КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТДОРӢ
Конститутсия санади олии ҳуқуқии ҳар як давлати мустақил буда, маҷмӯи меъёрҳои бунёдии ҳуқуқӣ, ифодагари иродаи миллӣ, асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Он ҳамчунин рамзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи осудаву ободи кишвар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи амалкунанда, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади бунёдии ҳуқуқию сиёсӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ нақши муҳим мебозад.
Яке аз дастовардҳои муҳимми Конститутсия эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ, озодии виҷдон ва сухан, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ дар он мустаҳкам гардидаанд. Ин меъёрҳо барои ҳифзи шаъну шарафи инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам меоранд.
Тавозуни байни ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандон яке аз пояҳои асосии ҷомеаи солим ба шумор меравад. Вақте ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро хуб медонанд, онҳоро эҳтиром мекунанд ва уҳдадориҳои қонунии худро софдилона иҷро менамоянд, эътимод ба низоми ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ таҳким меёбад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз шартҳои муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Конститутсия принсипи тақсимоти ҳокимияти давлатиро ба се шоха - қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намудааст. Ин принсип барои таъмини мувозинати ҳокимият, пешгирии сӯиистифода аз ваколатҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити фаъолияти мутақобилаи шохаҳои ҳокимият аҳаммияти муҳим дорад.
Дар низоми ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти давлатӣ ва Ҳукумат ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия фаъолият менамоянд. Ҳокимияти судӣ бошад, тавассути судҳо амалӣ гардида, вазифаи муҳими таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро иҷро мекунад. Мустақилияти ҳокимияти судӣ яке аз кафолатҳои муҳими волоияти қонун мебошад, зеро таъмини адолати судӣ ва баррасии холисонаи баҳсҳо барои таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқӣ аҳаммияти калон дорад.
Конститутсия асосҳои ташкили ҳокимияти маҳаллӣ ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян менамояд. Ин низом барои ҳалли масъалаҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ, ба назар гирифтани манфиатҳои аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бе пояҳои устувори ҳуқуқӣ таъмин ва ҳифзи сулҳу субот душвор аст. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ифодагари арзишҳои умумимиллӣ барои ҳалли ихтилофҳо дар доираи қонун, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи ваҳдати ҷомеа замина фароҳам меорад. Он ҷомеаро ба риояи қонун, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои якдигар ҳидоят менамояд.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо хатару таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла экстремизм, терроризм, ҷангҳои иттилоотӣ ва ноустувории иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳаммияти Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии таъмини амният, субот ва ҳамбастагии ҷомеа боз ҳам бештар мегардад. Риояи меъёрҳои конститутсионӣ, волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз омилҳои муҳими муқовимат ба чунин таҳдидҳо мебошанд.
Ояндаи ҳар як давлат аз он низ вобаста аст, ки насли ҷавон то чӣ андоза қонунро эҳтиром мекунад, ҳуқуқу озодиҳои худро медонад ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк менамояд. Ҷавонон бояд донанд, ки истифодаи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳамеша бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи талаботи қонун алоқаманд аст. Муроҷиат ба суд, иштирок дар интихобот, истифода аз озодии сухан ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионӣ аз ҷумлаи воситаҳои қонунии иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо мебошанд.
Эҳтиром ба Конститутсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як шахс бояд дар ҳаёти рӯзмарраи худ меъёрҳои онро риоя намуда, ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон эҳтиром гузорад ва дар таҳкими волоияти қонун саҳм гузорад.
Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Вақте ки меъёрҳои конститутсионӣ дар амал татбиқ мегарданд, қонун эҳтиром карда мешавад ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳифз мешаванд, барои таҳкими адолат, суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат шароити мусоид фароҳам меояд.
Фахриддин РАҲИМОВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng