НИЗОМИ ПУЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат оғози марҳилаи нави давлатдорӣ мебошад. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имконияти мустақилона пеш бурдани сиёсати дохилӣ ва хориҷиро фароҳам овард, зарурати ташаккули низоми мустақили иқтисодӣ ва молиявиро низ ба миён гузошт.
Дар байни унсурҳои асосии иқтисодиёти миллӣ низоми пулӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро пул воситаи асосии муносибатҳои иқтисодӣ, пардохт, муомилот, пасандоз ва ҳисоббаробаркунӣ ба ҳисоб меравад. Давлате, ки сиёсати пулию қарзии мустақили худро амалӣ менамояд, барои таъмини устувории иқтисодӣ ва молиявии худ имкониятҳои бештар дорад.
Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Гузариш аз низоми ягонаи пулӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ барои кишвар раванди мураккаб буд. Мушкилоти молиявӣ, сатҳи баланди таваррум, коҳиши истеҳсолот ва монеаҳо дар низоми пардохтӣ ба вазъи иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ расониданд.
Дар чунин шароит зарурати ташаккули низоми пулии миллӣ ба миён омад. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи иқтисодии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таъсиси пули миллӣ мебошад.
30 октябри соли 2000 дар Тоҷикистон пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот ворид гардид. Номи пули миллӣ ба хотири эҳтиром ба яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон - Исмоили Сомонӣ интихоб карда шуд.
Ба муомилот ворид шудани сомонӣ барои таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар аҳамияти бузург дошт. Сомонӣ воситаи пардохт, рамзи соҳибихтиёрии иқтисодӣ, давлатдории миллӣ ва худшиносии миллӣ гардид.
Пули миллӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати пулию қарзии худро мустақилона амалӣ намояд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии кишвар нақши муҳим дорад. Яке аз вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории пули миллӣ ва мусоидат ба устувории нархҳо мебошад. Барои иҷрои ин вазифаҳо воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил, меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод ва дигар абзорҳои танзими пулӣ истифода мешаванд.
Дар даврони истиқлолият низоми пулии Тоҷикистон тадриҷан рушд карда, аз шакли нисбатан содаи муомилоти нақдӣ ба низоми муосири молиявию пардохтӣ табдил ёфт.
Бонкҳои тиҷоратӣ тавассути ҷалби пасандозҳо, пешниҳоди қарзҳо, анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ гардиши пулро дар иқтисодиёт таъмин менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими даврони истиқлолият рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият муносибатҳои пулӣ асосан тавассути пули нақд амалӣ мешуданд, имрӯз кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилии бонкӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ қисми муҳими низоми пардохтии кишвар гардидаанд.
Рақамикунонии низоми пардохтӣ барои баланд бардоштани суръат ва самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо, кам намудани хароҷоти муомилот ва баланд бардоштани шаффофияти амалиёти молиявӣ имконият фароҳам меорад.
Ҳамзамон, рушди низоми пулӣ бо рушди иқтисоди миллӣ робитаи мустақим дорад. Суботи пулӣ барои фаъолияти соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ аҳамияти калон дорад.
Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои муҳим барои ҳар як низоми пулии миллӣ идоракунии таваррум ва нигоҳ доштани қобилияти харидории пул мебошад. Агар сатҳи нархҳо босуръат афзоиш ёбад, қобилияти харидории даромади аҳолӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, таъмини устувории нархҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати макроиқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Сомонӣ имрӯз воситаи ҳисоббаробаркунӣ, яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Дар рӯи пулҳои миллӣ тасвирҳои шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва рамзҳои миллӣ ҷой дода шудаанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки пули миллӣ метавонад арзиши иқтисодӣ ва арзиши таърихию фарҳангӣ дошта бошад.
Агар Истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсии миллатро ифода кунад, пас пули миллӣ яке аз муҳимтарин ифодаҳои соҳибихтиёрии иқтисодии давлат мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва муносибати масъулиятнок ба пули миллӣ танҳо муносибат ба як воситаи пардохт нест. Он муносибат ба иқтисоди миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии кишвар мебошад.
Албатта, низоми пулии Тоҷикистон ҳанӯз ба такмил ва рушди минбаъда ниёз дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои молиявӣ ва тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, вазифаи минбаъда аз он иборат аст, ки низоми пулии кишвар ба талаботи иқтисодиёти муосир мутобиқ карда шуда, эътимод ба пули миллӣ ва низоми молиявӣ боз ҳам таҳким дода шавад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки ташаккули низоми мустақили пулӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолияти Тоҷикистон мебошад. Ба муомилот ворид шудани сомонӣ, рушди сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими низоми бонкӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири пардохтӣ барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи муҳим фароҳам оварданд.
Сомонӣ рамзи соҳибихтиёрии иқтисодӣ, нишонаи давлатдории миллӣ ва яке аз муқаддасоти истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.
Пас, ҳифзи устувории пули миллӣ, рушди низоми молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Бигзор, сомонӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон устувор бошад, низоми молиявии кишвар рушд кунад ва иқтисоди миллии мо боз ҳам қавитар гардад.
Исматулло ҶУМАЕВ,
эдвайзер дар самти тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng