БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИИ РАВАНДҲОИ НОМАТЛУБ
Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмингаштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дар мавриди бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони кишвар хеле бамаврид қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бо нангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқмебошанд”.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошанд. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқият, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал миллати соҳибсавод, соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибмарзу соҳибватан буд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҷодаи ватандорӣ бо ватандӯстию хештаншиносӣ фарҳанги хоса ва эътирофшудаи худро дорад. Ватандорию ватансозӣ, ватандӯстию ба қадри соҳибватанӣ расидан фазилати нек ва фарҳанги ибратомӯзи халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Дар радифи сифатҳои олии ахлоқии шахсият тарбияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббати хоса доштан нисбат ба зодгоҳи худ, дӯст доштани муқаддасоти миллии халқи худ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатӣ, эҳтироми ному пайкори фарзонафарзандони сарзамини аҷдодӣ, ки барои эҳё ва пойдории Ватан қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд, дар мадди аввал қарор дорад.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд”.
Фарзанди тоҷикро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва муҳофизати Ватан тарбия менамоянд. Агар ба таърихи ибратбахши халқи қадимаи тоҷик назар афканем, он саропо таълим, тарбия ва фарҳанги пурғановат аст. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтироми забону арзишҳои миллӣ эътибори махсус медоданд. Тавре академик Лутфуллоев М. қайд менамояд, “дар бобати муносибат ба замин, ватану ватандорӣ, мустақиливу пойдории оила, ба қадри инсон расидан, фарҳангу маданият, сулҳу оштӣ, касбу ҳунар, афрӯхтани тухми дониш халқи мо мисл надорад”.
Дар фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ба тарбияи муҳаббат нисбати Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст. Ин эҳсос сараввал дар оила, баъдан дар ҷомеа ташаккул меёбад. Таассуроти аз табиати ватан дар синни кӯдакӣ гирифта, бозиҳо, муошират бо забони модарӣ, сурудҳои халқӣ, мусиқӣ, ҳикмати халқӣ, осори ҳунармандони мардумӣ, ривоятҳо дар бораи қаҳрамонии таърихи халқи тоҷик дар мубориза бо душманон - ҳамаи ин воситаҳое мебошанд, ки инсонро ба зодгоҳи худ, ки онро Ватан меноманд, пайванд менамоянд. Ҳанӯз педагоги машҳур Сухомлинский В.А. қайд карда буд, ки “Эътиқоди ватандӯстӣ, шӯру изтиробҳои ватандӯстии дили ҷавон, ин аст ҳадафи олии тарбия”.
Насли имрӯзи тоҷик ифтихор аз он мекунад, ки Ватани азизаш фарзонафарзандони худ, мисли Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигаронро дар оғӯши гармаш ба камол расонидааст. Онҳо ин Ватани азизро ба воситаи қаҳрамонии ҷавонмардонаю нангпарварона ба оламиён муаррифӣ карда, бо далерию мардонагии худ марзу буми онро аз ҳуҷуми аҷнабиён дифоъ намуда, барои имрӯзиён боқӣ гузоштаанд. Боиси ифтихор ва шараф аст, ки номи нек, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, башардӯстии онҳо дар тарбияи ҷавонон, дар шароити имрӯзаи кишвари мо мавқеи ниҳоят калон мебозанд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш “Тоҷикон” навиштааст: “Спитаман ба коре муваффақ шуд, ки касе аз уҳдаи он баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд”.
Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии худ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” овардааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар он як каф хок ва як порча коғазе, ки чунин навиштаҷот дошт, пайдо намуданд:
Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Мафҳуми ватанпарастӣ, ҳисси муҳаббат ба Ватан, садоқат ва омодагӣ барои хидмат ба Ватан, аз ҳар гуна таҷовузҳои беруна муҳофизат кардани онро ифода мекард. Педагоги шинохта К.Д. Ушинский чунин навишта буд, ки “муҳаббат ба Ватан хислати хоси одамонест, ки Ватанро натанҳо ҳангоми таҳдид кардан, балки бо хизмати софдилона дар ҳаёти осоишта дӯст медоранд”.
Асоси маданияту анъанаҳои халқи тоҷикро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки ҳамчун воситаи ҳифз, такомул ва тақвияти маънавият баромад менамоянд. Тавассути онҳо аз насли калонсол ба насли ҷавон меъёрҳои рафтори инсон, неруи зеҳнӣ ва эҷодӣ, талаботҳо нисбати шахсият интиқол меёбанд. Дар таҷрибаи тарбиявии насли калонсол анъанае вобаста ба эҳтироми ниёгон ва иззату арҷгузорӣ ба қавму авлоди худ бо донистани таърихи ниёгон, решаҳои авлодии худ, инчунин, ривоятҳо ва анъанаҳои марбут ба аъмоли неки гузаштагони худ мушоҳида мешавад. Муҳаббат ба ниёгони худ барои шинохтани ҷаҳон, такомули шахсӣ, саҳми муайян доштан дар баланд бардоштани мақоми авлод тавассути тарбияи маънавӣ, таҳсил, такмили шахсият кумак мерасонад. Чунин дилбастагӣ ба ниёгон, ба хонаи падар, ба оила дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати авлод, сокинони ҷомеа ва дигар миллатҳо мусоидат мекунад.
Агар рӯ ба адабиёти классикиамон оварем, шоире нест, ки васфи меҳру муҳаббати Ватан накарда бошад, ҳарчанд мувофиқи шарҳи ҳоли аксари шоирон онҳо дур аз Ватану ёру диёр умр ба сар бурдаанд ва ҳатто дар фироқи Ватан ҷон додаанд. Шоири ширинкаломи форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ мегӯяд:
Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.
Ибораи “ҳубби ватан” маънои муҳаббати Ватан, меҳри Ватанро дорад ва он ки ба Ватан меҳру муҳаббат дорад, ӯро ҳуббулватан мегӯянд”.
Ин аст, ки дар анъанаҳо ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик васфи Ватан ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Тарбияи шахси ватандӯсту меҳанпараст дар эҷодиёти даҳонакии халқ баръало намудор мегардад. Шахс дар ғарибию дурӣ аз Ватан лаззату ширинии Ватанро зиёдтар эҳсос мекунад. Масалан, дар рубоии зерин бо истифода аз санъати талмеҳ Ватан чунин васф шудааст:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ, ба Канъон хуштар.
Ё ин ки:
Бечора касе, ки аз ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.
Чархи фалако гардаду ояд ба ватан,
Гар мурдаи садсола бувад, зинда шавад
Ин рубоиҳо ҳазорон ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро дар мубориза бар зидди истилогарон рӯҳбаланд кардаанд.
Мо омӯзгорон бояд кӯшиш кунем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоем.
Аҳкомуддин СУДИҚОВ,
омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
Тоҷ
Рус
Eng