Дар ҷомеаи имрӯза амнияти иқтисодӣ як низоми мураккаби бисёромилаест, ки бевосита ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамбастагии ногусастанӣ дорад. Ва дар ҳамин масъала тамоми омилҳои марбут ба ҷараёнҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва соири омилҳо метавонанд ба амнияти иқтисодии кишвар таъсир расонанд. Имрӯз дар аксар маврид муҳаққиқону коршиносон амнияти иқтисодии кишварро ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтидорҳои истеҳсодӣ, сарчашмаҳои молиявӣ ва монанди инҳо марбут дониста, онро бевосита ба захираҳои гидроэнергетикӣ, ки он имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, асоси рушд мешуморанд. Зеро амният, рушд, субот, ҳадаф ва ояндаи дурахшони Тоҷикстон ва як қатор ҳадафҳои стратегии он бевосита аз захираҳои гидроэнергетикӣ вобаста мебошанд, ки асос ва сарчашмаи онҳоро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Вобаста ба ҳамаи ин заруриятҳо роҳбари давлат як қатор ташаббусҳои созандаро рӯи кор оварданд.

Дар ин росто соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонй намуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 12 -уми декабри соли гузашта бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7 -уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Соли 2025 ҳамчунин, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025- 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Дар ин асос метавон гуфт, ки рушди энергетика дар Тоҷикистон барои нигоҳдории устувории иқтисодиёти давлат, афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои иқтисодӣ, пурзӯр кардани қурби пули миллӣ ва монанди инҳоро фарогир буда, Тоҷикистонро метавонад дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз давлатҳои азими содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳад.

Дар асоси ташаббусҳои созанда ва амалӣ шудани иншооти бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон боиси ба миён овардани шароити созгор ва сиёсати рушди иқтисодӣ дар асоси меъёрҳои ҳақиқии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат имконпазир мегардад.

Бар ин васила бо роҳи истифодаи дурусти сармояи ақлонӣ ва имкониятҳои мавҷуда, бунёд ва рушди низоми энергетикӣ, баланд бардоштани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, афзудани ҳосилнокии меҳнат, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, ҷалби маблаѓ ба самти рушди иқтисод ва истеҳсоли фоидаовар, таъмини шуғли  пурмаҳсул аз имконоту захираҳои мавҷудаи кишвар истифода бурда, бо роҳи истиқлолияти энергетикӣ дар амал татбиқ сохтани ҳамаи ин ҳадаф ва нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида имконпазир мегардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки  асоси   рушди иқтисоди давлатҳои тараққикарда аз ҳисоби содир ва фурўши нафту газ, саноати сабуку вазнин ва аз ҳисоби содироти молҳои аҳамияти умумидошта ва техникаву технологияи муосир мебошад. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавассути рушди соҳаи энергетика ба як қатор натиҷаҳои назарраси рушд ва расидан ба иқтисодиёти сабз, ки яке аз меъёрҳои амнияти иқтисодии кишвар мебошад, дастрасӣ пайдо намояд. Иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар баробари истеҳсолкунандагони хурд аз неругоҳҳои бузурги тавлидкунандаи барқ вобаста мебошад. Ин аст, ки давлат барои тақвияти ин соҳаи муҳим ва калидӣ як қатор чорабиниҳоро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ қабул намудааст.

Гуфтан мумкин аст, ки низоми гидроэнергетика дар рушди иқтисодиёти  Тоҷикистон нақши калон дорад, зеро он  бахшҳои калидии мамлакатро бо неруи барқ таъмин ва заминҳои обиро обёрӣ намуда, осебпазириҳоро дар сатҳи амнияти иқтисодӣ ба маротиб коҳиш медиҳад. Аз ин ҷост, ки ин соҳаи муҳим ва калидии кишвар ҳамбастагии худро бо расонидани таъсир ба соҳаҳои калидӣ метавонад инъикос намояд.

Дар ҳамбастагӣ бо ин аён аст, ки расидан ба имкониятҳои васеи гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз имкониятҳои васеи расидан ба иқтисодиёти сабз мебошад. Иқтисодиёти сабз инъикосгари расидан ба афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба монанди рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани иқтидори воридкунии молҳо, зиёд намудани индекси иқтидори содиротии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, нигоҳ доштани мувозинати сатҳи таваррум, устувор гардонидани қурби пули миллӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ба фазои сармоягузорӣ, даҳчанд гардонидани ҷалби сармояи хориҷӣ, ғани гардонидани бозорҳои дохилию хориҷӣ, нигоҳ доштани мувозинати сатҳи минималии нархҳо дар бозор, истеҳсоли молу маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза вобаста ба талаботи сершумори давлатҳои хориҷӣ, пурра маҳдуд кардани ҷойи молҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва монанди инҳо мебошад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва дар ҳавзаи Осиё метавонад аз пешсафон бошад.

Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон амнияти иқтисодӣ бо гидроэнергетика зич алоқаманд аст, зеро кишвар нерӯи барқро аз захираҳои обӣ тавлид мекунад ва аз ҳамин сабаб ин захираҳо ҳамчун  унсури муҳими иқтисоди миллӣ шинохта мешаванд.

Ғайр аз захираву имкониятҳои васеи дигари кишвар мо танҳо метавонем бо як роҳ, тавасути истифодаи захираву имкониятҳои гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикстонро аз кишвари аграрӣ ба кишвари транзитӣ табдил дода, ба ҳадафҳо нишондиҳандаҳои назарраси рушде, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикстон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидаанд, ба онҳо ноил гардем ва таъмини амнияти иқтисодии кишварро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоем, зеро аз лиҳози чуғрофӣ ин танҳо ба таври самаранок дар Тоҷикстон имконпазир аст.

Амнияти иқтисодӣ  ҳамчун мафҳуми калидӣ дар иқтисоди муосир маънои ҳолати устувори иқтисодро дорад, ки дар он давлат, корхонаҳо ё шахсон аз таҳдидҳои беруна ва дохилӣ ҳифз шуда, қобилияти рушд, таъмини некӯаҳволӣ ва муқовимат ба зарбаҳои иқтисодиро нигоҳ медоранд. 

Ҳамаи ин гуфтаҳои дар боло овардашуда моро комилан бовар кунонида метавонанд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ соҳаи энергетика 

 

Яҳё БОБОНАЗАРОВ -

донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси

1-25010202, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ