ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - КАФОЛАТИ САОДАТУ ХУШБАХТӢ
Истиқлолият - ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳувият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тоҷикон яке аз миллатҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар, асри нав, эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ ба шумор меравад.
Истиқлоли давлатӣ - волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва Ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод.
Оре, дар баробари дигар муқаддасот, Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дарки маънои сиёсии Истиқлолият мафҳуми хеле васеъ дорад. Дар маънои умум, моҳияту мазмуни истиқлолият дар тамоми муборизаи тулонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, соҳиб гардидан ба худшиносӣ, ташаккули ҳиссиёти миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат, таъмини амнияти мардум ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат ифода менамояд. Аз ин рӯ истиқлололият нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоистае ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, ки ташаббусҳои байналмилалии сарвари давлати Тоҷикистон дар асри ХХI барои аҳли башар ва таъмини ҳаёти арзандаи инсоният хидмат мекунанд. Бо самараи неки истиқлол имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ бузургтарин дастоварди мо дар даврони Истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати беназири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он миллати тоҷик марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои зиёди олам барои ташкили як давлати мустақил ва пойдор ҷоннисориҳои зиёде намуда, дар муддати чандин солҳо соҳиби давлат гардиданд. Аммо бо вуҷуди таъсиси як давлат, ба бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам муяссар нашудааст, ки субботу осоиштагиро дар мамлакати худ нигоҳ доранд. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлоли комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақили бо ном Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари олам эътироф намуда, 180 кишвари олам бо мамлакати мо робитаи дипломатиро барқарор намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи зиёда аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди обу иқлим, терроризму экстремизм ва сулҳу осоиштагӣ яке аз мамлакатҳои пешсаф ва ташаббускор аст, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги меҳан аст.
Имрӯзҳо миллати сарбаланду тоҷдори тоҷик 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунанд, ки ин нишонаи муттаҳидиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат мебошад. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ барои ҳамаи инсонҳо, халқҳо, миллату давлатҳо мебошад ва барои ба даст овардани ин мақом дар тули асрҳои гуногун мардуми миллатҳои гуногун, миллионҳо нафар муборизаҳо бурдаанд, то ин ки истиқлолияти комили худро ба даст оваранд.
Савриддин ЯТИМОВ -
ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ
ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng