ҶОМЕАИ СОЗАНДАИ ВАТАНДӮСТ АЗ АФКОРИ ИНСОНҲОИ СОЛИМ
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолият дар фазои озодӣ мавҷи созандагиро ангезиш дод, ки ин неруи тавоно ташаккул ва рушди иқтисоди миллиро таъмин намудааст. Зимнан, бояд таъкид намуд, ки эҳёи баъди ҳазорсолаҳо (яъне, пас аз таназзули давлати Сомониён) иқтисоди миллии дар пояи нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва институсионалӣ устувор қароргирифта бузургтарин дастоварди даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки зиёда 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тули асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Аммо солҳои охир гурӯҳҳои ифродгаро, яъне терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, бо роҳандозии ақидаи радикалии исломӣ мехоҳанд арзишҳои таърихӣ, динӣ, миллӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҷаҳониро маҳв созанд. Дар мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода қайд шудааст: имрӯз мафҳумҳои наве мисли ҷанги иттилоотӣ ва таҳмили ақидаи ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд дошта, ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.
Ҳодисаҳои солҳои охири манотиқи даргири ҷаҳон нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам, қалам имрӯз ҷойи шамшерро гирифтааст ва халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд. Бинобар ин, имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи мо зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.
Ё ин ки соли 1991-1992, зери таъсири неруҳои бадхоҳи берунаву дохилӣ, ки илму дониш, маърифат барои онҳо бегона буданд, мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, ба даргириҳои бемантиқ оварда расониданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд месозанд, терроризм ватан, наҷод, дин, миллат, забон, маҳал надоранд.
Маҳз ин амалҳо бадбахтии оламшумулу глобалӣ гардиданд, ки ба муқобили онҳо муборизаи дастҷамъонаи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва сокинони сайёра зарур аст.
Мо имрӯз соҳиби давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем, ки арзишҳои миллии худро ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳамчун зиёӣ дар байни ҷавонон эҷодиёти ниёгони бузург, илму фарҳанги тамаддунофари миллати тоҷикро талқин намоем.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Саидакмал МИРСАИДОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng