КОНСТИТУТСИЯ: ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим на танҳо ҷашни расмӣ, балки рамзи давлатдории навини миллӣ, ваҳдату ягонагии мардум ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ба зиндагии шоиста мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ - замони авҷи низоъҳои дохилӣ ва таҳдиди аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ ҳамчун пойдевори ҳуқуқии давлатдории миллӣ нақши муҳим бозид.
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим намуда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатро муайян мекунад.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он барои бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ, расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи муҳими ҳуқуқӣ фароҳам овард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, бар пояи арзишҳои конститутсионӣ, аз ҷумла ягонагии давлат, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба даст омад. Аз ин рӯ, Конститутсияро метавон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сарнавиштсозе арзёбӣ намуд, ки арзишҳои бунёдии ҷомеаро таҷассум мекунад.
Тибқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёр моҳият ва хусусиятҳои давлатдории навини тоҷиконро муайян намуда, соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии кишварро ҳамчун арзишҳои бунёдии миллӣ муаррифӣ менамояд.
Мувофиқи моддаи 6-и Конститутсия, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат мебошад. Мардум ҳокимияти худро бевосита, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот, инчунин ба таври ғайримустақим, тавассути мақомоти намояндагии давлатӣ амалӣ менамояд.
Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Конститутсия дар моддаи 8 фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро пешбинӣ намуда, дар баробари ин, ҳеҷ як мафкураро ҳамчун мафкураи давлатӣ эътироф намекунад. Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ва хусусияти дунявии давлат барои таъмини озодии виҷдон, гуногунандешӣ ва таҳкими ҳамзистии осоиштаи ҷомеа замина фароҳам меорад. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ гардиданд, ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, меъёрҳои он бо талаботи замон мутобиқ гардонида шуданд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Моддаи 10-и Конститутсия муқаррар менамояд, ки меъёрҳои он эътибори бевоситаи ҳуқуқӣ доранд ва қонунҳою дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба он мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамзамон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Ин меъёр бозгӯи ҳамоҳангии низоми ҳуқуқии кишвар бо принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966), ки Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шудааст, аз ҷумлаи санадҳои муҳими байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) низ ҳамчун санади бунёдии байналмилалӣ барои ташаккул ва рушди стандартҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон аҳаммияти хос дорад.
Мақоми марказии инсон дар низоми ҳуқуқии кишвар дар моддаи 5-и Конститутсия таҷассум ёфтааст. Тибқи ин модда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Давлат вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (моддаи 17), кафолати бегуноҳӣ то замони исботи гуноҳ бо ҳукми қонунии суд (моддаи 20), инчунин озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷумлаи кафолатҳои муҳими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.
Мувофиқи моддаи 12-и Конститутсия, асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад ва маҳрум намудани шахс аз моликият танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун имконпазир аст. Ин кафолатҳо барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё месозанд.
Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси гражданӣ, Кодекси андоз ва қонунҳои соҳавии марбут ба сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ қабул гардидаанд, ки муносибатҳои иқтисодиро танзим менамоянд. Таъмини амнияти иқтисодӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Ин ҳадафҳо, аз ҷумла дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфта, ба принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон такя мекунанд.
Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ маънои онро дорад, ки давлат дар назди ҷомеа барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ масъулият дорад. Конститутсия ҳуқуқи ҳар касро ба меҳнат, интихоби озодонаи касб, шароити бехатари меҳнат ва музди одилонаи кор (моддаи 35), ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), таъминоти иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва аз даст додани саробон (моддаи 39), инчунин ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) кафолат медиҳад. Таҳсилоти умумии асосӣ ҳатмӣ буда, таълими ибтидоӣ ва умумии асосӣ дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти умумӣ ройгон мебошад.
Ҳифзи оила, модару кӯдак, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ятимон ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд низ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд. Бо ин мақсад барномаҳои давлатии иҷтимоӣ амалӣ гардида, низоми таъминоти нафақавӣ такмил дода мешавад ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббию таълимӣ васеъ мегардад.
Конститутсия дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, вазифа ва масъулияти шаҳрвандонро низ муайян менамояд. Риояи Конститутсия ва қонунҳо, пардохти андозу пардохтҳои ҳатмӣ, ҳифзи Ватан ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошанд. Мувозинати ҳуқуқу уҳдадориҳо яке аз шартҳои асосии таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии дорои қувваи олии ҳуқуқӣ пойдевори давлатдории миллӣ ва кафили конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Он дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ меъёрҳои бунёдиеро муқаррар намудааст, ки ба рушди устувори кишвар, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, омӯзишу риояи меъёрҳои Конститутсия, бахусус дар байни ҷавонон, ва эҳтироми қонун вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Рӯзи Конститутсия моро ба дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол раҳнамун месозад. Зеро ҳифзи Конститутсия, пеш аз ҳама, ҳифзи Ватан, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ояндаи дурахшони наслҳои оянда мебошад.
А. НАЗАРЗОДА,
мутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng