ХАТАРҲОИ ЗАМОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БО ОН
Мо, ҷавонон имрӯз дар фазои сулҳу субот ва оромии комил зиндагӣ мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Ватани азиз ҳастем. Ин неъмати бузург ба мо имкон медиҳад, ки озодона таҳсил намоем, рушд кунем ва барои ояндаи дурахшон талош варзем. Ҳифзи ин арзишҳо вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон мебошад.
Вале яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ин терроризм ва экстремизм аст. Ин амалҳои хатарнок ба амният ва суботи ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда, метавонанд ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳими ҳар як шахси огоҳ, махсусан ҷавонон мебошад.
Терроризм бештар бо истифода аз зӯроварӣ, тарсонидани аҳолӣ ва ноором сохтани ҷомеа амал мекунад. Экстремизм бошад, тавассути паҳн намудани ақидаҳои тундрав ва ғояҳои нодуруст ба шуури инсонҳо таъсир мерасонад. Ин зуҳурот метавонанд инсонро аз роҳи дуруст дур сохта, ба амалҳои хатарнок ва зиддиқонунӣ баранд. Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавононро ҳадафи худ қарор медиҳанд. Онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, бо суханҳои ҷолиб, вале фиребанда кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд. Бисёр вақт ҷавононе, ки таҷрибаи кофӣ надоранд ё ҳадафи равшан надоранд, ба чунин таъсирҳо дода мешаванд.
Аз ҳамин сабаб, ҳар як ҷавон бояд ҳушёру зирак бошад. Мо бояд ҳар як иттилоотро бодиққат таҳлил намоем ва ба ҳар сухан бовар накунем. Фикри танқидӣ ва ҷаҳонбинии васеъ моро аз таъсири ақидаҳои манфӣ ҳифз мекунанд.
Дониш ва маърифат қувваи асосии муқовимат бо терроризм ва экстремизм мебошанд. Ҷавоне, ки донишманд аст, метавонад дурусту нодурустро фарқ намояд ва роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва худтакмилдиҳӣ барои ҳар яки мо аҳамияти калон дорад. Истифодаи дурусти интернет низ бисёр муҳим аст. Интернет метавонад манбаи дониш ва рушд бошад, аммо дар айни замон метавонад воситаи паҳншавии ғояҳои хатарнок низ гардад. Аз ҳамин сабаб, мо бояд аз он бо эҳтиёт ва масъулият истифода барем.
Ҳадаф ва орзуҳои равшан инсонро аз гумроҳӣ нигоҳ медоранд. Ҷавоне, ки барои ояндаи худ нақша дорад ва барои расидан ба он кӯшиш мекунад, ба осонӣ ба таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дода намешавад.
Сулҳ ва оромӣ неъмати бебаҳо мебошанд. Барои нигоҳ доштани онҳо ҳар яки мо масъулем. Мо бояд барои ҳифзи ин арзишҳои муҳим саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки ақидаҳои бегона ба ҷомеаи мо таъсир расонанд.
Ҷавонон ояндаи миллатанд. Аз рафтору андешаи мо вобаста аст, ки ҷомеаи мо чӣ гуна рушд мекунад. Агар мо бо дониш, масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ амал намоем, метавонем ҷомеаи солим ва пешрафтаро бунёд намоем.
Ҳар як амали нек метавонад дигаронро илҳом бахшад. Агар мо худ намунаи ибрат бошем, метавонем дигар ҷавононро низ ба роҳи дуруст ҳидоят намоем ва онҳоро аз таъсири ақидаҳои манфӣ муҳофизат кунем. Мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шахс мебошад. Ҳар яки мо бояд дар нигоҳ доштани амният ва суботи ҷомеа саҳми худро гузорем. Сулҳ бо осонӣ ба даст наомадааст ва нигоҳ доштани он заҳмату талош мехоҳад. Аз ҳамин сабаб, мо бояд ин неъмати бузургро қадр намоем.
Ман ҳамчун як ҷавондухтар ифтихор дорам, ки дар чунин Ватани ором зиндагӣ мекунам. Орзу дорам, ки дар оянда ба Ватани худ содиқона хизмат намоям ва барои рушду пешрафти он саҳм гузорам. Мо набояд ҳаргиз иҷозат диҳем, ки пои нохалафе ба хоки Ватани азизи мо расад. Бо дониш, ҳушёрӣ ва иродаи қавӣ мо метавонем ҳар гуна таҳдидҳоро пешгирӣ намоем.
Дар охир бояд гуфт, ки ояндаи дурахшон аз имрӯз оғоз меёбад. Агар мо имрӯз роҳи дурустро интихоб намоем, фардои мо низ равшан хоҳад буд. Бигзор, ҳар яки мо бо амалҳои нек ва созанда ба ободии Ватан саҳм гузорем.
Дадоджанова Мавджудахон Зарифовна,
донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ
Тоҷ
Рус
Eng