Ҳар як миллати соҳибдавлат дар масири таърих рӯйдодҳои муҳиме дорад, ки сарнавишти минбаъдаи давлату ҷомеа ва самтҳои асосии рушди онро муайян менамоянд. Барои мардуми Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо асосҳои сохтори давлатдориро муайян намуд, балки барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Ин сана барои мардуми кишвар рамзи эҳтиром ба Қонуни асосӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди имрӯзу фардои Ватан мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қабули он дар шароити мураккаби таърихӣ ва марҳалаи аввали ташаккули давлатдории мустақил сурат гирифта, барои муайян намудани пояҳои ҳуқуқии давлат, низоми идоракунӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти бузург дошт. Имсол аз қабули ин санади сарнавиштсоз 32 сол сипарӣ мегардад. Дар ин давра Конститутсия ҳамчун асоси низоми ҳуқуқии мамлакат дар ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, такмили қонунгузории миллӣ ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ нақши муайянкунанда бозидааст.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро фароҳам меорад. Аммо таҳкими истиқлолият бе низоми устувори ҳуқуқӣ ва қонунгузории мукаммал ғайриимкон аст. Аз ин ҷиҳат, Конститутсия заминаи асосии ҳуқуқии давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёр принсипҳои бунёдии сохтори конститутсионии давлатро муқаррар намуда, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату ҷомеаро муайян месозад. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама, дар волоияти қонун, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода меёбад. Аз ин рӯ, Конститутсия на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки санадест, ки муносибатҳои байни давлат, ҷомеа ва шахсро муайян менамояд.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки он арзишҳои давлатдории миллӣ ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқиро дар низоми ягона муттаҳид менамояд. Дар муқаддимаи он масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо таъкид гардидааст.

Яке аз дастовардҳои муҳими ҳуқуқии Конститутсия эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ин меъёр аҳаммияти бунёдӣ дошта, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро яке аз вазифаҳои асосии давлат муайян мекунад.

Дар Конститутсия ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, озодии виҷдон, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешбинӣ гардидаанд. Дар ҷомеаи муосир таъмини амалии ин ҳуқуқҳо яке аз муҳимтарин омилҳои рушди устувор маҳсуб меёбад. Зеро пешрафти давлат танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ маҳдуд намегардад, балки ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба имкониятҳои иҷтимоӣ, таъмини адолат ва эҳтироми шаъну шарафи инсон низ вобаста мебошад.

Дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, Конститутсия масъулият ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро низ муайян менамояд. Эҳтироми қонун, риояи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи табиат ва муҳити зист, инчунин муносибати масъулиятнок ба манфиатҳои ҷомеа аз унсурҳои муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дарки дурусти мазмуну моҳияти Конститутсия танҳо донистани ҳуқуқҳои шахсиро дар бар намегирад, балки эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқҳои дигарон ва дарки масъулияти шахсӣ дар назди ҷомеаро низ тақозо менамояд.

Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, рушди соҳибкорӣ, ҳифзи моликият ва истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад. Меъёрҳои конститутсионӣ оид ба шаклҳои гуногуни моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои ташаккули муносибатҳои бозорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва дигаргуниҳои босуръати иқтисодӣ аҳаммияти риояи принсипҳои конститутсионӣ боз ҳам бештар мегардад. Зеро фаъолияти самараноки иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот ва таҳкими муносибатҳои соҳибкорӣ ба муҳити устувори ҳуқуқӣ, шаффофияти қонунгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ вобастагии зич доранд.

Ҳамзамон, принсипи давлати иҷтимоӣ, ки дар моддаи 1-и Конститутсия муқаррар шудааст, ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи инсон равона гардидааст. Ин меъёр аҳаммияти сиёсати иҷтимоӣ, рушди маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро дар фаъолияти давлат таъкид менамояд.

Бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихӣ ва ҳуқуқии Конститутсия боз ҳам бештар гардида, зарурати татбиқи пайвастаи меъёрҳои он дар ҳаёти ҷомеа муҳимтар мешавад. Тағйиру иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, марҳалаҳои муайяни рушди низоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамоянд.

Дар айни замон, устувории давлати ҳуқуқбунёд аз риояи воқеии қонунҳо, фаъолияти масъулиятноки мақомоти давлатӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иштироки бошууронаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа вобаста аст. Ҳар як насл вазифадор аст, ки арзишҳои ҳуқуқӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз намуда, барои таҳкими адолат, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад. Рӯзи Конститутсия фурсати муносибест, ки дар баробари ёдоварӣ аз аҳаммияти таърихии қабули Қонуни асосӣ, ҳар як шаҳрванд масъулияти худро дар таҳкими волоияти қонун ва рушди ояндаи кишвар дарк намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус дорад. Он асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои фаъолияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои бунёдии муносибатҳои ҷамъиятиро муайян менамояд. Таҷлили 32-юмин солгарди қабули Конститутсия на танҳо гиромидошти як санаи таърихӣ, балки ифодаи эҳтиром ба қонун, арзишҳои шаҳрвандӣ ва масъулият дар назди ояндаи кишвар мебошад.

Бинобар ин, омӯзиш, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин заминаҳои пешрафти ҷомеа ва устувории давлатдорӣ ба шумор мераванд.

 

Шаҳноза ҲУКМАТОВА,

донишҷӯи курси сеюми ихтисоси аудит ва ревизияи ДДМИТ