Экстремизм, ё худ ифротгароӣ аз зуҳуроти хатарноктарин барои амнияти на танҳо як кишвари алоҳида, балки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба вайрон намудани меъёрҳои эътирофшудаи ахлоқию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва арзишҳои инсонии тамоми ҷомеаи башар таҳдид менамояд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва авзои ноороми сиёсии сайёра ҳар як кишвари рӯ ба тараққиро зарур аст, баҳри ҳифзи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва гузашта аз ин, баҳри таъмини амнияту устуворӣ ва ба ин васила, ҳифзи сохтори конститутсонии давлат ва шаҳрвандонаш тамоми ҳастии худро равона намояд, Зеро сулҳ, субот ва амнияти сартосарӣ муҳимтарин арзишҳоеанд, ки ташаккул ва пешрафти ҳеҷ як давлати мутамаддинро бидуни ин арзишҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар замони муосир паҳншудатарини ин гуна хатарҳои глобалӣ ин экстримизми динӣ мебошад. Экстремизми динӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус, Осиёи Марказӣ ба сифати василаи ноустуворсозандаи ҷомеа зуҳур кард, ки мисоли рӯшани онро метавон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайдо намуд. Новобаста аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти афроде, ки аз ин ниҳоди ба ҷомеа хатарбор пайгирӣ ва пуштибонӣ менамуданд, дар Тоҷикистон қатъ нагардида, эшон тавонистанд фаъолияти худро бо обу ранги дигар расмӣ намоянд. Расман муддате ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар фазои Тоҷикистон эътироф гардидан ва фаъолият намудани Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) далели андешаҳои болост. Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ин гурӯҳи балобарангез ва нооромсозандаи ҷомеа аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун як созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар Тоҷикистон қатъ гардидааст.

Экстримистони мазҳабӣ фаъолияти худро дар ҷомеа дар такя ба боварӣ ва эътиқоди мардум ба дин роҳандозӣ намуда, ба ин васила, кӯшиши амалӣ намудани фаъолияти ҳадафмандонаи худро доранд.

Яке аз ҳадаф ва мақсадҳои аслии экстремистон ин аз ҷониби атрофиён ҳамчун дини пешбар ва нисбат ба кулли динҳои дигар бартаридошта эътироф гардидани дину мазҳаби эшон буда, онҳо ба хотири ба дин ва мазҳаби хеш ҷалб намудани намояндагони дину мазҳабҳои дигар кӯшишҳои зиёде менамояд. Дар ин муносибат экстремистон афроди аз дини эшон пайгирӣ ва ё пайравӣ накардаро душмани дин меҳисобанд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳанӯз соли 1999 тарҳрезӣ ва қабул гардидани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” дар соли 2003 далели андешаҳои боло буда, татбиқи қонунҳои мазкур барои Тоҷикистони ҷавон ва тозаистиқлол заминаҳои ҳуқуқии мусоидро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Соли 2016 бошад, бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва соли 2021 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Стратегияҳои мазкур паҳлуҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризмро танзим намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, аз қадамҳои устувори кишвари мо дар самти пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Дар маҷмуъ, пешгирии экстремизм тақозо менамояд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа - давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳамкории мутақобил дар роҳи ҳифзи сулҳ, субот ва арзишҳои умумибашарӣ фаъолона саҳм гузоранд.

 

А. ФЕЗАЛИЕВ,

омӯзгори кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика