САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
(Дар меҳвари Паём)
Дар шароити ҷаҳони муосир рушди устувори давлат бидуни иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст. Занон ҳамчун дар таҳкими сиёсати иҷтимоӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодию фарҳангии кишвар нақши калидӣ мебозанд. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳанд, ки ҳар қадар сатҳи иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ баланд бошад, ҳамон қадар рушди ҷомеа устувор мегардад.
Бояд ќайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳими саҳми занон ин сиёсати иҷтимоӣ мебошад, чунки занон таваљљуҳи худро бештар ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва оила зоҳир менамоянд. Иштироки онҳо дар таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки ниёзҳои воқеии қишрҳои осебпазири ҷомеа ба назар гирифта шаванд. Аз ин рӯ, ҳузури занон дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти қабулкунандаи қарорҳо ба беҳтар гардидани сифати сиёсати иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди давлатро муайян менамояд. Дар паёми солонаи худ Пешвои миллат дар қатори дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа масъалаи боло бурдани мақому нуфузи занон, муҳайё сохтани шароити мусоиди фаъолият ва таъмини баробарии ҳуқуқии онҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ махсус таъкид гардидааст. Ба таъкиди Пешвои миллат дар ҷараёни ироаи Паём, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба занонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ муайян намуда, ҷиҳати тақвияти нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа пайваста чораҳои муассир амалӣ месозад.
Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, ки саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамари бонувону занон ва духтарони ватандӯст дар тамоми бахшҳои ҳаёти давлатӣ ва иҷтимоӣ пайваста мавриди эҳтиром қарор дорад ва давлат аз кӯшишу заҳматҳои онҳо дар роҳи таъмини пешрафт ва шукуфоии ояндаи кишвар ифтихор менамояд.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занонро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, дар тули 34 соли истиқлол барои татбиқи амалии он пайваста чораҳои мушаххас ва пайдарпай амалӣ менамояд. Дар ин муддат, ҷиҳати боло бурдани мавқеи иҷтимоии занон, густариши иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар, ҷалб ва пешбарии кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занон дар ҳамаи соҳаҳо, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо маҷмуи санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19 марти соли 2013), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 декабри соли 2015), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 апрели соли 2021), инчунин, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 ва дигар ҳуҷҷатҳо мавриди амал қарор гирифтанд.
Маҳз татбиқи ин сиёсати пайгирона ва дастгириҳои ҳамаҷониба боис гардидааст, ки имрӯз саҳмгузорӣ ва фаъолияти занону бонувон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа муассир ва назаррас арзёбӣ мешавад. Боиси қаноатмандист, ки дар фазои ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва маърифати занону духтарон аҳамияти махсус дода мешавад, зеро зани соҳибмаърифат бо хираду заковати худ метавонад дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта нақши муассир бозад.
Бояд қайд кард, ки дар рушди устувори давлат низ саҳми занон назаррас аст. Занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла соҳибкорӣ, кишоварзӣ, саноат ва хизматрасонӣ фаъолона иштирок менамоянд. Рушди соҳибкории занона ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Бинобар ин, занон дар тарбияи насли солим ва босавод нақши асосӣ дошта, заминаи рушди дарозмуддати ҷомеаро фароҳам месозанд.
Сахми занон дар таҳкими суботи иҷтимоӣ низ хеле муҳим аст. Онҳо ҳамчун модар, омӯзгор ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳро тарғиб менамоянд. Маҳз тавассути тарбия ва маърифати иҷтимоӣ занон метавонанд дар пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатияшон (16.12.2025 с.) бо итминони комил изҳор намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, эҳтиром ва риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла қонунҳои «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин ҳифз ва тарғиби расму ойин, суннату анъанаҳои неки халқи тоҷик, аз қабили сарфаю сариштакорӣ ва арҷ гузоштан ба либоси миллӣ масъулияти баланд эҳсос намуда, фаъолона саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни ироаи Паём ба падару модарон, омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда, бори дигар зарурати муносибати ҷиддӣ ва масъулонаро нисбат ба нигоҳубин, таълим ва тарбияи фарзандон таъкид карданд.
Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки тақдири фардои давлату миллат бевосита ба ташаккули насли солим ва камолёфта вобаста аст, наслеро, ки дорои дониши муосир, касбу ҳунар, фарҳангу маърифат, эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ буда, аз ҳар гуна таассубу хурофот дур бошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки суханони пандомӯз ва таъкидҳои Сарвари давлат аз ҳар яки мо ҳисси баланди қадрдонӣ ва пайваста меҳрубонӣ зоҳир намудан ба модарону хоҳарон ва духтарони худро таъкид менамояд. Бинобар ин, мо - занону духтарони тољик аз Паёми Пешвои миллат бори дигар илҳом гирифта, дар ҷавоб ба ин дастгирӣ, бо рӯҳияи баланд ва масъулиятшиносӣ ваъда медиҳем, ки саҳми худро дар ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистон бо тамоми қуввату тавон гузорем.
Моҳрў ОРМОНОВА,
омўзгори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng