Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» (16 декабри соли 2025) ба масъалаи рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир шуда, муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дар он матраҳ гардид. Илова бар ин, дар Паём самтҳои асосии фаъолияти дохилию хориҷии давлат дар шакли таҳлилу баҳодиҳии амиқ ва вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда, ки онро ба истилоҳ стратегия ё дурнамо ҳам меноманд, фаро мегирад.

Аз давраи соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз Ҳукумати мамлакат оид ба масъалаҳои мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бунёди муассисаҳои нав ва азнавсозии муассисаҳое, ки аз замони гузашта боқӣ монда буданд, пурра азнавсозӣ гардонида, тамоми таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ омода гардидаанд.

Дар Паёми навбатӣ оид ба соҳаи маориф Пешвои миллат таваҷҷуҳи хоса намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд доранд. Мо, омӯзгорон ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат содиқ буда, кӯшиш менамоем, то дар кору фаъолияти худ устувор бошем.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои илму маориф таҳким ёфта, ба рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир гардида истодааст. Далели ин гуфтаҳо давра ба давра зиёд гардидани маблағгузорӣ дар соҳаи маориф аст. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ сол қариб, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад”. Тибқи омори расмӣ, агар дар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион сомонӣ расида ва соли 2010 зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи таҳсилоти олии касбӣ рушди тоза ёфта, ҳоло дар ҷумҳурӣ 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии зиёда аз 214 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

Бояд таъкид намуд, ки рушди маорифи ҷумҳурӣ танҳо бо донишомӯзӣ дар дохили давлат барои ҷавонон иктифо нашуда, балки берун аз мамлакат низ кадрҳои ҷавон барои аз бар намудан ва савияи дониши худро баланд бардоштан равона карда мешаванд, зеро Тоҷикистон дар соҳаи маориф бо давлатҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тибқи омори расмии охир, зиёда аз 42 ҳазору 400 донишҷӯю ҷавонони тоҷик имрӯз дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, ки яке аз қадамҳои устувор дар роҳи такмили соҳаи маориф мебошад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки гуфтаҳои дар Паёми Пешвои маҳбубамон барои худ неруву илҳоми тоза гирифта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия кӯшишу маҳорату малакаи худро ба роҳ монем.

 

Манучеҳр ҲАМРОЕВ,

ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ