Сад нома аз ин пеш агар буд маро,

Аз номаи бахт кай хабар буд маро?

Сад ояту даҳ сура аз ин сарқонун

Раднома ба чашми каҷназар буд маро.

Конститутсия яке аз муҳимтарин ва бузургтарин санадҳои ҳуқуқии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, пояи асосии давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муайянкунандаи самтҳои асосии рушди ҷомеа мебошад. Он ҳамчун Қонуни асосии кишвар мақоми олиро доро буда, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба меъёрҳои он мутобиқат намоянд. Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.

Ҳар як давлати мустақил пеш аз ҳама тавассути рамзҳои давлатӣ — Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва, албатта, Қонуни асосии худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, Конститутсияро ба ҳақ «шиносномаи сиёсии давлат» меноманд. Он на танҳо сохтори давлат ва низоми фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекунад, балки муносибатҳои байни инсон ва ҷомеа, шахс ва давлатро низ тавассути меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар марҳилаи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба вуқуъ пайваста, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт. Қабули Қонуни асосӣ ба таҳкими сохтори давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳамасола 6 ноябр дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Ин санаи муборак моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ арҷ гузошта, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз саъю талош намоем. Рӯзи Конститутсия тантанаи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, сарфарозӣ ва бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин ҷашни муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басо азизу мукаррам аст. Зеро маҳз истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Конститутсия ҳамчун рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва пояҳои ҳастии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми мамлакат роҳи саодат ва ояндаи дурахшонро муайян менамоянд.

Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муҳимми давлатдорӣ, санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат муносибат намуда, дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бунёди ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Ин санади тақдирсоз яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорӣ ва манфиатҳои миллии моро ифода намуда, барои эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил ва комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон эътироф гардида, бо давлатҳои гуногун муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад. Ин мавқеъ имконият медиҳад, ки кишвари мо манфиатҳои миллии худро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ саҳм гузорад.

Конститутсия танҳо санади ҳуқуқӣ нест, балки бахтномаи миллат, рамзи озодӣ, адолат, соҳибихтиёрӣ ва ҳамбастагии мардуми тоҷик мебошад. Эҳтиром ва риояи он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Қудрати воқеии Конститутсия на танҳо дар меъёрҳои дар он муқарраргардида, балки пеш аз ҳама дар татбиқи амалии онҳо ва риояи талаботи қонун аз ҷониби ҳар як фарди ҷомеа ифода меёбад.

Маҳз ба шарофати меъёрҳои созандаи Қонуни асосӣ имрӯз мо барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар заминаи ҳуқуқӣ дорем. Ин санади тақдирсоз ба шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои васеъ дода, ҳамзамон масъулияти бузургро низ ба зиммаи ҳар яки мо мегузорад. Мо вазифадорем, ки Ватани азиз, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, онҳоро бо ифтихор ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Конститутсияро ба ҳақ «бахтномаи миллат» меноманд. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки меъёрҳои онро риоя намуда, ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва номуси дигаронро эҳтиром кунад. Танҳо дар сурати эҳтиром ба қонун, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ - бунёди давлати пешрафта ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар ноил гардем.

 

Наргис ДАВЛАТОВА,

муаллими калони кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиии ДДМИТ