НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАЪМИНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар низоми ҳуқуқии ҷомеа мақоми олиро ишғол намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байни давлат ва шахс, инчунин принсипҳои бунёдии ҳаёти ҷамъиятиро муайян менамояд. Он на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки заминаи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва воситаи муҳими таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир аҳаммияти Конститутсия бо танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳдуд нашуда, дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти махсуси таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи шаҳрвандон қарор гирифтанд. Дар чунин шароити мураккаб зарурати қабули санади олии ҳуқуқӣ, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд, ба миён омад. Дар натиҷа, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи нави рушди сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакатро оғоз бахшид.
Аҳаммияти Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин принсипҳо на танҳо хусусияти давлатдории миллиро муайян мекунанд, балки барои таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти бунёдӣ доранд.
Яке аз омилҳои асосии таъмини сулҳу субот мавҷудияти низоми устувори ҳуқуқӣ ва эҳтироми волоияти қонун мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд бар он асос меёбад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ гардад. Вақте ки қонун ҳамчун меъёри умумӣ ва ҳатмии рафтор эътироф мешавад, имконияти ҳалли баҳсҳо ва ихтилофҳо тавассути роҳҳои қонунӣ бештар гардида, заминаҳои худсарӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ маҳдуд мешаванд. Аз ин лиҳоз, Конститутсия воситаи муҳими танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ин муқаррарот барои таъмини ягонагии низоми ҳуқуқии мамлакат ва мутобиқати тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Қонуни асосӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи ягонаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар баробари ин, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ яке аз дастовардҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Моддаи 5-и Конститутсия муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ин меъёр масъулияти давлатро дар самти эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян намуда, барои ташаккули муносибатҳои одилонаи ҷамъиятӣ замина мегузорад. Ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, баробарӣ дар назди қонун, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳои асосӣ ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқӣ мусоидат мекунад. Зеро суботи воқеии ҷомеа дар шароите таъмин мегардад, ки ҳар як шахс имконияти амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худро дошта бошад.
Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки барои ба даст овардан ва ҳифз намудани онҳо талошу масъулияти тамоми ҷомеа зарур аст. Раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 марҳалаи муҳимми худро паси сар намуд, барои барқарорсозии давлат ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷомеа замина гузошт. Ин таҷриба собит сохт, ки ҳалли ихтилофҳо тавассути муколама, музокирот, гузаштҳои мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавонад ҷомеаро ба сӯи сулҳу суботи пойдор раҳнамун созад.
Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми ягонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Муқаррар намудани принсипҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи тамомияти арзии давлат, гуногунандешии сиёсӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон барои ташаккули ҷомеаи муттаҳид аҳаммияти муҳим дорад. Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир бояд на танҳо ҳамчун ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ, балки ҳамчун эҳтироми мутақобила, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди давлату ҷомеа дарк карда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигар дар таъмини суботи ҷомеа тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ин принсип барои муайян намудани доираи ваколатҳои мақомоти давлатӣ, пешгирии мутамарказшавии аз ҳад зиёди ҳокимият ва таъмини фаъолияти муназзами низоми идоракунии давлатӣ аҳаммияти калон дорад. Махсусан, фаъолияти босамар ва мустақили ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, барқарор намудани адолат ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад. Эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти судӣ ва имконияти воқеии ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо яке аз шартҳои асосии устувории ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, бояд таъкид намуд, ки танҳо мавҷудияти меъёрҳои конститутсионӣ худ аз худ сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин карда наметавонад. Самаранокии Конститутсия пеш аз ҳама ба татбиқи воқеии меъёрҳои он, фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотӣ рӯ ба рӯ мебошад, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, ба ҳуқуқҳои дигарон эҳтиром гузорад ва масъалаҳои баҳсталабро танҳо бо роҳҳои қонунӣ ҳал намояд. Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳифзи муҳити зист ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки барои таҳкими сулҳу субот мусоидат мекунанд.
Дар ин замина, нақши ҷавонон низ хеле муҳим аст. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд бо дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар таҳкими арзишҳои конститутсионӣ саҳм гузоранд. Омӯзиши Конститутсия, шиносоӣ бо қонунгузории миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ташаккули насли соҳибмаърифат ва қонунмеҳвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро устувории давлат ва ҷомеа дар оянда аз сатҳи дониш, фарҳанги ҳуқуқӣ ва муносибати масъулонаи насли ҷавон низ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат дар таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат нақши муҳим ва муайянкунанда дорад. Он тавассути муқаррар намудани принсипҳои бунёдии давлатдорӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва муайян намудани асосҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ барои ташаккули ҷомеаи устувор заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Аммо ҳифз ва таҳкими ин арзишҳо танҳо дар сурати эҳтироми воқеии қонун, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа имконпазир мегардад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Конститутсияро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ эҳтиром намуда, дар татбиқи меъёрҳои он ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба қонун арзишҳое мебошанд, ки ҳифзи онҳо масъулияти муштараки давлат ва ҳар як узви ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ёрзода Қиёмиддин Тоҳир,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng