КОРРУПСИЯ - ХАТАР БА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ
Дар ҷаҳони муосир яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои рушди устувори иқтисодӣ, сиёсат, маориф ва адолат коррупсия мебошад. Коррупсия дар ҳар шакле, ки зуҳур кунад, боиси суст шудани пояҳои давлатдорӣ, пастравии сатҳи зиндагии мардум ва коста шудани эътимоди ҷомеа ба ҳокимият мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо он тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Коррупсияро метавон ҳамчун истифодаи ғайриқонунии вазифа ё ваколати мансабӣ барои манфиати шахсӣ, оилавӣ ё гурӯҳӣ таъриф дод. Ин кирдор метавонад ба шаклҳои гуногун, мисли ришвагирӣ, суистифода аз ваколат, сохтакорӣ ва қонуншиканӣ дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ зоҳир гардад.
Омилҳои ба вуҷуд омадани коррупсия фарҳанги пасти ҳуқуқӣ дар байни мардум ва камбуди шаффофият дар идоракунии моликияти давлатӣ мебошад.
Зарарҳои коррупсия ба ҷомеа ва давлат
- Иқтисодӣ: паст шудани ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи нодурусти буҷа, рушди ғайриқонунии тиҷорат;
- Иҷтимоӣ: заифшавии адолати иҷтимоӣ, зиёдшавии фақр, беэътимодӣ ба сохторҳои давлатӣ;
- Сиёсӣ: коста шудани обрӯи давлат, заиф гардидани сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ;
- Ахлоқиву фарҳангӣ: паҳншавии бефарқӣ, сустшавии арзишҳои ахлоқӣ ва ватандӯстӣ.
Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон барои коҳиш ва решакан намудани коррупсия қадамҳои муассир гузошта истодаанд, аз ҷумла қабули қонунҳо ва стратегияҳои зидди коррупсия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими шаффофият дар озмунҳо ва харидҳои давлатӣ, инчунин, ҷалби ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ташвиқу таблиғи амалҳои зиддикоррупсионӣ.
Ҳар шахс бояд дар мубориза бар зидди коррупсия масъулият ҳис кунад. Агар шаҳрвандон мавридҳои ришваситонӣ ва беадолатиро ошкор ва хабар диҳанд, сатҳи коррупсия коҳиш меёбад. Омӯзиши ҳуқуқ, иштироки фаъолона дар ҷомеа ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад ба коҳиши ин амали номатлуб мусоидат кунад.
Коррупсия ба мисли вируси хатарнокест, ки рушди ҷомеа ва устувории давлатро зери хатар мегузорад. Танҳо бо иродаи қавӣ, қонунҳои мукаммал, назорати ҷиддӣ ва иштирокчиёни фаъол дар ҷомеа метавонем бо он мубориза бурда, давлате бунёд намоем, ки дар он адолат, поквиҷдонӣ ва масъулият шарти асосии зиндагӣ бошанд.
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng