НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗУ ҲИМОЯ ВА ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Забон муаррифгари халқу миллат мебошад. Дар ҳамаи давру замон соҳибони забон барои покизагии он талош варзидаанд. Ин беҳуда нест, зеро ҳастиву бақои ҳар як халқу миллат аз ҳастии забони модарӣ сарчашма мегирад. Дар пойдории забон пешвоёну шахсиятҳои таърихӣ нақши муассир гузоштаанд.
Дар рушду нумуи забони фаронсавӣ иқдоми президенти собиқи Франсия - Шарл де Гол, ки ҳанӯз соли 1966 бо ибтикори ӯ кумитаи олии ҳимоят ва густариши забони фаронсавӣ таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолият менамояд, таърихӣ ба шумор меравад. Ба бахту иқболи мардуми тоҷик Худованд Пешвои хирадмандеро барояшон ато фармуда, ки ҳамеша пуштибонӣ аз таъриху фарҳанг ва забони миллат мекунад. Маҳз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони қудратмандии забони тоҷикиро баъд аз ҳазор соли нерумандӣ фароҳам овард.
Дар масири таърих душманону бадхоҳон барои аз байн рафтани ин забон толошҳои зиёд кардаанд. Пӯшида нест, ки баъди истилои арабҳо доираҳои фарҳангии ин забон танг гардида, шахсиятҳои маъруфу донишманди он ба қатл маҳкум мешуданд.
Баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати тоҷикон - сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ садсолаҳои дигар барои аҷнабиён ба сифати забони коргузорӣ хидмат намуда бошад ҳам, қудрату неруи он афзун ба назар намерасад. Маҳз баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон азиз, баъд аз ҳазор соли дигар бахт ба рӯйи ин миллати куҳантаърих боз хандид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, эътибор ба он зиёда гашта, дар тамоми муассисаҳои давлатӣ коргузорӣ бо ин забон сурат гирифт. Ин сарфарозии мардуми мо ба корнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад. Сарвари кишвар мақоми забонро воло ҳисобида, бузургдошти онро дар ҳамаи чорабиниву вохӯриҳо бо ҷавонон таъкид менамоянд.
Шоири тоҷик Бозор Собир хуб гуфта, ки «Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик забони тоҷик аст». Воқеан, тоҷикон дар тамоми манотиқи дунё умр ба сар мебаранд. Форсизабони дунёро зиёда аз 120 миллион меҳисобанд ва бо забони тоҷикӣ дар Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Покистон, Курдистон, Кошғари Хитой ва Қафқоз мардумон ҳарф мезананд. Имрӯзҳо ҳамаи тоҷикони дунёро Тоҷикистони азиз ба ҳам оварда, дар ин макони муқаддас фарҳангу илми тоҷикон рушд мекунад.
Сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамову муттаҳидсозандаи тамоми тоҷикони дунёст: «Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад». Сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар дар бахши забон барои рушду такомули забони модарӣ заминаи мусоид фароҳам меварад.
Забони тоҷикӣ бо гузашти вақт ба сифати забони коргузорӣ неруманд мегардад. Дар ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ хатари азиме ба забонҳои камнуфус таҳдид менамояд. Маҳз арҷгузории мо ва ифтихор аз забону миллат аз байн рафтани забонро лағв месозад. Ин нуктаро Сарвари давлат чунин баён намудаанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш - забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Соҳибдавлатии тоҷикон мавқеи истифодаи забони тоҷикиро васеъ мегардонад. Набояд фаромӯш сохт, ки дар олам халқияту миллатҳои зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди ақаллиятро ташкил додан (масалан, курҳо зиёда аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳанд), соҳибдавлат нестанд ва албатта, қисмати чунин забонҳо бо гузашти вақт ноаён боқӣ мемонад. Хушбахтона, акнун забони мо ҳомиву пуштибон дорад, зеро он забони давлатист. Инак, забони тоҷикӣ ба сифати рукнҳои асосии давлатдорӣ дар худшиносии миллии тоҷикон нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд ва исбот гаштааст, ки шахси забондону миллатдӯст дар омӯзиши ҳамаи илмҳо комёб мегардад. Таъриху фарҳанг ва забон имрӯзу ояндаи моро бозгӯӣ менамоянд, арҷгузориву омӯзиши дақиқи ин илмҳо ҳамагонро шарт ва зарур аст. Мутаассифона, имрӯзҳо низ баъзе аз ашхоси нотавонбин моҳияти ин масъаларо ба дурустӣ дарк нанамудаанд. Дар ин маврид месазад, ки гуфтаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ қарор диҳем: «Ифтихори ватандӯстӣ аз донистани таъриху забон ва фарҳанги ватан сарчашма мегирад. Лафзи модарӣ муқаддас аст, онро азизу гиромӣ бояд дошт».
Забони тоҷикӣ имрӯз дар низоми сиёсию иҷтимоии мамлакат ба ҳайси забони расмии давлатӣ дар коргузорӣ, гузаронидани ҳама гуна ҷаласаю чорабиниҳои фарҳангӣ, таълиму тарбия, матбуот ва ғайра мавқеи махсус касб кардааст. Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос карданд, ки мавқеи забони тоҷикӣ дар таълифи корҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ то андозае суст аст ва ба хулосае омаданд, забоне ки дар тули зиёда аз ҳазор сол забони илму адаб буд, барои чӣ наметавонад имрӯз худро ба ҳайси забони илм муаррифӣ кунад? Бинобар ин, бо ибтикори Президенти кишвар соли 2015 Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) таъсис ёфт, ки ин аз ҳалимию меҳрубонии Сарвари кишвар нисбат ба аҳли илм, махсусан, муҳаққиқони ҷавон дарак медиҳад. Ин иқдоми неки Президенти муҳтарам диққати аҳли илму таҳқиқро ба худ ҷалб намуд, зеро эшон таъкид намуда буданд, ки аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд ва ҳадафи асосии Сарвари кишвар аз таъсиси ин ниҳод дифои рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ буд.
Қудратмандии забон дар арсаи байналхалқӣ аён мегардад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики араб ва ғайра ҳамагонро хушнуд месозад. Мардуми дунё ба лафзи шевову ширини тоҷикӣ гӯш медиҳанд, воқеан, забони мо ширину дилкашу гӯшнавоз аст.
Имрӯзҳо дар давлати соҳибистиқлоли мо барои дар сатҳи зарурӣ омӯхтани забони давлатӣ ва коргузорӣ бо ин забон ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст, ки ин аз ғамхории бевоситаи ҳукумат далолат медиҳад. Ҳамасола дар Тоҷикистон қарору қонуне ба тасвиб мерасад, ки он ба худшиносии мардуми мо такони ҷиддие мебахшад. Аз ҷумлаи онҳо, 26 июли соли 2007, таҳти №91 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли забони тоҷикӣ” эълон кардани соли 2008 ба имзо расид. Маҳз ин иқдоми наҷиб бори дигар ҳамагонро ҳушдор сохт, ки забони тоҷикӣ аз ҷониби давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат пуштибонӣ меёбад, рушди забони тоҷикӣ мадди назари давлату Ҳукумат мебошад.
Дар низоми забонӣ вобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ тағйирот ба амал меояд. Забонҳои абарқудрату куҳантаърихи олам зинаҳои инкишофи забонро батадриҷ тай намудаанд ва мувофиқати шакли хаттиву шифоӣ, гуфтори адабӣ ва маҳаллӣ дар ин забонҳои инкишофёфта ба таври назаррас мувофиқа дорад. Забони куҳантаърихи тоҷикӣ низ тули ҳазорсолаҳо дар доираҳои бузурги фарҳангӣ ташаккул ёфтааст, вале метавон гуфт, ки сатҳи забондонии мардуми мо ба талаботи одитарин ҷавобгӯ нест. Намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо гуфтори маҳаллии хеш (лаҳҷаҳо) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарф мезананд ва бо ин амали худ ифтихор ҳам доранд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми номатлуб боиси заъф дидани забони адабӣ гашта, маҳз аз ҳамин камбудии мо (маҳалбозӣ) душманони фарҳангу забони тоҷикӣ истифода намудаанд. Президенти кишвар дар ҳамаи баромадҳои худ моро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд: «Дар чунин шароит агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати на чандон тулонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад».
Воқеан, баъд аз ҳазор соли пошхӯрии давлати аввалини миллии тоҷикон -Сомониён ба бахту иқболи мардуми тоҷик дар харитаи дунё давлате бо номи мубораку накуву муқаддас - Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Ин кишвари таърихӣ дар ҳар саҳифаи хотироти худ абармардони ватандӯсту ҷонфидо дошт, ки дар саҳфаи таърихи башарӣ номи эшон бо хатҳои заррин сабт гаштааст. Оғози сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба корнамоиву ҷонфидоии фарзанди барӯмандаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Фарҳангу забону таърихи миллати мо тули ҳазор соли гузашта ин қадар ҳифзу дифоъ нагашта буд, ки бо шарофати хирадпешагиву адолатпарварии Сарвари он дар даврони истиқлолият ҳифз шудааст. Воқеан, иқдоми Пешвои миллат барои рушду такомули забони куҳантаърихи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард, ки аз самари он ояндагон бо некӣ ёд хоҳанд кард.
Манзура ҲАСАНОВА,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ
Тоҷ
Рус
Eng