ИСТИҚЛОЛИЯТ - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Истиқлолият воқеан мафҳуми муқаддас ва бузург мебошад, ки милатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд. Истиқлолият рамзест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба он ҷони худро дар зери хатар гузоштаро дар саҳифаҳои заррини таърих ҳамчун қаҳрамон, шуҷоъ ва далер сабт менамояд.
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки ҷони худро дар кафи даст гирифта, миллати пароканда ва давлати қариб нобудшударо аз вартаи оташу даргириҳои дохилӣ наҷот ва миллати парокандаро сарҷамъ намуда, давлати моро воҳид ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин онро баён менамоянд. Боиси зикр аст, ки ин ҳама пешравиву дастовардҳо маҳз ба туфайли хирадмандиву меҳанпарастии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон муяссарамон гардидааст.
Аз рӯзҳи нахустини ба сари давлат омадани ин марди хирад ҳазорон иншооти гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, маданиву маишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дастовардҳо хеле зиёданд ва арзишмандтарини он дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромаду суханрониҳои пурмуҳтаву таклифу ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар баробари ин, зарфи 35 соли мавҷудияти худ кишвари тозабунёди мо тавонист, чор ҳадафи стратегии миллӣ, аз ҷумла баромадан аз бунбасти камуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳоро амалӣ созад.
Дар ин росто Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва бо ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи “Роҳи Абрешим”, бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Нақби Озодӣ”, роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ - Мурғоб, Душанбе - Рашт, Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Бохтар, Бохтар - Данғара, Кӯлоб - Дарвоз ва роҳҳои дар маҳали сохтмон қарор доштаи Данғара - Гулистон ва Гулистон – Кӯлоб ба шумор рафта, ҳамчунин бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла, НБО “Роғун” ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол шаҳодат медиҳад.
Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мешаванд. Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуниҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дартаълиму тарбияи фарзонд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва дигар қонунҳои қабулгардидаро метавон ном бурд, ки боиси баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии мардуми азизи Тоҷикистон гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашта, боиси ифтихори ҳар яки мост.
Бешакк, кулли комёбиву ҳаёти осоиштаи аз истиқлол аст. Пас, моро зарур аст, ки дар пешрафти кишвари хеш ва таҳкими истиқлоли он саҳмгузор бошему муарифгари он дар арсаи ҷаҳон бимонем.
Ҳадятуллои НЕЪМАТУЛЛО -
муаллими кафедраи ҳуқуқи
иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng