Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсӣ терроризм ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии амнияти миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар дар асрҳои гузашта терроризм асосан ҳамчун амали иҷтимоии маҳдуд арзёбӣ мешуд, имрӯз бошад он хусусияти абзори сиёсӣ касб намудааст. Гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто баъзе нерӯҳои сиёсӣ терроризмро барои фишор ба ҳукуматҳо, тағйири низоми сиёсӣ, заиф гардонидани давлатҳо ва таъсир ба афкори ҷамъиятӣ истифода мебаранд.

Муҳимияти омӯзиши ин масъала дар он аст, ки терроризм на танҳо амнияти шаҳрвандонро таҳдид мекунад, балки суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалиро низ халалдор месозад.

Терроризм ҳамчун маҷмӯи амалҳои зӯроваронае фаҳмида мешавад, ки бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ анҷом дода мешаванд. Ба андешаи В. В. Лунеев терроризм шакли ифротии муборизаи сиёсӣ мебошад, ки бо роҳи тарсонидан ва бесубот сохтани ҷомеа амалӣ мегардад.

Дар адабиёти тоҷик низ терроризм ҳамчун таҳдиди мустаҳкам ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад. Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосии амали террористӣ таъсир расонидан ба қарорҳои сиёсӣ ва тағйири самти сиёсии давлатӣ мебошад.

Дар сиёсати муосир терроризм ба яке аз воситаи фишори ғайримустақим табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористӣ кӯшиш мекунанд тавассути тарс, нооромӣ ва ноустуворӣ ҳукуматҳоро маҷбур созанд, ки қарорҳои сиёсиро тағйир диҳанд.

Ба ақидаи А. А. Гусейнов, терроризм дар асри XXI хусусияти шабакавӣ гирифта, имкониятҳои таъсиргузории онро ба равандҳои сиёсӣ бештар намудааст. Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма ба террористон имкон медиҳанд, ки ғояҳои худро зуд паҳн намоянд, ҷонибдорони нав пайдо намуда ва онҳоро ба худ ҷалб кунанд.           

Дар минтақаҳои ноором терроризм метавонад ҳамчун василаи рақобати геополитикӣ истифода шавад. Ин ҳолат махсусан дар кишварҳои рӯ ба рушд ва минтақаҳои дорои низоъҳои дохилӣ бештар мушоҳида мегардад.

Омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии густариши терроризм дар сиёсати муосир заъфи идоракунии давлат, набудани адолати сиёсӣ, низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бекорӣ ва камбизоатӣ, паст будани сатҳи маърифати сиёсӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва бегонашавии иҷтимоӣ мебошад.

Таблиғи ифротгароӣ дар интернет, истифодаи воситаҳои ахбори омма ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ мебошанд.

Терроризм оқибатҳои зеринро аз қабили заиф гардидани амнияти миллӣ, паст шудани эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ, коҳиши ҷалби сармоягузорӣ, маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои шарвандонро ба бор меорад. Тавре ки С. В. Максимов ишора мекунад, мубориза бо терроризм бояд на танҳо қувваӣ, балки сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ бошад.

Дар асри XXI терроризм аз доираи мушкилоти дохилии давлатҳо берун баромада, ба унсури муҳими геополитика табдил ёфтааст. Баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ мустақим ё ғайримустақим аз гурӯҳҳои мусаллаҳ барои заиф гардонидани рақибони геополитикӣ истифода мебаранд. Ин раванд махсусан дар минтақаҳои дорои захираҳои табиӣ, роҳҳои стратегӣ ва нуфӯзи сиёсӣ мушоҳида мегардад.

Дар ҷойи дигар С. В. Максимов чунин қайд мекунад, ки терроризм дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун “воситаи ҷанги гибридӣ” истифода мешавад, ки имкони таъсиргузории кам, вале самарабахшро дорад. Терроризм ба давлат имкон намедиҳад, ки оромона сиёсати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд.        

Дар таҳқиқоти олимони рус зикр мешавад, ки дар Шарқи Наздик, Афғонистон ва баъзе минтақаҳои Африқо гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун василаи мубориза барои тақсимоти нуфӯзи сиёсӣ хизмат мекунанд.

Кишварҳои рӯ ба рушд аз таъсири терроризм бештар осебпазиранд, зеро низоми идоракунии давлатӣ суст аст, имкониятҳои молиявӣ маҳдуданд, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ паст мебошад, бекорӣ ва муҳоҷират зиёд аст.

Дар Тоҷикистон, масъалаи мубориза бо терроризм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Қонунгузорӣ ва стратегияҳои миллӣ, пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар бар мегирад.

Таҳлилгароёни тоҷик таъкид мекунанд, ки амнияти миллӣ танҳо бо чораҳои қудратӣ таъмин намешавад, балки рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон нақши калидӣ мебозанд.

Терроризм ҳамчун абзори сиёсӣ тавассути механизмҳои фишори равонӣ ва иттилоотӣ, бесуботии иқтисодӣ, радикализатсияи ҷомеа амалӣ мешавад. Амали террористӣ пеш аз ҳама таъсири равонӣ дорад. Воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаҳоро васеъ паҳн намуда, фазои тарсу нооромиро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолат ба ҳукумат фишор меорад ва қарорҳои сиёсиро тағйир медиҳад. 

Терроризм ба коҳиши сармоягузорӣ, афзоиши хароҷоти амниятӣ ва суст гардидани рушди иқтисодӣ оварда мерасонад. Давлат маҷбур мешавад захираҳои худро ба амният равона намояд. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз шиорҳои сиёсӣ ва динӣ ҷавононро ҷалб намуда, афкори ҷамъиятиро тағйир медиҳанд.

Яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мубориза бо терроризм маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Дар бисёр кишварҳо бо мақсади таъмини амният назорати иттилоотӣ зиёд мегардад, озодии гирдиҳамои маҳдуд мешаванд, ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ васеъ карда мешаванд.

А. А. Гусейнов чунин қайд мекунад, ки давлат бояд байни амният ва ҳуқуқи инсон мувозинатро нигоҳ дорад, вагарна худи сиёсати зиддитеррористӣ метавонад сабаби норозигии иҷтимоӣ гардад.

Пешгирии терроризм ҳамчун вазифаи стратегии давлат буда, дорои самтҳои муайяни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотӣ мебошад. Ин самтҳо хусусиятҳои ба худ хос доранд, ки метавонанд таҳкими институтҳои демократӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба ҳокимият, мубориза бо коррупсия, таъмин намудани ҷойҳои корӣ, рушди маориф ва фарҳанг, тарбияи ватандӯстӣ, муқовимат ба таблиғи ифротгароӣ дар интернет, рушди саводи расонавиро фароҳам оранд. Тавре ки Лунеев ишора мекунад, танҳо роҳи устувор барои маҳдуд намудани терроризм пешгирии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.    

Ҳамин тариқ, терроризм дар сиёсати муосир ҳамчун як абзори хатарноки таъсир ба равандҳои сиёсӣ истифода мешавад. Барои коҳиш додани ин таҳдид таҳкими сиёсати давлатӣ дар соҳаи амният, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди ҳамкории байналмилалӣ, пешгирии радикализатсия дар муҳити ҷавонон зарур аст.

 

Алишер АСОЕВ -

 номзади илмҳои сиёсӣ