ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Истиқлолият бузургтарин неъмат ва орзуи деринаи ҳар як халқ аст. Истиқлолият рамзи озодӣ, худшиносии миллӣ ва ҳуқуқи озодона пеш бурдани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Халқи тоҷик пас аз ҳазорсолаҳо мубориза ва талошҳо 9 сентябри соли 1991 ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои Тоҷикистони навин оғози марҳилаи нав гардида дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи нав кушод. Маҳз ба шарофати истиқлол, тоҷикон соҳиби давлати миллии худ гардиданд, ки дар арсаи байалмилалӣ бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст.
Истиқлолият ба халқи тоҷик имконият дод, ки Конститутсияи худро қабул намояд, рамзҳои давлатӣ дошта бошад ва сиёсати дохилию хориҷиро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ пеш барад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои Пешвои миллат ва заҳмати халқи созандааш дар ҳамаи соҳаҳо – иқтисод, илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва муносибатҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ дорад, ва ба давлат имконият медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш барад, рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва роҳандозии корхонаҳои миллӣ, рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон имкон медиҳад, ки забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ ҳифз ва такмил дода шаванд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти вазнин рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба мардум зарари бузурги молию ҷонӣ расонида, барои рушди ҳадафҳои миллӣ монеа эҷод намуд. Бо итминон метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ба пеш қадам ниҳода, сулҳу ваҳдат барқарор гардид.
Истиқлолият - ин кафили пешрафти Тоҷикистон мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилаллӣ давлати мустақил шинохташудааст ва узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Ин узвият ба кишвари мо имконият дод, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро муайян намояд.
Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро қадр намояд. Муҳофизати Ватан, дӯст доштани забону фарҳанг, иҷрои софдилонаи вазифаҳои шаҳрвандӣ ва заҳмат барои ободии кишвар нишонаи қадршиносии истиқлолият аст ва то он даме, ки ифтихор аз Ватан дар дилҳои тоҷикон зинда аст, Тоҷикистон абадӣ, қавӣ ва шукуфон хоҳад буд.
Беҳрӯз ЮНУСОВ –
муаллими кафедраи ҳуқуқи
иқтисодӣ ва молиявии
ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng