Китобхона аз ҷумлаи муҳимтарин ниҳодҳои фарҳангии башарият маҳсуб ёфта, таърихи он ба ихтирои хат ва пайдоиши нахустин навиштор дар марказҳои тамаддуни Шарқи Қадим пайванд дорад. Дар гузашта китобхонаро «хазина» ва «ганҷина» меномиданд, зеро китоб худ сарчашмаи нодири ақлу хирад ва дониш ба шумор мерафту меравад. Дарвоқеъ, нафаре, ки бо китобхонӣ одат дорад, соҳиби ганҷинаи бузурги маънавист.

Китобхонаҳои муосир дорои бахшу шуъбаҳои гуногун буда, фаъолияти онҳо ба фароҳам овардани шароити дастраси умум ба иттилоот ва арзишҳои фарҳангӣ равона шудааст. Китобхона метавонад нақши асосӣ дар рушди маърифат ва худшиносии миллӣ дошта бошад.

Аз замонҳои қадим то имрӯз китоб яке аз асосиҳои рушди илму фарҳанг ва воситаи муҳими тарбия ва ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад.

Дар тамаддуни тоҷик низ китобу китобдорӣ мақоми воло дошт. Осори безаволи мутафаккироне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Ҷомӣ, Навоӣ ва дигарон маҳз тавассути китоб аз насл ба насл расидааст.

Дар давраи Шуравӣ соҳаи китобчопкунӣ босуръат инкишоф ёфт ва китоб ба воситаи муҳими маърифат ва идеология табдил гардид. Дар Тоҷикистон якчанд нашриёти давлатӣ фаъолият карда, садҳо номгӯ китоб ба забонҳои гуногун нашр мешуданд.

Китоб на танҳо манбаи дониш, балки ҳамсафари маънавии инсон аст. Он дар танҳоӣ тасаллӣ мебахшад, дар лаҳзаҳои мушкил роҳнамо мешавад ва ҷаҳонбинии шахсро васеъ мегардонад.

Бо вуҷуди пешрафти босуръати технология ва фаровонии иттилооти электронӣ, китоби чопӣ арзиш ва асолати худро гум накардааст. Китоби «зинда» хонандаро ба тафаккур, таҳлил ва дарки амиқи маънӣ водор месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он абармардоне ҳастанд, ки барояшон мавзуи китоб бегона нест. Аз аввалин рӯзҳои президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбуди шароит ва маърифати мардуми кишвар кӯшидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ба китобхонӣ ва донишандӯзӣ даъват менамоянд.

Дар ростои татбиқи ин иқдоми наҷиб Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» доир гардида, ба ин восита, онҳо ба китобу китобхонӣ ҷалб карда шаванд. Хушбахтона, тули чанд сол аст, ки ин ташаббуси Президенти мамлакат баргузор мегардад.

Инчунин, ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2011 далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди фарҳанги китобхонист.

Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.

Таърихи миллати куҳанбунёди мо гувоҳ аст, ки ганҷинаи хиради ниёгон, саҳифаҳои муборизаи қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони сарбаландамон дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ, забонӣ ва фарҳангии худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз тавассути китоб гузашта, то замони мо расидаанд. Дарвоқеъ, китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад. Дар ин маврид беҳуда нагуфтаанд, ки:

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст”.

Бояд қайд кард, ки дар ДДМИТ айни ҳол китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ фаъолият менамоянд. Фонди умумии китобхонаи илмии донишгоҳро маводҳо ба соҳаҳои иқтисодиёт, математика, технология, физика, химия, психология, забонҳо, сиёсат, ҳуқуқ ва бадеӣ ташкил медиҳанд.

Хулоса, китоб сармояи бебаҳои ақлу хирад, калиди маърифат ва пояи ташаккули шахсияти комил аст. Қадршиносӣ ва таблиғи китобхонӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, зиёиён ва ҷавонон мебошад.

 

Шарифа РАВШАНОВА,

китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ