БОВАРӢ БА ҶАВОНОН - БОВАРӢ БА ФАРДОИ ДУРАХШОН
Неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.
Пешвои миллат ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, пайи он талош менамоянд, то насли ҷавон дар рӯҳияи солиму созанда ба камол расида, дар оянда ҳамчун вориси арзандаи ин марзу бум қодир бошанд, ки бар нуфузу эътибори Тоҷикистон биафзоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф ҷавонони имрӯзаи мо бояд аз тамоми илмҳои муосири ҷаҳонӣ огоҳӣ дошта бошанд.
Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксари кишварҳои олам, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун неруи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.
Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд) ба шумор меравад ва бинобар он, ҷавонон неруи бузурги рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани неруи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату Ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмуи бузург аз миқдор ба сифат гузарад.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда, ваҳдати миллӣ миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки баъди 6 моҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон - Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13-уми марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Зикри ин нукта бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Имрӯзҳо инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳо ҷиддан таҳдид менамояд, вусъат ёфтаанд. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшиши тадбирҳои худро барои ҳаллу фасли муаммоҳои мавсуф равона кардааст.
Ҷавонон, ки аз табақаҳои асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “Ҷавонон - қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”.
Дар посух ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат мо - насли ҷавони созандаи ватанро зарур аст, ки дар самти азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, рушди сатҳу сифати ҷаҳонбинӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ саъю талоши бештар варзида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиноси миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ шакл додани шахсияти худ таваҷҷуҳи хосса диҳем.
Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,
донишҷӯи соли дуюми факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ
Тоҷ
Рус
Eng