КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Конститутсия яке аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Он асоси сохтори давлатдорӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад, зеро қабули Конститутсия барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ замина гузошт.
Конститутсия Қонуни асосии давлат мебошад. Дар он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, вазифаҳои онҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян шудаанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки аз имкониятҳои дар Конститутсия пешбинишуда истифода барад ва қонунҳои давлатро риоя намояд.
Конститутсия моро ба эҳтироми Ватан, риояи қонун, ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Донистани мазмуну моҳияти он барои ҳар як шаҳрванд муҳим аст, зеро эҳтироми қонун нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ мебошад.
Рӯзи Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва эҳтиром ба давлату миллат аст. Ҷавонон бояд хуб хонанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро омӯзанд ва барои ободии Ватани азизамон саҳм гузоранд.
Хулоса, Конститутсия рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон мебошад. Биёед, онро эҳтиром намоем, қонунҳоро риоя кунем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз кӯшиш намоем.
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng