ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ - КАФИЛИ ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА
Дар ҳар давру замон ҷавонон пешоҳанги тағйирот ва созандагӣ будаанд. Ҷавонон имрӯз дар Тоҷикистони зебоманзар ва дорои таърихи куҳану насли нави боғурур ва масъулияти баланд қадам ба арсаи зиндагсозандаву ояндабин мегузорад. Ин насл ба давлату миллат содиқ буда, вазифа, масъулият ва рисолати муқаддас дорад: Ватани худро боз ҳам ободу пешрафта гардонидан.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология зиндагии ҷавонон нисбат ба пештара мураккабтар, вале ҳамзамон пур аз имконият гардидааст. Аз як тараф, ин насли ояндасоз бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷониби дигар, барои рушду пешрафти онҳо имкониятҳои нав фароҳам омадааст.
Яке аз мушкилоти асосии ҷавонони имрӯз масъалаи шуғл и доимӣ мебошад. Бисёре аз ҷавонон баъди хатми муассисаҳои таълимӣ наметавонанд ҷойи кори муносиб пайдо намоянд. Сабабҳои ин ҳолат гуногунанд: норасоии таҷриба, рақобати баланд дар бозори меҳнат ва баъзан мутобиқат накардани ихтисос ба талаботи бозор. Ин омилҳо метавонанд боиси коҳиши ҳавасмандӣ ва ноумедии ҷавонон гарданд.
Мушкилоти дигар, ин таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет мебошад. Албатта, технология имкониятҳои фаровон фароҳам меорад, аммо истифодаи нодурусти он метавонад боиси кам шудани вақти омӯзиш, паст гардидани муоширати воқеӣ ва ҳатто, мушкилоти равонӣ гардад. Баъзе ҷавонон вақти зиёди худро дар фазои маҷозӣ сипарӣ намуда, аз ҳаёти воқеӣ дур мешаванд.
Бо вуҷуди ин, ҷавонони имрӯз дорои имкониятҳои зиёд низ мебошанд. Яке аз муҳимтарин имкониятҳо дастрасӣ ба дониш ва маълумот аст. Бо шарофати интернет ҷавонон метавонанд донишҳои навро аз тамоми ҷаҳон ба даст оварда, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва малакаҳои худро такмил диҳанд. Ин имконият пештар барои бисёриҳо дастнорас буд.
Имконияти дигар, ин рушди соҳибкорӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон метавонанд бо идеяҳои нав фаъолияти соҳибкории худро заминагузорӣ ва оғоз бахшанд. Ҳатто бо маблағи кам ҳам метавон тиҷорати хурдро роҳандозӣ кард, агар дониш, ирода ва ҳадафи мушаххас мавҷуд бошад. Давлат низ барои дастгирии ҷавонон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намуда истодааст.
Ғайр аз ин, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ рӯз ба рӯз бештар мегардад. Онҳо дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои волонтёрӣ ва дигар чорабиниҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ин гуна фаъолиятҳо ба ташаккули шахсият ва баланд гардидани ҳисси масъулият мусоидат менамоянд.
Яке аз бузургтарин неъматҳое, ки мо имрӯз дорем, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва суботи миллӣ мебошад. Ин оромиву осоиштагӣ натиҷаи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Имкониятҳое, ки имрӯз барои ҷавонон ва дар маҷмуъ, барои мардуми Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, аз ҷумла, таҳсил дар муассисаҳои муосир, дастрасӣ ба маълумоти олӣ ва иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ далели ғамхориҳои роҳбарияти давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Шаҳри Душанбе низ дар ин самт намунаи равшан аст. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, аз ҷумла таъсиси стипендияи махсус барои донишҷӯён ва хонандагон нишон додааст, ки рушди неруи инсонӣ дар сиёсати шаҳрдорӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Стипендияи Раиси шаҳр рамзи дастгирӣ ва қадршиносии ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.
Ман низ чанде пеш барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардидам ва ин барои ман боиси ифтихору сарбаландии бузург аст. Ин дастгирӣ маро водор месозад, ки барои рушди илму дониш ва хизмат ба ҷомеа боз ҳам бештар талош варзам.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти давлат ҳамеша ба неруи ҷавонон такя намуда, баҳри рушди онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Миллат маҷмуи арзишҳо, суннатҳо, забон ва фарҳангест, ки аз насл ба насл мегузарад. Ҷавонон дар ин раванд ҳам ҳифзкунандаи мероси гузаштагон ва ҳам созандаи ояндаи миллат мебошанд.
Ҷавони тоҷик имрӯз бояд соҳибмаърифат, худшинос ва ватандӯст бошад. Ҷавоне, ки забони модарии худро гиромӣ медорад, таърихи миллаташро меомӯзад ва барои пешрафти Ватан саҳм мегузорад, воқеан неруи созандаи ҷомеа мебошад. Аммо неруи ҷавонӣ танҳо дар сурате арзиш пайдо мекунад, ки дар роҳи дуруст истифода шавад.
Истеъдод бе кӯшиш самар намедиҳад ва имкон бе амал арзиш надорад. Ҳар ҷавон бояд аз худ бипурсад: «Ман барои Ватани худ чӣ саҳм гузоштаам? Аз имкониятҳои мавҷуда чӣ гуна истифода мебарам?»
Бо истифода аз ин фурсат, самимона сипосмандии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати фароҳам овардани чунин имкониятҳои арзанда ба ҷавонон баён менамоям.
Хулласи калом, ҷавонони имрӯз дар баробари мушкилот, имкониятҳои зиёдеро низ дар ихтиёр доранд. Муҳим он аст, ки онҳо аз ин имкониятҳо дуруст истифода бурда, дониш ва малакаҳои худро такмил диҳанд ва ба оянда бо эътимод назар афкананд. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд на танҳо зиндагии худро беҳтар созанд, балки дар рушди ҷомеа ва давлати худ низ саҳми муносибу барозанда гузоранд.
Ҷавонон нерӯи созандаи давлату миллатанд ва ман ба ин неруи бузург тааллуқ доштанамро ифтихори зиндагии худ медонам.
Дилангез МИРЗОДАВЛАТОВА-
донишҷӯи курси 4-уми факултети
муносибатҳои иқтисоди байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng