Табиат дар ҳоли дигаргуншавӣ қарор дошта, ба инсоният хоҳ нохоҳ дар шаклҳои гуногун таъсири мусбату манфии хешро мерасонад. Ҳаводиси мухталиф, кандашавии хок, обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳолатҳо аз инсоният бетараф набудан ва саҳмгузорӣ дар ободии як гӯшаю канори кишварро талаб менамояд.

Инсон дар ҳама вазъ ва дар ҳама замону макон ниёз дорад ба табиат ва муъҷизаҳои он. Бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, чун ҳастии ҳар як ҷисми зинда рабт дорад ба об, хок ва боду ҳаво. қарзи ҳар як инсони асил аст Бешак, ободии ҳар кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба инсон вобастагӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи одилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун марди хирадманду дурандеш талош бар он менамоянд, ки Тоҷикистонро ба кишвари сарсабз табдил диҳанд. Дар ин асос, корҳои ободонӣ ва дарахтшинонӣ вусъати тоза пайдо намуда, ба маъракаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Тавре медонем, қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи табиат яке аз асоситарин василаи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 қайд гардид, ки: “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд”, ки идомаи мантиқии иқдомоту ташаббусҳои наҷибу манфиатбахши Пешвои миллат мебошад.

Лозим ба қайд аст, ки пирях тӯдаи яхҳои табиии рӯйи замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини Тоҷикистон аст.

Масоҳати умумии пиряхҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 17 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Шумораи умумии пиряхҳо дар кишвар ба 14509 адад баробар буда, масоҳати ишғолнамудаи онҳо ба 11146 км2 ташкил медиҳад, ки 8 фоизи худуди кишварро дар бар мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об тағйирёбии иқлим барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 ташаббуси моро вобаста ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим қабул намуд.

Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ, рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Тавре Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Дар робита ба масъалаҳои илму маориф мехоҳам иброз намоям, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад.

Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Воқеан, пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад умр ба сар барад. Аз ин рӯ, мо бояд баҳри ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат тадбирҳои судманду зарурӣ андешем.

 

Асомуддин ҚАЛАНДАРОВ,

мушовири ректори ДДМИТ,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент