НАҚШИ НИЗОМИ МОЛИЯВӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи соҳибихтиёрӣ, заминаи асосии ташаккули низоми мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба даст овардани истиқлоли давлатӣ оғози марҳилаи нави давлатсозӣ гардид. Инчунин, ташаккули низоми муосири молиявӣ, таҳкими низоми буҷетӣ, такмили сиёсати андоз, рушди низоми бонкӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбанд.
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таърихии ташаккули низоми мустақили иқтисодӣ ва молиявиро фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми молиявии кишвар марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва ислоҳотро паси сар карда, имрӯз ба яке аз механизмҳои муҳими таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст.
Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки устувории молиявӣ, самаранокии идоракунии буҷет, такмили сиёсати андоз, рушди низоми бонкӣ, ҷалби сармоя ва рақамикунонии равандҳои молиявӣ бо таҳкими истиқлоли иқтисодии кишвар робитаи мустақим доранд.
Дар марҳилаи кунунӣ вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки захираҳои молиявии давлат бо самаранокии бештар истифода шуда, идоракунии молияи давлатӣ боз ҳам шаффоф ва рақамӣ гардад, истеҳсолоти миллӣ ва соҳибкорӣ дастгирӣ ёбанд ва барои рушди сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Молия дар низоми иқтисодии давлат мавқеи асосӣ дошта, тавассути он муносибатҳои вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи захираҳои молиявӣ ба роҳ монда мешаванд. Самаранокии сиёсати молиявӣ ба рушди истеҳсолот, сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, устувории буҷет, фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва дар маҷмуъ, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита мерасонад.
Дар шароити истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон тавонист тадриҷан заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии низоми миллии молиявиро ташаккул дода, онро ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва равандҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намояд. Ин раванд ҳанӯз идома дошта, бо рушди иқтисоди рақамӣ, афзоиши талабот ба шаффофияти молиявӣ ва тағйирёбии муҳити иқтисодии байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сиёсати иқтисодӣ ва молиявии худро мустақилона муайян намуда, институтҳои дахлдори идоракунии молияи давлатиро ташаккул диҳад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, зарурати ташкили низоми нави буҷетӣ ва андоз, рушди низоми бонкӣ ва таъмини устувории молиявӣ аз давлат қабули қарорҳои муҳими стратегиро талаб мекард.
Дар чунин шароит ташаккули низоми молиявии миллӣ яке аз самтҳои муҳими давлатсозӣ гардид. Қонунгузории соҳавӣ такмил ёфт, сохторҳои молиявӣ рушд карданд ва заминаҳои идоракунии мустақили захираҳои давлатӣ ба вуҷуд омаданд.
Яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати молиявӣ таъмини мувозинати байни даромад ва хароҷоти буҷет мебошад. Афзоиши даромадҳои буҷетӣ, васеъ намудани манбаъҳои қонунии даромад ва пешгирии хароҷоти ғайрисамаранок барои нигоҳ доштани устувории молиявии давлат аҳамияти калон доранд.
Дар баробари ин, сиёсати андоз бояд чунин тарҳрезӣ гардад, ки аз як тараф, ба ҷамъоварии маблағҳои зарурӣ барои буҷет мусоидат намояд ва аз ҷониби дигар, фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолотро маҳдуд насозад. Яъне, самаранокии низоми андоз дар пайдо кардани тавозуни оқилона байни манфиатҳои давлат ва субъектҳои иқтисодӣ зоҳир мегардад.
Истиқлоли воқеии давлат бо дараҷаи устувории иқтисоди миллӣ робитаи мустақим дорад. Кишваре, ки дорои низоми самараноки молиявӣ, буҷети устувор, низоми муосири бонкӣ ва захираҳои кофии иқтисодӣ мебошад, метавонад ба таъсири омилҳои беруна муқовимати бештар нишон диҳад.
Дар ҷаҳони муосир равандҳои иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобаста шудаанд. Бӯҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, халалдор шудани занҷираҳои таъминот, тағйироти геополитикӣ ва дигар омилҳои беруна метавонанд ба иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими устувории молиявӣ яке аз шартҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои иқтисодии миллӣ мебошад.
Барои Тоҷикистон ин масъала дар заминаи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ аҳамияти махсус дорад. Пеш аз ҳама, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва истифодаи технологияҳои муосир ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир замина мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди низоми молиявӣ дар шароити муосир гузариш ба технологияҳои рақамӣ мебошад. Рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки равандҳои вобаста ба банақшагирӣ, иҷро, баҳисобгирӣ ва назорати маблағҳои давлатӣ самараноктар ба роҳ монда шаванд.
Дар ин самт, ҷорӣ намудани низомҳои электронии идоракунии молияи давлатӣ аҳамияти назаррас дорад. Гузариш аз ҳуҷҷатгузории анъанавӣ ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳои молиявӣ метавонад суръати коркарди маълумотро баланд бардошта, хатогиҳои инсонӣ ва хароҷоти маъмуриро коҳиш диҳад.
Ҷорӣ намудани барномаҳои электронии идоракунии амалиёти молиявӣ, аз ҷумла низоми «SGB-net», дар ин раванд қадами муҳим мебошад. Ба воситаи чунин низомҳо метавон маълумоти марбут ба даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисобҳои махсусро оид ба ҳар як ташкилоту муассисаи буҷетӣ алоҳида ворид ва назорат намуд.
Рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ барои таҳкими шаффофият аҳамияти калон дорад. Ҳар қадар маълумоти молиявӣ дақиқ, сари вақт ва дар шакли мутамарказ дастрас бошад, ҳамон қадар қабули қарорҳои идоракунӣ асоснок мегардад. Аз ин рӯ, рушди технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи молия бояд танҳо ҳамчун гузариш аз ҳуҷҷати коғазӣ ба ҳуҷҷати электронӣ арзёбӣ нашавад. Он бояд ҳамчун тағйири куллии усулҳои идоракунӣ, таҳлил, назорат ва қабули қарорҳои молиявӣ баррасӣ гардад.
Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо низ бо имкониятҳои молиявии давлат робитаи мустақим доранд. Афзоиши устувори даромадҳои буҷетӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии худро тақвият бахшида, сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро баланд бардорад.
Сиёсати андоз яке аз сутунҳои низоми молиявии давлат мебошад. Андозҳо манбаи асосии ташаккули қисми даромади буҷет ба шумор рафта, ҳамзамон ҳамчун воситаи танзими фаъолияти иқтисодӣ истифода мешаванд.
Низоми самараноки андозбандӣ бояд ба принсипҳои адолат, шаффофият, пешгӯишавандагӣ ва содагии маъмурият асос ёбад. Барои рушди соҳибкорӣ муҳим аст, ки андозсупоранда қоидаҳои бозиро ба таври возеҳ дарк намуда, тавонад фаъолияти иқтисодии худро дар асоси қонун ба нақша гирад.
Дар баробари ин, васеъ намудани манбаи андозбандӣ ва коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ барои афзоиши даромадҳои буҷет аҳамияти муҳим дорад. Рақамикунонии хизматрасониҳои андоз, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва такмили низоми мубодилаи иттилоот метавонанд дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба бор оранд.
Ҳеҷ гуна ислоҳоти молиявиро бе кадрҳои касбӣ ва соҳибтаҷриба самаранок татбиқ кардан имконнопазир аст. Мутахассиси соҳаи молия бояд қонунгузории буҷетӣ ва андозро донад, аз технологияҳои рақамӣ, усулҳои муосири таҳлили молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ низ огоҳ бошад.
Бо назардошти ин, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия аҳамияти стратегӣ дорад. Ташкили марказҳои бозомӯзӣ дар сохторҳои молиявии маҳаллӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, табодули таҷриба ва аз худ намудани технологияҳои нав заминаи мусоид фароҳам созад.
Гувоҳи равшани ин гуфтаҳо. Муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, ки дар омода намудани кадрҳои соҳаи молия, иқтисод, баҳисобгирии муҳосибӣ, андозбандӣ ва дигар самтҳои марбут ба низоми молиявии кишвар саҳми муҳим мегузорад.
Талаботи бозори меҳнат имрӯз аз мутахассисон дониши назариявиро дар баробари малакаҳои амалӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, таҳсилоти муосири молиявӣ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, таҳлили маълумоти иқтисодӣ, моделсозии молиявӣ ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ бештар таваҷҷуҳ кардааст.
Марҳилаи нави рушди иқтисоди Тоҷикистон бо тавсеаи иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин шароит низоми молиявӣ низ ба талаботи иқтисоди нав мутобиқ гардидааст.
Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ, бонкдории рақамӣ, таҳлили маълумоти калон, истифодаи зеҳни сунъӣ ва такмили системаҳои идоракунии молиявӣ метавонанд самаранокии иқтисодиро ба таври назаррас баланд бардоранд.
Дар баробари ин, рақамикунонӣ масъалаҳои нави марбут ба амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумотро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори рақамӣ бояд бо таҳкими амнияти киберӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати рақамии кормандон ва шаҳрвандон амалӣ карда шавад.
Дар ин замина, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Корманди муосири соҳаи молия бояд ҳам иқтисоддон, ҳам таҳлилгар ва то андозае мутахассиси технологияҳои рақамӣ бошад.
Истиқлоли давлатӣ ва низоми муосири молиявӣ ду омили ба ҳам пайвастаи рушди давлати миллӣ мебошанд. Истиқлол имкони мустақилона муайян намудани сиёсати иқтисодиро фароҳам меорад ва низоми устувори молиявӣ барои ҳифз ва таҳкими ин истиқлол заминаи иқтисодӣ муҳайё месозад.
Баҳодур ҶУРАХОНЗОДА,
декани факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng