Энергетикаи об яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, ки нақши калидӣ дар рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебозад. Об ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия имконияти истеҳсоли неруи барқро бо роҳҳои экологӣ тоза ва самарабахш фароҳам меорад. Дар замони муосир, ки масъалаи таъминоти бехатари энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти хос пайдо кардааст, рушди энергетикаи обӣ беш аз ҳарвақта зарур мегардад.

Тоҷикистон бо доштани захираҳои фаровони об, аз ҷумла рӯдхонаҳои пуроб ва пиряхҳои кӯҳӣ, дар минтақа ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Маҳз ҳамин захираҳо имкон медиҳанд, ки кишвар ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии неруи барқи обӣ табдил ёбад. Неругоҳҳои барқи обӣ, мисли НБО Норак, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, манбаи асосии таъминоти барқии ҷумҳурӣ мебошанд. Онҳо на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мекунанд, балки имкони содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам меоранд.

Хулоса, энергетикаи обӣ барои Тоҷикистон имконияти нодири таъмини рушди иқтисодӣ, истиқлоли энергетикӣ ва беҳбуди зиндагии аҳолиро фароҳам меорад. Истифодаи оқилонаи ин сарват, бо назардошти манфиатҳои экологии минтақа ва аҳолии он метавонад ояндаи рӯшани энергетикиро таъмин намояд.

 

Маҳтоб ҲОМИДОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ