Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии кишвар буда, заминаи устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ин замина, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ, ки дар Конститутсия ва қонунгузории соҳавӣ мавқеи хос дорад, соҳаи маориф мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як инсон ба таҳсил кафолат дода шуда, таҳсилоти умумии асосӣ ҳатмӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, давлат уҳдадор аст, ки барои рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ андешад. Ин меъёри конститутсионӣ бозгӯи сиёсати иҷтимоии давлат ва таваҷҷуҳи хос ба рушди инсон ҳамчун сармояи асосии миллӣ мебошад.

Маҳз дар заминаи Конститутсия қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои зиёде қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо таҳкими заминаҳои ҳуқуқию моддии соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои дастрасӣ ба таҳсил мебошад.

Конститутсия ва қонунҳои соҳавӣ принсипҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълиму тарбия, аз ҷумла омӯзгорону хонандагон, инчунин нақши давлатро дар таъмини дастрасии баробар ба таҳсил муайян менамоянд. Дар баробари ин, мақоми иҷтимоии омӯзгор тадриҷан баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин пешаи пуршарафу масъулиятнок заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Дар заминаи Конститутсия ва қонунҳои соҳавӣ як қатор барномаҳои давлатӣ таҳия ва амалӣ гардидаанд, ки ба рушди устувори низоми маориф равона шудаанд. Аз ҷумла, Барномаи миллии рушди маориф барои солҳои 2021–2030 аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосии он мутобиқ намудани низоми маорифи кишвар ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Барномаи мазкур ба принсипҳои конститутсионӣ такя намуда, таъмини дастрасии баробар ба таҳсил, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири таълимӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорро аз самтҳои афзалиятноки худ медонад.

Дар баробари ин, Конститутсия ва қонунгузории соҳаи маориф ба рушди забони давлатӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Тибқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони давлатии кишвар забони тоҷикӣ мебошад. Забони модарӣ ва давлатӣ ҳамчун омили муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва рушди фарҳангии насли наврас нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва арзишҳои ҷомеаи демократӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба соҳаи маориф аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ то имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки илму маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати рушди устувори давлат мебошанд. Ин андеша моҳияти сиёсати иҷтимоӣ ва конститутсионии давлатро таҷассум намуда, зарурати сармоягузорӣ ба рушди неруи зеҳниву маънавии ҷомеаро бозгӯ мекунад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи давлат дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории соҳавӣ, солҳои охир дар Тоҷикистон садҳо муассисаи таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, шароити моддию техникии онҳо беҳтар карда шудааст. Ҳамзамон, барномаҳои нави таълимӣ роҳандозӣ гардида, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар раванди таълим густариш ёфтааст. Ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ низ ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия мусоидат намудааст.

Бо дарназардошти ин, нақши Конститутсия дар рушди соҳаи маориф на танҳо дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, балки дар таҳкими равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа низ хеле бузург аст. Зеро маҳз тавассути таълиму тарбия давлат насли босавод, соҳибмаърифат, огоҳ, масъулиятшинос ва ватандӯстро ба камол мерасонад. Ин насл дар оянда идомадиҳандаи арзишҳои конститутсионӣ, ҳомии манфиатҳои миллӣ ва созандаи ҷомеаи пешрафта хоҳад буд.

Маҳз бо такя ба ин санади олии ҳуқуқӣ ва қонунҳои марбут ба он, соҳаи маорифи Тоҷикистон имрӯз дар роҳи таҳаввулоту навсозӣ қарор дошта, кӯшиш менамояд, ки ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ бошад ва барои тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқии давлат, балки кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмини адолат, суботу оромӣ ва заминаи зиндагии осоиштаи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши таърихӣ дорад. Он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллиро муайян менамояд. Арзишҳои дар он таҷассумёфта барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар аҳаммияти бунёдӣ дошта, рушди соҳаи маорифро ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат ва ҷомеа таъмин менамоянд.

 

Вайс ШАРИПОВ,

омӯзгори ДДМИТ