КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ДАВЛАТӢ
Дар ҷомеаи муосир, ки бо тағйироти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯст, зарурати доштани санади ҳуқуқие, ки муносибатҳои давлат ва ҷомеаро танзим кунад, муҳимтарин омил барои таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Ин санад, ки мо онро Конститутсия меномем, ба ҳайси Қонуни асосии кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва шаҳрвандонро дар бар мегирад. Он на танҳо нақши танзимкунанда, балки ҳидоятгар ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро мебозад.
Ташаккули Конститутсия ҳамчун як шакли танзими қонунӣ ва сиёсӣ, натиҷаи садсолаҳо ҷустуҷӯи инсон барои адолат, озодӣ ва ҳуқуқи баробар дар назди қонун мебошад. Дар гузашта муносибатҳои иҷтимоӣ бештар тавассути анъана, урфу одат ва фармонҳои шоҳон танзим мешуданд, вале бо густариши шуури сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инсоният ба зарурати ташкили ҳокимият дар доираи қонунҳои умумӣ омада расид.
Пайдоиши аввалин Конститутсияҳои хаттӣ, аз ҷумла Конститутсияи ИМА (1787) ва Фаронса (1791) оғози марҳилаи нав дар ташкили давлатҳои демократиро муайян намуд. Дар ин конститутсияҳо принсипҳои волоияти қонун, тақсимоти ҳокимият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври равшан баён шудаанд.
Конститутсия шакл ва низоми ҳокимияти давлатиро муқаррар мекунад, масалан, он муайян месозад, ки оё давлат дорои низоми президентӣ, парлумонӣ ё омехта аст. Инчунин, тақсимоти ҳокимият ба се шоха қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз принсипҳои муҳими конститутсионӣ ба шумор меравад. Ин тақсимот пешгирӣ аз истибдод ва мутамарказшавии ҳокимиятро таъмин мекунад.
Дар ҳар давлате, ки худро ҳуқуқбунёд меномад, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шахсиро ҳамчун арзиши олӣ муаррифӣ мекунад. Ин ҳуқуқҳо метавонанд шомили ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии баён, озодии виҷдон, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва адолати судӣ бошанд. Қонунҳои дигар бояд мутобиқи ин ҳуқуқҳо қабул ва татбиқ шаванд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони истиқлол дар соли 1991, Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Таъсиси сохтори давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии миллӣ ниёз ба Конститутсияи навро ба миён овард, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994, мардуми кишвар дар як раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навро қабул карданд, ки то имрӯз санади асосии ҳуқуқии кишвар боқӣ мондааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро ҳамчун ҷумҳурӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона муайян мекунад. Дар он чунин арзишҳо ва принсипҳо баён ёфтаанд: ҳокимият аз номи халқ ва тавассути халқ амал мекунад, баробарии шаҳрвандон новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, дину эътиқод таъмин мегардад ва забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳифз карда мешаванд.
Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳама аз шахсони одӣ то мақомоти олии давлатӣ дар назди қонун баробаранд. Конститутсия на танҳо қонунҳоро ҳидоят мекунад, балки меъёрҳои рафтори мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро низ муайян мекунад. Агар қонун ё санади дигаре мухолифи Конститутсия бошад, он беэътибор шуморида мешавад. Суди конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба ҳамин хотир таъсис дода шудааст, то мутобиқати қонунҳо бо Конститутсияро назорат барад.
Конститутсия танҳо як ҳуҷҷати расмӣ нест. Он бояд дар зеҳни мардум, дар фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии ҷомеа ҷой дошта бошад. Эҳтиром ва итоати шаҳрвандон ба Конститутсия маънои онро дорад, ки фаъолияти ҷомеа рӯ ба ҳуқуқмеҳварӣ ва адолат равона гардидааст. Давлат низ бояд кафолат диҳад, ки: ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон воқеан, татбиқ мешаванд ва мақомоти давлатӣ аз ҳадди ваколатҳои худ намебароянд ва мардум имкони иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятиро доранд.
Конститутсия санади сарнавиштсоз барои ҳар як давлат мебошад. Он на танҳо сохтори давлат ва қонунҳоро муайян мекунад, балки симои ҳуқуқии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, бо Конститутсияе, ки бар арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ асос ёфтааст, роҳи рушду пешрафтро тай мекунад.
Беҳзод Азизқулов,
муаллими калони кафедраи молияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng