Ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ амали босуръат ва дарбаргирандаи кадом як марҳилаи таърихӣ набуда, балки равандест, ки ба бисёр омилҳо такя менамояд ва муддати тулониро тақозо мекунад.

Омили асосии ташаккули ҳам шаҳрванд ва ҳам тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ, қабл аз ҳама, ба он алоқамандӣ дорад, ки ин ва ё он умумиятҳо дар қаламраве муттаҳид гардида, дар ин қаламрав давлати худро ба вуҷуд оварда бошанд. Барои он муаллиф умумиятҳо гуфта истодааст, ки мурури таърих воқеан чунин шудааст, ки дар тамоми манотиқи олам, миллатҳо ва давлатҳои онҳо на бар асоси ин ва ё он умумияте ба вуҷуд омада бошанду ташаккул ёфта бошанд, балки бар асоси муттаҳид гардидани намояндагони умумиятҳои гуногуни сукунаткунанда дар ин ва ё он қаламрав арзи вуҷуд кардаанд.

Ба вуҷуд омадани давлат ва ташаккулёбии ин ва ё он миллат ва аз тарафи онҳо аз сар гузаронидани зинаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, аз сар гузаронидани сохти зербинои иқтисодии сармоядорӣ ва дар заминаи мазкур арзи вуҷуд кардани шаҳрҳои калон-калони саноатӣ, ба маорифи ҳамагонӣ фаро гирифтани мардум, ташаккули муассисоти фарҳангӣ ва ба онҳо ҷалб гардидани бошандагон аз масоили муҳими ташаккулёбии шаҳрванд ва тафаккури шаҳрвандӣ иборат дониста мешавад.

Агар марҳилаи зиёда аз садсолаи сипаришударо таҳлил намоем, ба хулоса меоем, ки марҳилаи мазкур барои бошандагони имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне будааст, ки онҳо дар тули 67 соли он дар масъалаи ташаккули тафаккури шаҳрвандӣ дар чаҳорроҳаи номуайянӣ қарор дошта, танҳо ба мансубияти худ ба тоҷикон такя менамуданд, вале ҳамчун шаҳрванд ё шаҳрванди Узбекистон (аз соли 1924 то ба соли 1929) ба расмият даромада буданд ва ё ҳамчун шаҳрванди шуравӣ то ба соли 1991 ташаккул меёфтанд. Ин ҳолати ҳам мо - тоҷикон ва ҳам мардумони ҷумҳуриятҳои дигари шуравӣ ба он алоқамандӣ дошт, ки мо ҳоло давлати куллан мустақили худро надоштем. Тафаккури шаҳрвандие, ки дар он замон дар мо ташаккул меёфт, як навъ тафаккури номукаммал, норавшан ва ҳамеша дар калавиш буд. Сарфи назар аз он, ки аз ҷумла, дар давраи шуравӣ мо ҳама худро шаҳрванди давлат ва низоми мазкур медонистем, вале, азбаски, ҳамчун умумияти таърихӣ ба мардуми ориёӣ мансубият доштем, забону фарҳанги худро доштем, худро чандон роҳат ҳис намекардем. Дар тафаккурамон ҳамеша номуайяние амал менамуд.

Мо ин амали таърихро, ки сарнавишти моро муайян карда буд, ба эътибор гирифта будем, вале ҳаргиз қаноати маънавӣ надоштем, зеро ҳамаҷониба ва, махсусан, рўҳан мустақил набудем, дар дил орзуву омоли мустақил будан, дорои қаламрав, давлати миллӣ буданро мепарваридем. На танҳо мо - тоҷикон, балки тамоми мардумони ҷумҳуриятҳои дар зери парчами шуравӣ муттаҳидшуда низ ҳамин орзуву омолро доштанд. Омили мазкур буд, ки дар натиҷаи фаро расидани имконияти таърихӣ хамаи мардумони ҷумҳуриятҳои шуравӣ яке паси дигар истиқлолияти хешро эълон кардан гирифтанд ва, дар натиҷа, давлати абарқудрати шуравӣ аз ҳам пош хўрд ва мавҷудияти он дар як муддати на чандон калон ба таърих рафт.

Доир ба он ки давлати шуравӣ чӣ гуна давлат буд ва чӣ сифатҳо дошт, чизе намегўем, зеро ин масъалаи баҳси дигар аст. Танҳо дар як ҷумла ишора ба он менамоем, ки ба мисли ҳама гуна давлатдориҳои дигар, давлати шуравӣ низ шебу фарозҳо, ҷиҳатҳои мусбату манфии худро дошт, ки онҳо дар давлатдориҳо амри ногузир ба шумор мераванд.

Тоҷикистон истиқлолияти хешро 9-уми сентябри соли 1991 эълон ва ба расмият даровард. Аз он рўзи таърихӣ 35 сол сипарӣ шуда истодааст. Миллати тоҷик барои бо шаъну шукўҳи муносиб таҷлил кардани 35-солагии истиқлолияташ ҳама тадбирҳои созандаро андешид ва онҳоро дар амал татбиқ кард. Дар ВАО мавзуи мазкур густурда таҳлил, баррасӣ ва натиҷагириҳо шуда истодаанд. Бинобар ин, мо ба ин масъала низ даст намезанем, зеро мавзуи баррасии мо чизи дигар - ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Мубрамияти ин мавзуъ ба он алоқамандӣ дорад, ки агар ҳар як бошандаи кишвар дар худ тафаккури ҳақиқии шаҳрвандиро ташаккул надода бошад, пояҳои давлати мустақил мустаҳкам намешавад.

Ташаккули фарҳанги мазкур якчанд арзишҳоро дар бар мегирад, ки ба онҳо, сараввал, шинохти худ ва мансуб донистани худ ба миллат, шинохти миллати худ, ки ба ташаккули маърифати таърихиву фарҳангии миллат такя менамояд, дохил мешаваанд.

Дуввум, дар худ ташаккул додани муназзамиву муташаккилӣ ва бар ҳамин асос ташаккули масъулиятшиносӣ ва дар ҳама кору фаъолият бо ҳисси масъулият амал кардан, бартараф намудани ҳама гуна бетарафӣ дар тамоми масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии миллат.

Севум, худро ҳамчун соҳибкасби босалоҳият ташаккул додан ва истифодаи ҳамешагии салоҳият дар фаъолияти шахсӣ, ки бе он рушди бомароми ҷомеаро тасаввур кардан имконнопазир мебошад.

Чаҳорум, татбиқи ахлоқи ҳамида чӣ дар оила ва чӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, зеро фарҳанги ахлоқӣ дар ҳама давру замон аз рукни асосии хайрияти ҷомеа иборат буду ҳаст.

Панҷум, дар ташаккули тафакури ҳақиқии шаҳрвандӣ, ҳамчунин чигунагии муассисаи идораи ҷомеа ва режими сиёсии он низ нақши ҳалкунанда мебозанд. Ин ифодаро бо он далел исбот кардан мехоҳем, ки дар таърих бо ба вуҷуд омадани давлатҳо яку якбора шаҳрванд ба маънии муосираш ба вуҷуд наомадааст, зеро давлатҳо дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар иртибот ба тарзи истеҳсолот ва сохти ҷомеа дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла сатҳи бардаӣ, деҳқонии крепостноӣ, коргарии кироя ташаккул меёфтанд. Дар ин марҳилаҳо инсон ҳаргиз истиқлолият надошт ва озод ҳам набуду буда ҳам наметавонист.

Дар замони муосир дар натиҷаи муборизаҳои шадиди назарӣ, ки онҳо бар асоси таҳлили авзои таърихии арзивуҷудкарда ташаккул меёфтанд, дар ниҳояти амр тамоюли давлатсозии муосир низ ташаккул ёфт. Ин тамоюл давлатсозии ҳақиқатан демократӣ ва ҳақиқатан ҳуқуқбунёдро дар назар дорад.

Бояд зикр кард, ки ҳақиқатан демократӣ ва ҳақиқатан ҳуқуқбунёд будан ва дар амал бемайлон татбиқ кардани арзишҳои сиёсии мазкур ногузир истиқлолият ва озодии даркшудаи инсонро таъмин менамоянд, ки он заминаи бечунучарои ташаккулёбии тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ба шумор меравад, зеро истиқлолияти давлатӣ, таъсис ва бунёди давлатдории ҳақиқатан демократӣ ва ҳақиқатан ҳуқуқбунёд ба истиқлолият ва озодии ҳақиқии даркшудаи ҳар як шаҳрванд иртиботи ҷудонопазир дорад. Вақте дар ҷомеа чунин давлат ва чунин режими сиёсӣ ташаккул ва амал менамоянд, тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ низ ташаккул меёбад.

Бо эълон кардан ва ба расмият даровардани истиқлолият, ки он танҳо ибтидои кор ба шумор меравад, тамоми корҳои давлатсозӣ ва, махсусан, давлатсозии ҳақиқатан демокративу ҳақиқатан ҳуқуқбунёд дафъатан ба анҷом намерасад, балки акнун имкон ба вуҷуд меояд, то ин ки тадриҷан ҳама арзишҳои марбут ба тамоюли давлатсозии муосир татбиқ карда шаванд. Доир ба ин масъала қонуни асосии давлат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, арзишҳо ва тақозоҳои давлатсозии муосир ба он дохил карда шуданд, ки онҳо бояд зина ба зина дар амал татбиқ карда шаванд.

Шашум, дар раванди давлатсозии муосир бояд ҳама гуна муносибатҳои ѓайришаръӣ, аз ҷумла итоат накардан ба Конститутсия ва қонунҳо, таъмин кардани баробарии ҳамагон дар назди қонун, таъмини бемайлони арзишҳои конститутсионӣ, бартараф кардани ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ, ки ба шикасти пойдевори давлат оварда мерасонанд, таъмини фаъолияти тақозоии тамоми сохторҳои қудратӣ ва ѓайра аз омилҳои таъминкунандаи давлатсозии муосир ба шумор мераванд, ки дар чунин муҳит тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ташаккул наёфтанаш мумкин нест.

Ҳафтум, ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ба арзише оварда мерасонад, ки онро озодии инсон меноманд ва ин арзиш орзуи таърихии инсон ба шумор меравад. Вақте инсону шаҳрванд дар ин сатҳ ташаккул меёбад, вай дар ҳама гуна фаъолият бо масъулият ва бо дарки маънӣ рафтор мекунад.

Ҳаштум, яке аз мушкилаҳои муҳимтарини тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ба бошуурона иштирок кардани шаҳрванд дар умури идораи ҷомеа алоқамандӣ дорад. Инсони озод ва дар худ ташаккулдодаи тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ дар умури идораи ҷомеа ҳаргиз бетараф намемонад. Аз воситаҳои таъминкунандаи чунин амал низ бошуурона истифода мебарад. Ба ин воситаҳо, қабл аз ҳама, интихобот ва раъйпурсиҳо дохил мешаванд, ки шаҳрванди дар худ ташаккулдодаи тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ аз он оқилона ва бар асоси на манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ, балки манфиатҳои миллӣ истифода мебарад ва ѓайра.

Дар ташаккули ҳама арзишҳои мазкур нақши асосиро маорифи ҳамагонӣ мебозиду мебозад. Дар давоми 35 соли сипаришудаистода дар ин ҷода корҳои азим ба анҷом расонида шуданд. Дар тамоми манотиқи кишвар ҳамаи кўдакону ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди хеле зиёди макотиби олӣ таъсис ва фаъолият карда истодаанд. Дар ин хусус, муваффақияти кишвар хеле назаррас буда, ҳар он чӣ боқӣ мондааст, сифати таълиму тарбия ба шумор меравад. Ин мавзуъ ҳам аз масъалаи дигари баҳс иборат аст, ки ҳоло мо ба он низ даст намезанем. Аммо як чизро бояд хотирнишон кард, ки ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ ба ин масъала низ робитаи ногусастанӣ дорад, зеро ҳар он шаҳрванде, ки дар макотиби хоҳ ибтидоӣ (ин бисёр муҳим, зеро кўдак марҳилаи аввалини инкишофи зеҳнии худро дар макотиби ибтидоӣ сипарӣ менамояд), хоҳ мутавассита ва хоҳ олӣ фаъолият мекунад, муназзаму муташаккил, масъулиятшинос, босалоҳият набошад, кўдакону ҷавононро на дуруст таълим дода метавонад ва на дуруст тарбия карда метавонад.

Масъалаи мазкур аз мавзуъҳои мубрамтарини соҳаи маориф ба шумор меравад ва таваҷҷуҳи истисноӣ тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳам муассисаҳои идораи соҳа ва ҳам ҳар як нафаре, ки дар ин соҳа фаъолият мекунад, бояд, пеш аз ҳама, худро ҳамчун шаҳрванд шиносад ва дар ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандии муҳассилин саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар хулосаи ин навишта бояд изҳор кард, ки ташаккули тафаккури ҳақиқии шаҳрвандӣ тамоми масъалаҳои болозикрро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он миллати бафарҳангу ба маърифат ва таъминкунандаи пешрафти бомароми ҷомеа ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.

 

Ғуломҷон МИРЗОЕВ,

устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ