ТОҶИКИСТОН - ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБУ ИҚЛИМ
Об манбаи ҳастии кулли мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату эебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, мо - инсонҳо вазифадорем, ки ин маъдани ноёбро чун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.
Мусалламан Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои мусаффои ҷонбахшо дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо бо ифтихор изҳор дошта буданд, ки: «Тоҷикистон алҳақ як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Чуноне мушоҳида мешавад, вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар сайёра талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд.
Омори созмонҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва ҳамасола зиёда аз 5 млн,. нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ бемор гардида, қисми зиёди онҳо ба ҳалокат мерасанд, ки ин рақам бештар хоси қитъаи Африқо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва қитъаҳо гаштааст. Олимон пешгӯӣ кардаанд, ки агар ин раванд идома ёбад, баъди 100-150 сол 90 %-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.
Бо дарки моҳияти масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1999 дар ҷаласаи 54-ми СММ пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об - барои ҳаёт» эълон карда шуд. Чунин ташаббусҳои инсонпарварона ва табиатдӯстонаи Сарвари давлати мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамовозии гарм пайдо намуд ва ин ибтикороти ҷониби Тоҷикистон дар солҳои минбаъда ба таври густурдатар идома ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои калонтарини минтақа воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Россия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд. мм3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад.
Зимнан, конфронси СММ оид ба об, ки соли 1992 дар Аргентина барпо гардида буд, мафҳуми ниёзҳои аввалиндараҷаро ба об баҳри таъмини ҳуқуқи инсон қабул намуд, ки он соли 1997 дар саммит оид ба замин дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия такрор гардид. Дар ин радиф, аз 20 то 22 августи соли 2013 дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд. Дар кори он зиёда аз 900 нафар ширкат намуданд, ки онҳо аз 70 мамлакати узви СММ ва 20 созмони бонуфузи байналмилалӣ намояндагӣ мекарданд. Ҳадафи асосии конфаронси мазкур беҳтар намудани ҳамкорӣ дар истифодаи захираҳои об, махсусан дар ҷодаи обҳои сарҳадгузар, бехатарии экологӣ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон ва ҳавасманд намудани роҳбарони идораю муассисаҳо ва сарварони давлатҳо бобати дар амал татбиқ намудани нақшаи мазкур ҳисобида мешуд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҳамоиш изҳор дошта буданд, ки Тоҷикистон ният дорад дар якҷоягӣ бо давлатҳои ба масъалаи мазкур манфиатдор дар Душанбе маркази махсус оид ба дипломатияи обро таъсис диҳад. Сарвари давлати тоҷикон аҳли ҷаҳонро барои ҳамкорӣ ба ин кори нек даъват карданд. Иштирокчиёни конфаронс пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси идомаи ташаббуси 10-солаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷонибдорӣ карданд. Рӯзи 28-уми ноябри соли 2016 дар пойтахти Маҷористон - шаҳри Будапешт Саммити об ба кори худ оғоз намуд, ки дар он зиёда аз 900 нафар намояндагони воломақом аз 100 кишвари олам, 50 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об таъкид намуданд, ки ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, ҳамзамон, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Чунин як иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим, иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намоем.
Фаррухзод АХМЕДОВ -
н.и.т., ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng