ҶАВҲАРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ
«Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад»
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Тоҷикистон дар тули таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони муосир бо дарёфти мақому манзалат ифтихорангез ноил гардид.
Таърихи ташаккули ин падида исботи он аст, ки нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Худшиносӣ, ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз масъалаҳои умда дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ мамлакати ҷавонон аст.
Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст.
Ифтихори ватандӯстӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, худшиносии миллӣ ва яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти ҷомеаи мутамаддин ва таълиму тарбияи насли наврас маҳсуб меёбад. Тавассути худогоҳӣ, худшиносӣ, насли наврас ва ҷавонон қобилият ва истеъдоди худро барои расидан ба ҳадафҳои ояндаи худ ва ҷамъият равона менамоянд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу бономусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.”
Ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ - принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиашон меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои Ватан-модар аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Дар тамоми давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният худшиносӣ, худогоҳӣ ва Ватандӯстӣ ба шумор меравад. Боиси қайд аст, ки яке аз мавзуъҳои мубрами раванди таълиму тарбия мавзуи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин масъалаи зикргардида, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ назорати ҷиддӣ мебарад.
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносист. Ба гуфтаи равшанфикрони фалсафаи иҷтимоӣ «Худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист».
Ҷамъият, ҷомеа ба хештаншиносии шахс асос ёфтааст. Худшиносии шахс ба чи дараҷа амиқ рафта бошад, савияи хештаншиносии ҷамъият ба ҳамон дараҷа баланд хоҳад буд.
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани Сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаи пурмуқтавою рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тули таърих бо талошу муборизаҳои ҷавонмардони шуҷои миллат, сарлашкарон ва садҳо зиёиёну сиёсатмодарони шарафманди дигар табъам буд.
Раванди худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат аст, ки дар ин раванд бо ҳам сахт бофтаанд. Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахсият, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худӣ аз ин оғоз мешавад, мавзуи бунёдии фалсафа аст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеияти худ, худии худ ва дунёро ҳамчун ғайри худ ёд мегирад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон «ба бозии ҳақиқатҷӯйӣ ва адолатҷӯйӣ» дохил мешавад. Унсури дуюм озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя рушд меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағйирёбӣ ва тарбия қарор меёбанд. Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ қарор дорад ва вобаста ба тағйирёбии таҷриба ва донишҳои шахс аз як зина ба зинаи дигар мегузарад. Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат бо дигарон аст. Хусусияти дигари ин раванд бо воқеияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавонии дидану гуфтани ҳақиқат аст. Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик «озодмард», «зиндадил», «марди тамом» бошанд.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми масъалаҳои ҳалталаби ҷомеъаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, барои рушди иқтисодиёт, шукуфоии илму фарҳанг, таъмини суботу амният, таҳкими қонуният ва истиқлоли давлатӣ кӯшиш менамоем.
Акрам Мирзоев -
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng