо дар он солҳо бештар шунаванда будем. Ахборро мешунидем, вале муҳокима намекардем. Ҳодисаро медидем, вале моҳияти онро намефаҳмидем. Аз саволи «Чаро?» метарсидем, зеро калонсолонамон низ барои бисёре аз ин саволҳо ҷавоби қаноатбахш надоштанд. Баъзан онҳо танҳо хомӯш мемонданд. Шояд он хомӯшӣ худ як ҷавоб буд, ҷавоби одамоне, ки аз гуфтани ҳақиқати дарднок низ метарсиданд.

Яке аз сахттарин хотираҳои он солҳо барои бисёриҳо кӯчидан буд. Мо хонабардӯш будем, аз як ҷо ба ҷои дигар, аз як суроға ба суроғаи дигар ва аз як тарс ба тарси дигар. Чаро кӯдак бояд аз хона ва маҳалли зисти худ дур шавад? Чаро инсонеро, ки гуноҳе надорад, танҳо ба хотири мансубияташ ба ин ё он маҳал, гурӯҳ ё андеша душман мешуморанд? Баъзе хешовандон маслиҳат медоданд, ки дур наравед, ҷойи амнтар интихоб кунед ва роҳи сафарро бодиққат андешед: «Фарзандонатонро бисёр дур набаред. Шояд ба шумо ҳам азоби роҳ камтар расад ва шояд душманон раҳм кунанд». Дар зеҳни мо саволи дигар пайдо мешуд: кадом душман ва барои чӣ? Гуноҳи мо чӣ буд?

Чанде пеш бо мақсади сайёҳат ба кӯҳистони диёр рафтем, бародаронам як хонаи гилинеро нишон доданд, ки замони ҷанг он ҷо ба унвони “гуреза” маскан гирифта будем. Гуреза дар зодгоҳ ва ватани худ. Чӣ қадар талх аст, ба ёд овардани он рӯзҳо... Чун хор ба поямон мехалид, ба нидои гиряолуд сӯйи модар мешитофтем. Бехабар аз он ки дар ин куҳандиёр бисёриҳо аллакай чун ғарибу нооошно аз меҳру навозиши модар маҳрум мондаанд. Яъне, дар ҳамон рӯзҳои сахт қисмати зиёди модарон мехостанд, ки фарзандонашон зинда ва сиҳат бошанд. Онҳо шояд шиорҳои сиёсиро намефаҳмиданд ва баҳсҳои сиёсиро пайгирӣ намекарданд, аммо хуб медонистанд, ки фарзанд зинда бошад, хона обод мешавад. Ҳамин тавр, дар дуои онҳо оромии хона, амнияти фарзандон ва умеди фардо ҷой дошт. Аз хотири модарон ободиву озодӣ рафта, аз дилҳояшон оромӣ ва аз лабонашон ханда кам мешуд.

Бо вуҷуди ин ҳама сахтӣ, дар ҷомеа умеди сулҳ тадриҷан қувват мегирифт. Мӯйсафедон, мардони хирадманд ва солори деҳа равандҳои сиёсиро пайгирӣ мекарданд. Онҳо ба оинаи нилгун менигаристанд ва аз талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ хабар ҷуста. бо умед мегуфтанд: «Ҳамин мардак кӯшиш карда истодааст, сулҳ мекунад».

Дар он рӯзҳои торик ва ноумед ваъдаи сулҳ барои мардум мисли нури хурде дар охири шаб буд. Мардум мехостанд тирагии солҳои ҷанг аз байн равад ва зиндагии осуда дубора барқарор шавад.

Дар миёни мардум андешае шакл гирифта буд, ки бояд касе кишварро аз ин вартаи хатар берун кашад. Он замон халқи одӣ, яъне омма аз ҳама бештар сулҳ мехостанд. Дар ин доира, талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба оштии миллӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ барои қисми зиёди мардум ба маънои боз шудани дари умед буд.

Мо низ баъдтар дарк кардем, ки истиқлолият бе сулҳ осон набуда ва давлатдорӣ бе ваҳдат пойдор намемонад. Мо насли охири як давра ва шоҳиди оғози давраи дигар будем. Кӯдаконе будем, ки маънои истиқлолиятро ҳанӯз намефаҳмидем, аммо дар канори он ба воя расидем. Бӯйи борутро эҳсос кардем, аммо маънои ҷангро баъдтар дарк намудем. Ашки модаронро дидем, вале умқи дарди онҳоро солҳо пас фаҳмидем.

Акнун намехоҳем фарзандони мо ҳамон саволҳои беҷавобро дошта бошанд. Намехоҳем онҳо кӯчбардӯшии моро такрор кунанд, барои як пора нон хавотир шаванд ё ашки модарро дар рӯшноии камнури чароғ бинанд.

Мақсад аз варақгардон кардани хотироти талхи он рӯзҳо ин аст, ки қадрдону шукргузор бошем ва ҳушёру зирак низ, зеро бе инҳо намешудааст. Ҳарчанд ки дар ин миён донишу маърифат дар мадди аввал қарор мегирад.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА,

рӯзноманигор