ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТИ НАСЛИ ҶАВОН
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ ва интихоби роҳи мустақили рушди давлат мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон 35 соли Истиқлолият марҳилаи муҳими таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва ташаккули ҷомеаи созанда ба ҳисоб меравад. Имрӯз, вақте ба роҳи тайшуда назар меандозем, дарк менамоем, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият танҳо вазифаи давлат нест.
Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванди кишвар махсусан ҷавонон масъулияти худро дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа бояд бо дониш, ҷаҳонбинии васеъ, эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди кишвар саҳм гузоранд.
Барои ҷавоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад, мафҳуми Ватан бо масъулияти бештар пайванд мегирад. Хизмати ҳарбӣ инсонро ба интизом, ирода, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ водор месозад. Он ба ҷавонон меомӯзонад, ки ҳимояи Ватан шараф ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар солҳои Истиқлолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ташаккул ёфта, барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвар хизмат менамоянд. Саҳми ҷавононе, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ масъулияти худро дар назди Ватан иҷро мекунанд, муҳим мебошад. 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро водор месозад, ки аз дастовардҳои гузашта ифтихор кунем, барои ояндаи Ватан низ масъулияти бештар эҳсос намоем.
Насли ҷавон бояд идомадиҳандаи корҳои созанда бошад ва бо дониш, меҳнат ва фаъолияти шоиста дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад. Барои мо, ҷавонон, Ватан масъулият, шараф ва арзиши муқаддас аст. Садоқат ба он бошад, на танҳо бо сухан, балки бо амал собит мешавад.
Мустафо САТТОРЗОДА,
хатмкардаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng