Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таҷассумгари воқеияти зиндагии мардуми тоҷик буда, яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафт ва тараққиёти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ба Паём бояд ҳам ҳамчун натиҷаи иҷрои дастурҳои қаблӣ ва ҳам барномаи масъалагузории нав барои оянда назар кард.

Таҳлили иҷрои дастурҳо аз Паём то Паём нишон медиҳад, ки аксари онҳо ба фарҳанги муносибат вобастагӣ доранд. Ҳар боре ки Пешвои миллат дар хусуси муносибати фарҳангӣ сухан мегӯянд, ҷомеаро ба худогоҳӣ, масъулият ва амиқназарӣ даъват менамоянд. Аз иқдомҳои бузурги давлатӣ то ҷузъиёти хурди рӯзгор ҳама ба густариши муносиботи фарҳангӣ равона шудаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, миллати тоҷик соҳиби тамаддуни куҳан ва таърихи беш аз 6000-сола мебошад. Ин ҳақиқат моро водор месозад, ки ба масъалаҳои фарогири Паём бо назари жарф нигарем ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол саҳми фаъол дошта бошем.

Роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, ёдгориҳои таърихӣ, иншооти азим ва корхонаҳои саноатӣ ҳама ҷузъи дастовардҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳифзи онҳо, тавре дар Паём таъкид гардид, муносибати фарҳангиро тақозо мекунад. Агар ҳар яки мо нисбат ба ин неъматҳо бепарво набошем, метавонем дар рушди ҷомеа саҳми воқеӣ гузорем.

Сарчашмаи чунин муносибат, пеш аз ҳама, бояд аз муҳити оила оғоз гардад. Вақте падару модар фарҳанги сарфакорӣ, тозагӣ ва эҳтиром ба амволи ҷамъиятиро риоя мекунанд, фарзандон низ ин арзишҳоро дар ҷомеа идома медиҳанд. Ин эҳсоси масъулият тадриҷан ба рафтори дигарон низ таъсир мерасонад.

Имрӯз мо бояд ба қадри сарзамини биҳиштии худ бирасем. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳудуд хурдтаранд, вале аз лиҳози рушди иқтисодӣ пешрафтаанд. Омили асосии пешрафти онҳо, пеш аз ҳама, фарҳанги дурусти истифодаи захираҳо мебошад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги табиӣ аст ва танҳо ташаккули фарҳанги истифодаи оқилонаи онҳо зарур мебошад.

Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои бузурги фарҳангии Пешвои миллат буда, дар ҳифзи асолати фарҳанги тоҷик ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад.

Аз дастовардҳои муҳими фарҳангие, ки дар Паём зикр гардиданд, татбиқи як қатор иқдомҳо аз Паём то Паём мебошад. Аз ҷумла, тақдими “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик гувоҳи равшани сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат аст. Ин иқдом дар радифи тақдими китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръони карим” бо забони тоҷикӣ қарор дорад.

Ин се асари бузург заминаи худшиносӣ, ватандӯстӣ, маърифати миллӣ ва дурӣ аз хурофоту ҷаҳолатро фароҳам меоранд. “Тоҷикон” моро бо асли таърихи миллат ошно месозад, “Шоҳнома” ҳисси ғурури миллӣ ва меҳанпарастиро бедор мекунад ва “Қуръони карим” роҳи ҳақиқат ва инсондӯстиро равшан менамояд.

Чуноне Пешвои миллат таъкид намуданд, имрӯз дар назди мо вазифаҳои боз ҳам бузургтар қарор доранд. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонем мушкилоти замони муосирро паси сар намуда, Ватанро ободу пешрафта гардонем. Ваҳдати миллӣ неруест, ки аз ҳар гуна қудрати моддӣ болотар меистад.

Бо эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан, Пешвои муаззами миллат бо итминон иброз доштанд, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон интизор аст. Ин суханон дар дилҳои мардум умед, бовар ва масъулиятро қавитар мегардонанд.

Дар Паём соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид. Ин иқдом ҳар як шаҳрванди кишварро ба ҳамраъйӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат даъват менамояд.

 

Парвина ОРЗУЗОДА,

н.и.ф, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ