Рушди ҷомеа ва тағйирёбии босуръати муҳити иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаи таҳсили донишҷӯён ва иштироки фаъоли онҳо дар раванди дарсҳо дар мадди аввал қарор дорад. Яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳимми низоми таҳсилоти олӣ дар замони муосир баланд бардоштани сармояи инсонӣ ба ҳисоб рафта, барои омода кардани кадрҳои мутобиқ ба бозори меҳнат муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамасола дар раванди таълим усулҳои навро ҷорӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ҷомеа бо таъсири омилҳои беруна ва рушди бемайлони иқтисодии ҷаҳон ҳамеша дар ҳолати рушд қарор дошта, ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад. Муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои ҷалби донишҷӯён ба дарсҳо ва беҳтар намудани сифати таҳсил шароитҳои мусоидро аз қабили ташкили озмоишгоҳҳо, бонкҳои таълимӣ, синфхонаҳои замонавиро бо ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, яъне ҳамгироии илм бо амалия ба роҳ мондааст.

Агар ба ҳаёти Максим Горкий нигарем, он ҳамеша барои мутолиа кӯшишҳо мекард, ҳатто пинҳонӣ ба болои бом баромада, бо лахчаи оташдор (яъне, дар равшании он) китоб мехонд.

Барои нахондан ва камфаъолиятӣ дар ҷараёни таълим усулҳои муосири таълимро бояд ба роҳ монд, то таваҷҷуҳи донишҷӯ бештар гардад. Омили дигари камфаъолиятии донишҷӯён беаҳамиятии баъзе аз устодон низ дар раванди таълим мебошад. Бештари устодони ҷавон роҳҳои ба дарс ҷалб намудани донишҷӯёнро дар сатҳи зарурӣ надоранд, ки ин масъала хусусияти педагогӣ ва психологӣ дорад. Муайян намудани омилҳои ҷалбкунии донишҷӯён ба таълим аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад.

Дигар ин ки яке аз сабабҳои муҳими гурез аз дарсҳо вазъи ноустувори иҷтимоию иқтисодии донишҷӯён низ мебошад, зеро қисми зиёди онҳо аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ меоянду бештари оилаҳои онҳо сатҳи зиндагияшон ноустувор мебошад. Пас, маълум мегардад, ки маҷбур мешаванд, ки барои таъмини зиндагии худ дар шаҳр кор кунанд. Ҳамзамон, фаъолияти кории онҳо боиси хастагӣ дар дарсҳо, камбудии истифодаи вақт, камтаваҷҷуҳ будан ба дарсҳо, хобравӣ дар машғулиятҳои таъдимӣ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо, баъзан дарсҳоро тарк карда, бо баҳонаҳои гуногун дар дарсҳо иштирок намекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки омилҳои равонӣ низ дар ҳаёти донишҷӯён нақши асосӣ доранд. Камбудии ҳавасмандӣ, баҳодиҳии ғайриҳақиқӣ, тарс аз рафтори устодон ва чапгирии баъзе устодон низ метавонад боиси канорагирӣ аз дарсҳо гарданд. Аз ин рӯ, баъзе аз донишҷӯён эҳсос мекунанд, ки қобилияти аз худ кардани мавзуъҳои дарсии омӯзгоронро надоранд ё сатҳи дониши онҳо ба талаботи омӯзгор кифоя нест, дар натиҷа, онҳо барои аз худ накардани дарсҳо кӯшиш наменамоянд.

Бояд гуфт, ки сифат ва усулҳои таълим ба донишҷӯён низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Агар дарсҳои мо - омӯзгорон якранг, назариявӣ ва дур аз ҳаёти амалӣ гузаранд, он гоҳ таваҷҷуҳи донишҷӯён кам мегарданд. Дар замони муосир дарси ҳар як омӯзгор бояд бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, усулҳои нави таълим ва мисолҳои амаливу видео-роликҳои кутоҳи вобаста ба ҳар як мавзуъ бошад.

Дар дарсҳо устодон бояд ҳавасмандии дохилӣ ва беруниро ташаккул диҳанд ва дар ин зимн, аҳаммияти фани дарсдодашударо ба фаъолияти касбии ояндаи онҳо пайваст намуда, назария ва амалияро ба миён гузошта, мисолҳои воқеӣ биёрад. Ин метавонад шавқу рағбати донишҷӯёнро афзоиш диҳад.

Агар омӯзгор дар вақти дарсҳо як фазои мусоиди таълимиро аз қабили муҳокимаҳо, фаъолияти гурӯҳӣ, пешкаши лоиҳаҳои инноватсионӣ, омӯзиши ҳолатҳо ба роҳ монад, он гоҳ ба фаъол гардидани донишҷӯён мусоидат хоҳанд кард.

Масалан, худи банда дар вақти дарсҳо проблемагузорӣ дар раванди кории муҳосибиро ба роҳ мемонам, он гоҳ донишҷӯён онҳоро ҳал менамоянд. Дар ин баробар, онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, дар акси онҳо сармуҳосиб, муҳосиб, мудири анбор, таъминотчӣ, хазиначӣ ва роҳбари муассисаҳоро мегузорам, ки то оянда фаҳмиши ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва фаъолияти муҳосибиро хуб дарк кунанд. Ҳамзамон, барои онҳо видео-роликҳои ба муҳосибот тааллуқдоштаро мегузорам, то бифаҳманд, ки кори муҳосибӣ чист?!

Хулоса, дастгирии инфиродӣ, баррасии мушкилоти донишҷӯён боиси зиёд шудани масъулият ва иштирок дар дарсҳо мегардад.

 

Ҳусейн НОСИРЗОДА,

н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ