ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МОЛИЯВИИ БОНКӢ
Барои Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ на танҳо оғози марҳалаи нави сиёсӣ, балки заминаи аслии бунёди тамоми ниҳодҳои иқтисодию молиявии миллӣ гардид. Агар истиқлолият ба миллат имкони мустақилона муайян намудани сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоии худро фароҳам оварда бошад, пас дар соҳаи иқтисод он барои ташаккули низоми мустақили молиявӣ ва бонкӣ асос гузошт. Дар воқеъ, ҳеҷ як давлати соҳибистиқлол бидуни низоми устувори пулӣ, молиявӣ ва бонкӣ наметавонад рушди иқтисодии худро таъмин намояд ва манфиатҳои миллиро ҳифз кунад.
Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ низоми бонкӣ яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои қобилияти давлат дар идоракунии иқтисод маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути низоми бонкӣ гардиши сармоя, маблағгузории истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини устувории молиявӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, таҳлили нақши Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди низоми бонкии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз дидгоҳи илмӣ ва публитсистӣ арзёбӣ карда шавад.
Қобили тазаккур аст, ки то соли 1991 низоми бонкии ҷумҳурӣ қисми ҷудонашавандаи сохтори мутамаркази молиявии Иттиҳоди Шуравӣ буд ва сиёсати пулӣ аз марказ идора карда мешуд. Бо ба даст овардани истиқлолият зарурати ташкили сохторҳои миллӣ, қабули қонунгузории мустақил ва муайян намудани сиёсати миллии пулию қарзӣ ба миён омад. Ин вазифа дар шароите амалӣ гардид, ки иқтисоди ҷумҳурӣ аз бӯҳрони амиқ ранҷ мебурд ва ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти аксари бахшҳои иқтисодӣ таъсири манфӣ расонида буд. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо, роҳбарияти давлат ташаккули низоми мустақили бонкиро ҳамчун яке аз афзалиятҳои стратегии давлатдорӣ муайян намуд. Ин иқдом аҳаммияти таърихӣ дошт, зеро бе таъсиси низоми бонкии миллӣ татбиқи сиёсати иқтисодии мустақил ғайриимкон буд.
Бояд таъкид намуд, ки маҳз таъсиси Бонки миллии Тоҷикистон дар роҳи истиқлолияти иқтисодӣ қадами сарнавиштсоз гардида, аз муҳимтарин дастовардҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ки он на танҳо мақоми танзимкунандаи бозори молиявӣ, балки кафили суботи пулӣ ва молиявии давлат гардид. Бо таъсиси ин ниҳод Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки сиёсати мустақили пулию қарзиро амалӣ намояд, гардиши пулро назорат кунад, низоми пардохтҳоро танзим намояд ва устувории асъори миллиро таъмин созад.
Дар илми иқтисод бонкҳои марказиро аксаран «мағзи иқтисоди миллӣ» меноманд. Агар ин ташбеҳро нисбат ба Тоҷикистон истифода барем, метавон гуфт, ки Бонки миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ нақши муҳаррики асосии ташаккули бозори молиявии кишварро иҷро намуд.
Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ таҳия гардида, низоми дусатҳаи бонкӣ ташаккул ёфт, ки он аз Бонки миллӣ ҳамчун мақоми марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун иштирокчиёни бозори молиявӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин, аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи иқтисодии кишвар ҷорӣ гардидани асъори миллӣ мебошад. Асъори миллӣ танҳо воситаи ҳисоббаробаркунӣ нест; он рамзи соҳибихтиёрии иқтисодӣ ва мустақилияти давлат маҳсуб меёбад. Зеро дар шароити мавҷудияти асъори миллӣ давлат имконият пайдо мекунад, ки сиёсати мустақили монетариро амалӣ намояд, сатҳи таваррумро идора кунад, гардиши пулро танзим намояд ва рушди иқтисодиро дастгирӣ созад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як давлат бидуни асъори миллӣ ва сиёсати мустақили пулӣ наметавонад амнияти иқтисодии худро пурра таъмин намояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҷорӣ гардидани пули миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Пӯшида нест, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ низоми пулии Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни рушдро паси сар намуд. Бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ ва буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, сиёсати пайгиронаи молиявӣ имконият фароҳам овард, ки устувории нисбии бозори асъор нигоҳ дошта шавад.
Азбаски гузариш аз иқтисоди фармондеҳии маъмурӣ ба иқтисоди бозорӣ бидуни низоми самараноки бонкӣ ғайриимкон аст, аз ин лиҳоз, табиист, ки маҳз бонкҳо ҳамчун миёнарав байни сармоя ва истеҳсолот амал намуда, захираҳои молиявиро ба самтҳои афзалиятноки иқтисод равона месозанд.
Табиист, ки дар Тоҷикистон низ низоми бонкӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисодӣ табдил ёфт. Тавассути қарздиҳӣ ба соҳибкорон, дастгирии фаъолияти истеҳсолӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна бонкҳо дар ташаккули иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Махсусан бояд ҳамин нуктаро қайд намоем, ки тайи солҳои охир маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика ва хизматрасонӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ васеъ гардидааст, ки албатта, ин раванд аҳамияти махсус дорад. Зеро Тоҷикистон айни замон марҳалаи саноатикунонии босуръатро аз сар мегузаронад ва татбиқи ин ҳадафи стратегӣ бидуни иштироки фаъоли низоми бонкӣ амалӣ гардида наметавонад.
Дар ҳамин замина, гуфтан мумкин аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо вазифаи хизматрасонии молиявиро иҷро намуд, балки ба воситаи муҳими ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат табдил ёфт.
Танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, назорати хавфҳои молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои пасандозгузорон ва таъмини устувории бозори молиявӣ аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки имрӯз аҳаммияти стратегӣ касб намудаанд. Таҷрибаи буҳронҳои ҷаҳонии молиявии солҳои охир нишон медиҳад, ки давлатҳое, ки дорои низоми мустаҳками бонкӣ мебошанд, ба таъсири омилҳои берунӣ камтар осебпазир мегарданд.
Бо мурури замон ва рушди технологияҳои рақамӣ феълан бонкҳо тадриҷан аз шаклҳои анъанавии хизматрасонӣ ба моделҳои рақамӣ мегузаранд. Ҷорӣ намудани интернет-бонкинг, мобайл-бонкинг, кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва системаҳои пардохти ғайринақдӣ сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявиро ба маротиб беҳтар намудааст. Ин раванд бо сиёсати давлатии рақамикунонии иқтисодиёт ҳамоҳанг буда, ба ташаккули иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста ба масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ ва густариши хизматрасониҳои электронии молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Коршиносон ҳам бар он назаранд, ки дар солҳои наздик рақамикунонӣ ба омили асосии рақобатпазирии низоми бонкӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар тӯли беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале муваффақонаи ташаккули низоми мустақили бонкиро тай намуд. Аз бунёди пояҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолияти бонкӣ то рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва ҳамгироӣ ба фазои молиявии ҷаҳонӣ, ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ, бармало аён аст, ки ҳоло низоми бонкии Тоҷикистон ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ табдил ёфта, дар таъмини суботи молиявӣ, рушди соҳибкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки ҳар қадами нав дар роҳи рушди низоми бонкӣ дар асл қадамест ба сӯи таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, тақвияти иқтидори миллӣ ва бунёди ояндаи устувори Тоҷикистон. Ва ҳар қадаре ки низоми бонкии кишвар муосиртар, рақобатпазиртар ва устувортар гардад, ҳамон андоза пояҳои давлатдории миллӣ низ таҳким хоҳанд ёфт. Зеро дар асри XXI истиқлолияти воқеии давлатҳо на танҳо дар марзҳои сиёсӣ, балки пеш аз ҳама дар тавоноии иқтисодӣ ва молиявии онҳо таҷассум меёбад.
Фаррухи МАҲМАДИСО,
муҳосиби калони бахши молу амволи
Раесати молия ва муҳосиботи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng