«…терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

 Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз яке аз мушкилоти пурхатаре, ки ҷомеаи башариро ба ташвиш гузоштааст, ин зуҳури балобарангези гурӯҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Ин омилҳои хатарзо, ки ҳамарӯза ҳаёти инсониятро чун заҳрпечак печонида гирифтаанд, зери таъсири хоҷагону саркардагонашон талош доранд, ки нақшаҳои ифротгаронаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда, ба ин васила инсонҳои зудбоварро ба худ тобеъ сохта, гурӯҳҳои муташаккилонаи худро афзун созанд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин тафсир мешавад: «Содир намудани амалҳоест, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳлилгарон, терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус терроризми диние, ки ба дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин балои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахайюли бофтаву сохтаи онҳо мебошад, ки гӯё хизмат ба дин менамоянд, вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии худ амалан дигар чизе нест.

Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳо пайи маҳву нобудсозии гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади тамоман аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд. Яке аз василаҳои аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо сомонаи интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудаанд. Қисми дигари чунин сахифаҳои таблиғотии ифротгароёна зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо хатари аз байн рафтани ифротгароиву даҳшатафканӣ мушкили ҳалношуда боқӣ мемонад ва муборизаи густурдатареро тақозо мекунад.

Агар ба умқи масъала нигарем, терроризм зуҳуроти гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандинасра ва хусусияти равиявии даҳшатангез мебошад, ки нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон, доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан, таҳдид эҷод менамояд.

Алҳол дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм, маънои истифода аз василаи образҳои номуносибу мамнуъ баҳри ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад.

Терроризм бошад, дар навбати худ ифротгароиест, ки ба марҳилаҳои ниҳоии худ расидааст. Дар маҷмуъ, ҳарду низ боиси аз байн рафтани суботу оромӣ ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мегарданд.

Аслан калимаи «экстремизм» бо як сухан «моҷаро»-ро ифода кардааст ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯй низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстремизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гурӯҳҳои маълум мехоҳанд бо истифода аз ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Аз ин лиҳоз, имрӯз таъбири «экстремизми динӣ» зуд-зуд вирди забони сиёсатмадорони олам мешаванд.

Ба ин васила, дар ҷаҳони муосир дар заминаи экстремизм боз як зуҳуроти нохуше доман паҳн кардааст, ки дар замони байналмилалӣ терроризм ном гирифтааст.

Алъон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад.

Бинобар ин, мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Гулчеҳра САФАРОВА

- сармутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДДМИТ