Пайғом аз Паём: ИЛМ БОЯД БО ИСТЕҲСОЛОТ ПАЙВАНД БОШАД!
Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад. Ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Таваҷҷуҳ ба сатҳи таълиму тарбия дар раванди бунёд ва сохтори давлатдории навини тоҷикон, таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, нақши калидӣ дошта, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва ояндаи кишвар аз вазъи мактабу маориф вобаста аст.
Мусалламан, ҳар давлату миллат ояндаи дурахшони худро дар заминаи тарбияи насли соҳибмаърифат мебинад. Таърих низ собит менамояд, ки насли наврас ва ҷавон чӣ тавре тарбия гиранд, фардои миллату давлат ва ҷамъияти он низ ҳамон тавр шакл мегирад. Ба қуллаҳои баландтарини тамаддун расидани ҳар миллат аз сатҳи фарҳанг, худшиносӣ, дараҷаи азхудкунии дониш, касбу ҳунар ва раванди ташаккули насли ҳамон ҷамъият сахт вобастагӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар раванди бунёд ва ташаккули давлатдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳадафи стратегиашро ба самти инкишофи соҳаи мактабу маориф нигаронидааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд: “Барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Маҳз ҳамин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат масъулон ва омӯзгорони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон тадбирҳои судманд дурбинонаро роҳандозӣ намоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар бунёди давлати мутараққӣ ва пешрафта ҳамчун маҳаки асосӣ ва омили наҷоти миллату таҳкими давлат арзёбӣ карда, борҳо изҳор доштаанд, ки насли наврас ва ҷавонон давомдиҳандаи кори насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар ҳамовозӣ ба ин гуфтаҳо ва бо назардошти муҳиммияти инкишофи соҳаи маориф, ҳамзамон, фаро гирифтани насли имрӯза бо донишҳои умумибашарӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиру чораҳои судманд андешида шуда, фаъолияти соҳаи маорифи кишвар давра ба давра рушд меёбад. Ҳамзамон, он зина ба зина ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад.
Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд.
Имрӯз барои илму дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонони саодатманди кишвари азизамон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Бо назардошти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии хеш таъкид менамоянд, ки насли наврасу ҷавони мо бояд бофарҳангу дониш ва дорои касбу ҳунарҳои замонавӣ ва хулқу атвори писандида ба воя расад. Ин таъкидҳо бо ифодаи он маъниест, ки ҳар шахси бомаърифату бофарҳанг, ки дорои одоби шоиста аст, илму дониш, технологияи пешқадам ва касбҳои замонавиро низ бояд аз худ намояд. Дар ин ҳолат, шахс дар зиндагӣ ҳатман муваффақ мешавад. Мантиқан, ҳар ҷомеа, ки афроди он бофарҳангу соҳибмаърифат ва соҳибкасб аст, бешак, он ҷомеаи солим аст.
Ҳоло назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.
Пӯшида нест, ки ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи он таъсири зиёд дорад. Дар ҳама давру замон илм бояд барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор гирад.
Бо назардошти ҳамин нуктаҳои муҳим солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуну муҳтавои таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои олии таълимӣ низ вобаста ба бозори меҳнат равияи таҳсилоти худро моҳиятан ба талаботи замон мутобиқ сохтанд. Ҳамакнун, таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар бо кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба зиммаи муассисаҳои равияи ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ вогузор шудааст, ки метавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ таъсиргузор бошанд.
Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, илму маориф, технологияву инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ин нуктаи муҳимро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии ахири хеш бо аҳли илму маорифи кишвар махсус зикр намуда, ҳамзамон, таъкид сохтанд, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “... барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Дар ин замина бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот қарор гиранд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng