ПОЯҲОИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллии кишвар ба шумор рафта, ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мегардад. Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат санади олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми мақомоти давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян менамояд. Он рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун ба ҳисоб меравад.
Мақомоти гумрук ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Зеро фаъолияти самараноки мақомоти гумрук, пеш аз ҳама, ба риояи қонун, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ асос меёбад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва заминаҳои ҳуқуқии минбаъда, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтанд, барои ташаккул ва рушди низоми мустақили гумруки миллӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. 22 январи соли 1992 дар сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук таъсис дода шуда, дар назди он вазифаҳои муҳими танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва таъмини манфиатҳои иқтисодии давлат гузошта шуданд.
Мақомоти гумрук дар низоми давлатдории миллӣ мақоми махсус дошта, яке аз ниҳодҳои муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои молиявии давлат ба шумор меравад. Фаъолияти он, пеш аз ҳама, ба таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ, танзими муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, пешгирии қочоқ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди савдои байналмилалӣ равона шудааст.
Яке аз принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд волоияти қонун мебошад. Ин принсип дар фаъолияти мақомоти гумрук аҳаммияти махсус дорад. Зеро назорати гумрукӣ, барасмиятдарории молу маҳсулот, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бояд танҳо дар доираи ваколатҳои муқарраргардида амалӣ карда шаванд. Риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ба баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ва соҳибкорон ба мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки яке аз арзишҳои меҳварии Конститутсия мебошад, дар фаъолияти мақомоти гумрук низ бояд мавқеи муҳим дошта бошад. Таъмини муносибати одилона бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, эҳтироми ҳуқуқи моликият, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва фароҳам овардани шароити баробари фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи талаботи муҳими фаъолияти хизматии кормандони гумрук ба ҳисоб мераванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми гумруки кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, такмили расмиёти гумрукӣ, истифодаи низоми электронии барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Ин равандҳо ба содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ, шаффофияти хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҷиҳати мубодилаи таҷриба, такмили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Чунин ҳамкориҳо дар заминаи принсипҳои сиёсати хориҷии давлат, ки дар Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии дахлдор ифода ёфтаанд, амалӣ мегарданд.
Масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос низ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди низоми гумрук ба ҳисоб меравад. Зеро фаъолияти самараноки ин соҳа аз донишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, забондонӣ, малакаи истифодаи технологияҳои муосир ва масъулияти баланди касбии кормандон вобастагии зиёд дорад. Корманди ояндаи мақомоти гумрук бояд донандаи хуби Конститутсия, қонунгузории миллӣ ва принсипҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд бошад.
Имрӯз дар шароити рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратӣ тақозо мегардад, ки мақомоти гумрук фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон такмил дода, истифодаи технологияҳои рақамиро васеъ намояд, сифати хизматрасониро баланд бардорад ва шаффофияти фаъолияти хизматиро таъмин созад. Ин равандҳо бояд дар заминаи риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гарданд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат пояи ҳуқуқии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти гумрукро ташкил медиҳад. Мақомоти гумрук бошад, ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими амнияти иқтисодии кишвар нақши муассир мебозад.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувори ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фароҳам оварда, мақомоти гумрук низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ ташаккул ёфта, дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти назаррас дорад.
Абдулло КАМОЛЗОДА,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng