КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Конститутсия яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин санадҳои ҳуқуқии давлат ба шумор рафта, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин салоҳият ва вазифаҳои мақомоти давлатиро муайян менамояд. Барои мардуми Тоҷикистон Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, адолат ва давлатдории мустақил буда, ҳамчун бахтномаи миллат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 дар назди мардуми Тоҷикистон вазифаи таърихии бунёди давлати мустақил ва ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ қарор гирифт. Дар ин марҳилаи тақдирсоз зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нав ба миён омад, зеро давлати соҳибистиқлол бояд дорои Қонуни асосии худ бошад, ки пояҳои давлатдорӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян ва ҳифз намояд.
Бо ин мақсад лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Мардуми кишвар бо дарки аҳаммияти таърихии ин иқдом ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории қабули Конститутсия овоз доданд. Ин рӯйдоди муҳим заминаи ҳуқуқии марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фароҳам овард.
6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин рӯз тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули ин санади сарнавиштсоз барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар аҳаммияти бузург дошт. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳамасола 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Ин принсипҳои бунёдӣ асосҳои давлатдории миллиро муайян намуда, барои таъмини сулҳу субот, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Маҳз дар асоси ин арзишҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ бояд ба роҳ монда шаванд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳо ва хусусиятҳои Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи онҳоро вазифаи асосии давлат қарор медиҳад. Ҳар як инсон ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ дорад. Давлат вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Зеро инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, эҳтиром ва таъмини онҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Конститутсия ҳамчунин дар ташаккул ва танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ нақши калидӣ дорад. Дар асоси он низоми ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян карда мешавад. Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини мувозинат байни шохаҳои ҳокимият, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ва риояи қонуният дар фаъолияти онҳо аҳаммияти муҳим дорад. Ин тартиб яке аз кафолатҳои асосии фаъолияти муназзами низоми давлатдорӣ ва пешгирии сӯиистифода аз ҳокимият мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии рушди давлат ва ҷомеа нақши муҳим бозида, барои ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва такмили низоми қонунгузорӣ мусоидат намудааст. Тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид карда шуданд, марҳилаҳои муҳими такмили низоми конститутсионӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи замон ба шумор мераванд.
Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Конститутсия танҳо бо таҷлили як санаи таърихӣ маҳдуд намегардад. Моҳияти аслии эҳтиром ба ин санади муқаддас пеш аз ҳама дар риояи талаботи он, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти Ватан зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа масъулияти муштараки тамоми шаҳрвандон мебошад.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои таърихӣ, иродаи сиёсӣ ва арзишҳои миллии мардуми тоҷик мебошад. Он ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар дар таҳкими давлатдории муосири тоҷикон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия, риояи меъёрҳои он ва саҳмгузорӣ дар татбиқи арзишҳои конститутсионӣ вазифаи пуршарафи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Лутфулло ҚАҲҲОРЗОДА,
донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng