ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - ТАКЯГОҲИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛ
Артиши миллӣ дар ҳама давру замон яке аз омилҳои асосии суботу амнияти давлат ва шарти зиндагии осоиштаи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули даврони истиқлол буда, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис ёфтаанд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали истиқлол, Артиши миллӣ тавонист марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, имрӯз ба неруи боэътимод ва ҳомии воқеии сулҳу оромии кишвар табдил ёбад.
Дар тули солҳои мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳ аз санҷишҳои сахт гузашта, устувории худро собит намуданд. Имрӯз онҳо ҳамчун сипари боэътимоди давлат, муҳофизи марзу буми Ватан ва кафили амнияти шаҳрвандон фаъолият мекунанд. Пешрафти қобили мулоҳизаи Артиши миллӣ, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва беҳтар гардидани шароити хизмати ҳарбӣ натиҷаи сиёсати оқилона ва дастгирии доимии роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим аст. Айни ҳол Тоҷикистон дорои артише мебошад, ки аз сарбозону афсарони содиқ, ватандӯст ва ҷоннисори Ватан иборат аст. Хизматчиёни ҳарбӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватанро иҷро менамоянд. Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи Истиқлоли давлатӣ, ифодагари ғояи ватандорӣ ва пойдевори амнияти миллӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳифзи Ватан на танҳо иҷрои вазифаи ҳарбӣ, балки арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва мероси ниёгон мебошад. Артиши миллӣ дар ин самт ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва неруи муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҷасорату фидокории сарбозону афсарон барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор аст.
Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки таҳдиду хатарҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд, Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош бошанд. Аз хизматчиёни ҳарбӣ сатҳи баланди донишу маҳорати касбӣ, интизоми устувор, зиракии сиёсӣ ва ҳисси амиқи ватандӯстӣ талаб карда мешавад.
Бо вуҷуди он ки Артиши миллӣ дар шароити душвори иқтисодиву сиёсӣ таъсис ёфта буд, имрӯз он бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин буда, дорои кадрҳои баландихтисос мебошад. Хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро ҷасорату мардонагӣ нишон дода, рисолати таърихии худро содиқона иҷро менамоянд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ҳомии миллату давлат, сипари боэътимоди истиқлол ва кафили сулҳу суботи ҷомеа хизмат мекунанд. Бигзор, сулҳу оромӣ дар сарзамини азизамон ҳамеша пойдор бошад ва Артиши миллӣ боз ҳам неруманду қавӣ гардад.
Бойниёз НИЁЗОВ,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng