ҲХДТ ВА 35 -СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастовради бузургтарин ва муқаддастарин бо дастовардҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ таҷлил мегардад. Ин санаи таърихӣ бозтоби таҳкими пояҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати кишвар мебошад. Дар ин раванди пурифтихор нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда, созанда ва муттаҳидсозандаи ҷомеа бениҳоят бузург ва арзанда мебошад. Ин ҳизб бо мароми созандагиву бунёдкорӣ ва ҳимояи манфиатҳои мардум тавонист ба минбари воқеии эътимод ва садоқат ба Ватан табдил ёбад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ бо дарки масъулияти таърихӣ дар баробари давлату миллат тавонист атрофи ғояҳои сулҳхоҳона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллионҳо шаҳрванди кишварро муттаҳид созад. Ин ҳизб на танҳо як созмони сиёсӣ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ гардидааст ва барномаву ҳадафҳои он ҳамеша ба беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтори маҳалҳо, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як фарди ҷомеа равона шудаанд.
Имрӯз дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолият дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони азиз нақши дасти созандаи аъзоёни ҳизб баръало эҳсос мешавад ва аз бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳо то мумфарш кардани роҳҳо, обод кардани маҳалҳо ва сабзкорӣ - ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки шиори «Созандагию бунёдкорӣ мароми мост!» ба амалҳои ҳаррӯзаи ҳизбиён табдил ёфтааст. Таҳти роҳбарии оқилонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳизб тавонист дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир фаъолона иштирок намуда, дар рушди босуръати кишвар саҳми муносиб гузорад.
Ҳар яки мо хуб дарк мекунем, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва боз ҳам обод кардани Ватан масъулияти бузургеро аз ҳар як шаҳрванд талаб мекунад ва чуно ки таъкид мегардад, ин ҳизби содоқати ҷаноби олӣ аст ва мо воқеан ба ҷаноби олӣ содиқ бошем ва Ватанро обод намоем. Ин садоқат дар амал бо меҳнати софдилона, иштироки фаъол дар корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолият, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ таҷассум меёбад ва вақти он расидааст, ки боз ҳам муттаҳидтар бошем, зери парчами пешвои маҳбуби худ қадамҳои устувор гузорем ва барои фардои боз ҳам шукуфони Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҷовидон ХАЛИФАЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тоҷ
Рус
Eng