Вақте ки мо дар бораи  нақшу мақом ва саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон оид ба хизматҳои беназир  ба кишвари азиз сухан мегўем, пеши назари ҳамаи мо меҳнатҳои шабонарўзии  Ҷаноби Олӣ  дар масоили таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳёи фарҳангӣ миллӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, давлатдории муосири миллати тоҷик ва  пешрафти дурахшони Тоҷикистон таҷаллӣ мекунад.

Саҳми барҷаста ва хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлати миллӣ, баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ баръало ба чашм намудор мебошад.

Бояд қайд намуд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо исм ва фаъолияти пурсамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ пайдо намуданд.

Хусусиятҳои ба Пешвои муаззами миллат хос, истеъдоди фитрии пешбинӣ карда тавонистани ҳодисаю равандҳо, қобилияти дар атрофи ғояҳои худ ҷамъ кардани мардуми кишвар, истодагарӣ дар самти татбиқи мақсадҳои худ аз рўзҳои аввали фаъолияташон ҳамчун Сарвари давлат ба ҳимояи манфиатҳои миллату ватан равона шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон ҳар як қарори идориро мулоҳизакорона ва дурандешона борҳо санҷида, баъдан ба талаботи муҳимтарини он посухгўйи манфиатҳои давлатию миллӣ бударо, қабул менамоянд.

Хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳри миллату давлати тоҷик ниҳоят зиёданд ва ҳар кадоми онҳо аз руйи аҳамиятнокиашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат дар сатҳи баланди миллию давлатӣ қарор доранд. 

Корнамоиҳои бемислу монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳалқаҳои як занҷир якдигарро пурра месозанд. Дар ин росто, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ бо шарофати ҷасорату матонат ва хирадмандию дурандешии сарвари нави давлати тоҷикон -  Эмомалӣ Раҳмон қадам ба қадам устувортар гардида, пеши роҳи идома ёфтани муқовимати байниҳамдигарии душманони миллати тоҷик боздошта шуд.

Рукнҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор гардид ва пеши роҳи аз байн рафтани давлати нави Тоҷикистон гирифта шуда, ислоҳоти конститутсионӣ роҳандозӣ гардид, дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор шуд ва дар ҳамин замина давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мақому эътибори сиёсии арзанда пайдо намуд.

Дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози гузариш ба низоми нави давлатдорӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути амалисозии сиёсати оқилонаю дурандешонаи иҷтимоию фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи таъриху тамаддуни бостонии миллӣ тавонистанд, мардумро атрофи ғояҳои муттаҳидкунандаю пешбаранда бо ҳам биёрад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳнамоии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба остонаи асри нав дар вазъияте ворид гардид, ки фазои мамлакат пас аз нооромиҳо акнун меҳанро сулҳу оромӣ фаро гирифта буд ва он аз рушди минбаъдаю зиндагии саодатмандонаи мардуми тоҷик шаҳодат медод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон мавқеи устувор дошта, баҳри таъмини баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон ва ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо пайваста дар баромаду вохўриҳо, аз ҷумла Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Парлумони кишвар ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занони тоҷик ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа таъкид намуда, заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Аз оғози давраи соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва иштироки васеи занон дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар таъмин гардида, ҳамеша ба қувваю хиради онҳо такя менамоянд.

Яъне, сиёсати гендерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҳамчун омили муҳим дар ташаккули шахсияти зан мусоидат карда, эътироф гардидани зан-роҳбар, фаъолияти ўро дар рушди бемайлони тамоми соҳаҳо ногузир арзёбӣ менамояд.

Хулоса, бо итминони комил метавон гуфт, ки фазои сулҳу субот, ғояҳои муттаҳидсозанда ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло хоҳад рафт.

Роҳи тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи истеъдоди роҳбарӣ ва ифтихормандии мардуми шарифи тоҷик буда, садоқату эътимод ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтироми самимонаи тамоми сокинони кишвар ба хизматҳои бесобиқа ва шоҳкориҳои беназири Пешвои миллат мебошад.

 

Латифамо ХОҶАЕВА -

муаллими калони кафедраи

забони русии ДМИТ