Забони модарӣ яке аз бузургтарин неъматҳои инсон ва сарвати бебаҳои ҳар як миллат ба шумор меравад. Забон ҳамзамон бо пайдоиши инсон ҳамчун воситаи асосии муошират ташаккул ёфта, омили муҳими ҳастии миллат, рамзи истиқлолият ва оинаи фарҳанги ҳар як халқу қавм мебошад. Бо ёрии забон одамон бо ҳамдигар муошират мекунанд, фикру андешаҳои худро баён месозанд ва таъриху фарҳанги худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Забони модарӣ барои ҳар як шахс муқаддас ва азиз аст. Инсон ҳанӯз аз айёми тифлӣ, аз лаҳзаҳои аввали зиндагӣ, бо забони модарӣ ошно мешавад. Ҳангоми дар гаҳвора будан ӯ бо навои форами аллаи модар, ки бо забони модарӣ суруда мешавад, оромиш меёбад ва худро озоду осуда ҳис мекунад. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос инсон аввалин суханҳоро аз забони модар меомӯзад ва ба олами пурғановати забон ворид мегардад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимӣ ва шевои дунё ба ҳисоб меравад. Ин забон дар тӯли таърих марҳилаҳои гуногуни рушду такомулро тай намуда, ҳамчун забони илму маърифат дар байни дигар забонҳо мавқеи хосса пайдо кардааст. Мо бояд забони худро дӯст дорем, онро дуруст омӯзем ва ҳангоми сухан гуфтану навиштан меъёрҳои забони адабӣ, қоидаҳои имло ва фарҳанги суханвариро риоя намоем. Зеро эҳтиром ба забон эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги худ мебошад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони таърихии миллати тоҷик дорои гузаштаи пурғановат ва мероси бузурги адабию илмӣ мебошад. Осори безаволи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти классикӣ шаҳодат медиҳанд, ки забони мо дар тӯли садсолаҳо ҳамчун забони илму адаб, фарҳанг ва маърифат нақши муҳим доштааст.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи навини миллати тоҷик 22 июли соли 1989 ба вуқӯъ пайваст, ки тибқи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Баъдан, бо дарназардошти аҳамияти бузурги забон дар ҳаёти ҷомеа ва бо пешниҳоди аҳли илму фарҳанг, тибқи Қонуни нави забон, ки соли 2009 қабул гардид, 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Аз соли 2009 инҷониб 5 октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар фурсати муносибест барои бознигарӣ ба таърихи забони миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси гузаштагон ва дарки масъулияти ҳифзу рушди забони тоҷикӣ.

Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мавқеи боз ҳам устувортар пайдо намуд. Имрӯз забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода шуда, ҳифз ва рушди он вазифаи муҳими давлат ва ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Мо, ҷавонон, бояд барои пок нигоҳ доштан, рушд додан ва ҳифз намудани забони модариамон саҳми арзандаи худро гузорем. Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба як андешаи муҳим водор месозад: забонро танҳо бо сухан дӯст доштан кофӣ нест, балки онро бояд дуруст истифода бурд, омӯхт, такмил дод ва барои рушди он саҳм гузошт.

Забони тоҷикӣ забони давлат, фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллии мо мебошад. Ҳифзи покии забон, риояи меъёрҳои он, рушди забони илмӣ ва адабӣ, истифодаи дурусту босифати забон дар воситаҳои ахбори омма ва фазои маҷозӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими имрӯза ба шумор мераванд.

Бигзор ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба забони давлатӣ эҳтиром гузорад ва онро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намояд. Зеро миллате, ки забони худро пос медорад, таърих ва фарҳанги худро низ ҳифз мекунад.

Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯем ва дар корҳои илмию эҷодӣ, фаъолияти касбӣ ва таҳсили минбаъдаатон комёбиҳо таманно дорем.

 

М. ҲУСАЙНОВ,

Ш. УМАРШОЕВА,

омӯзгорони кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ