ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ОН
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омада, роҳи нави давлатдории миллиро боз намуд. Аммо ба даст овардани истиқлол танҳо оғози роҳи давлатсозӣ буд. Ҳифз, таҳким ва рушди он дар шароити мураккаби солҳои 90-уми асри гузашта вазифаи ниҳоят вазнин ва масъулиятнок гардид. Дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалкунанда ва сарнавиштсоз буд.
Дар замоне ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, миллат пароканда ва пояҳои давлатдорӣ зери хатар буданд, маҳз бо интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ раванди наҷоти давлат ва таҳкими истиқлол оғоз ёфт. Ӯ аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ду арзиши бунёдӣ - сулҳ ва ҳифзи истиқлолиятро меҳвари сиёсати худ қарор дод.
Бо хиради сиёсӣ, иродаи қавӣ ва ҷонфидоӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист раванди музокироти сулҳро оғоз намуда, ҷонибҳои даргирро ба мизи гуфтушунид оварад. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои барқарорсозии давлатдорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Пешвои миллат на танҳо дар таъмини сулҳу ваҳдат, балки дар бунёди пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатдории навини Тоҷикистон низ нақши муҳим бозиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, таъсиси Артиши миллӣ, таҳкими марзҳои давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, эҳёи рамзҳои давлатӣ ва таҳкими низоми ҳокимияти давлатӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Маҳз ба шарофати сиёсати дурбинона ва созандаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон аз хатари парокандагӣ раҳо ёфт, якпорчагии арзии худро нигоҳ дошт ва ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуд.
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият танҳо бо таъмини сулҳу субот ва бунёди ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд намешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлолияти иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ташаббусҳои созанда дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», рушди инфрасохтор, таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ ва дигар иқдомҳои муҳим ба таҳкими пояҳои истиқлолият равона гардидаанд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки истиқлолияти сиёсӣ танҳо дар сурати расидан ба истиқлолияти фикрӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ метавонад воқеан устувор ва пойдор бошад. Аз ин рӯ, тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият фаъолияти пурсамар ва ташаббускоронаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ, бахусус аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Аз солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва масъул дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ гардид.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор ташаббусҳои муҳим дар соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист пешниҳод ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла, соли 2003 соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид; солҳои 2005–2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» татбиқ шуд; соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид ва солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» роҳандозӣ гардид. Ин ташаббусҳо ба ташаккули «Раванди обии Душанбе» мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои марбут ба об ва рушди устувор муаррифӣ карданд.
Соли 2022 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, 21 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян кард. Ҳамчунин, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун иқдоми муҳим дар самти ҳифзи ин сарватҳои табиӣ арзёбӣ мегардад.
Ин ташаббусҳо на танҳо мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, балки нишон доданд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷик қодир аст дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми воқеӣ ва назаррас гузорад.
Дар суханрониҳои худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат пайваста ба зарурати таҳкими сулҳу субот, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувор таъкид менамоянд. Ӯ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ, адолат ва ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидӣ барои ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ даъват менамояд. Ин сиёсати фаъол ва созандаи байналмилалӣ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва баланд гардидани эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.
Дар тамоми солҳои истиқлол Пешвои миллат мардумро ба ваҳдат, худшиносӣ, меҳнати содиқона ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият даъват намудаанд. Ӯ пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванд бояд худро масъули тақдири Ватан донад ва дар роҳи ватансозӣ ҳамчун ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошад.
Маҳз ҳамин сиёсати созанда ва роҳнамоии хирадмандона барои он замина фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати сулҳмеҳвар, рушдёбанда ва дорои мавқеи устувор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Имрӯз, вақте ки мо ҷашни Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоем, бояд амиқ дарк кунем, ки ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ корҳои муҳим ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номус мебошад. Бо ваҳдати миллӣ, меҳнати содиқона, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мо метавонем истиқлолияти давлатии худро боз ҳам устувор гардонида, барои наслҳои оянда Тоҷикистони соҳибистиқлол, обод ва пешрафтаро ба мерос гузорем.
Гулрухсор БАРОТОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng