Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.

Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 январи соли 2021.

Қобили зикр аст, ки саҳми омӯзгор дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ, саводнокӣ ва сатҳи донишҳои ҷомеаи имрӯза ниҳоят муҳим мебошад. Зеро омӯзгор на танҳо ба насли наврас дониш меомӯзонад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандии онҳо низ нақши калидӣ дорад.

Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир як қатор ҷинояту кирдорҳои номатлуб мавҷуданд, ки боиси ба миён омадани хатару мушкилоти ҷиддӣ барои давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Аз ҷумла, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, одамрабоӣ, ришваситонӣ ва дигар шаклҳои зуҳуроти коррупсионӣ аз ҷумлаи чунин таҳдидҳо ба шумор мераванд.

Дар кишвари мо низ, бинобар сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шахсони алоҳида бе дарки пурраи моҳият ва оқибатҳои ҳуқуқии кирдори худ ба амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ даст мезананд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки омӯзгорон, новобаста аз ихтисос ва самти фаъолияти касбии худ, дар раванди таълим ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Аз ҷумла, онҳо бояд дар доираи дарсҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ дар бораи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия сухан ронда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд ва насли наврасу ҷавононро аз оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб огоҳ созанд.

Хусусан, омӯзгорони фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ, ки дорои дониш ва таҷрибаи муносиби ҳуқуқӣ мебошанд, бояд мунтазам дарсҳои кушод, мизҳои мудаввар, суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ, озмунҳо ва маҳфилҳои ҳуқуқшиносони ҷавонро ташкил намоянд. Ҳамзамон, истифодаи наворҳои видеоӣ, маводи иттилоотӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ дар мавзӯи муқовимат бо коррупсия ва оқибатҳои манфии он метавонад барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули мавқеи оштинопазири хонандагону донишҷӯён нисбат ба чунин кирдорҳо мусоидат намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаро ба муборизаи қатъӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ коррупсияро «кирдори хатарноки зиддидавлатӣ» номида, таъкид намудаанд, ки: «Ин амали нангин обрӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд ва мубориза ба ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва умуман амнияти давлат аст».

Аз мазмуну муҳтавои ин суханон бармеояд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа ва давлат буда, ба амнияти иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падида бояд вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа бошад.

Мо, омӯзгорон, метавонем бо истифода аз имкониятҳои таълимӣ ва тарбиявӣ хонандагону донишҷӯён, инчунин волидони онҳоро аз оқибатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кирдорҳои коррупсионӣ огоҳ созем. Дар ин самт истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳо бо кормандони соҳаи маориф таъкид намудаанд, соҳаи маориф яке аз сутунҳои асосии давлат ба шумор меравад. Зеро тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати онҳо, инчунин омода намудани мутахассисони соҳибкасб маҳз ба фаъолияти ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд масъулияти омӯзгорон ниҳоят бузург мебошад.

Беҳуда нагуфтаанд:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Яъне, агар мо, омӯзгорон, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас аз рӯйи адолат амал намуда, вазифа ва масъулиятҳои касбии худро поквиҷдонона иҷро кунем, метавонем насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва риояи арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ тарбия намоем. Чунин насл дар оянда аз даст задан ба кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла амалҳои коррупсионӣ, худдорӣ хоҳад кард.

Боиси нигаронист, ки мутаассифона, дар ҷомеа баъзе омӯзгорон низ ба ҷойи иҷрои софдилонаи рисолати касбии худ ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ роҳ медиҳанд. Чунин рафтор на танҳо ба обрӯю эътибори омӯзгор, балки ба тамоми низоми таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Зеро омӯзгор бояд барои шогирдон намунаи беҳтарини рафтор, адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ бошад.

Аз ҷумлаи чунин амалҳо сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои моддӣ аз ҷониби баъзе омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Масалан, талаб намудани маблағ ё гирифтани пора барои гузаронидани имтиҳонҳо, гузоштани баҳои мусбат, гузаронидани хонандагон аз як синф ба синфи дигар ва ё ҳалли масъалаҳои марбут ба раванди таълим аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки метавонанд хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд.

Чунин ҳолатҳо, бахусус дар мавридҳое ба миён меоянд, ки хонанда аз имтиҳонҳои муайян натиҷаи зарурӣ ба даст наоварда, аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чоряк баҳои ғайриқаноатбахш мегирад ва тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи муассисаи таълимӣ барои гузаштан ба синфи дигар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нест. Дар чунин вазъият ба ҷойи риояи меъёрҳои муқарраршуда баъзе шахсони масъул бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Бояд таъкид намуд, ки чунин кирдорҳо на танҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, балки ба сиёсати давлатии соҳаи маориф, принсипҳои адолат ва баробарӣ, инчунин эътимоди ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ латма мезананд. Оқибати чунин амалҳо паст гардидани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва коста шудани эҳтироми хонандагону донишҷӯён нисбат ба арзишҳои ахлоқию ҳуқуқӣ мебошад.

Гузашта аз ин, рафтори ғайриқонунии омӯзгор метавонад ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккури таълимгирандагон таъсири манфӣ расонад. Вақте хонанда мебинад, ки барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ на дониш ва заҳмат, балки маблағ ва муносибатҳои ғайриқонунӣ нақши асосӣ мебозанд, дар зеҳни ӯ тасаввуроти нодуруст дар бораи адолат, масъулият ва қонун ташаккул меёбад. Ин ҳолат метавонад заминаи пайдоиш ва паҳншавии муносибати беэътиноёна ба қонунро дар байни насли наврас фароҳам оварад.

Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор бояд дарк намояд, ки рафтори ӯ на танҳо фаъолияти шахсии касбӣ, балки як навъ намунаи тарбиявӣ барои шогирдон мебошад. Омӯзгоре, ки худ ба талаботи қонун риоя намекунад, наметавонад аз хонандагон эҳтиром ба қонун ва адолатро талаб намояд.

Дар маҷмӯъ, агар ба чунин амалҳо сари вақт пешгирӣ карда нашавад, эҳтимол дорад, ки ин падидаи номатлуб дар дигар соҳаҳо ва қишрҳои ҷомеа низ густариш ёбад. Дар натиҷа, эътимоди шаҳрвандон ба адолат ва сохторҳои давлатӣ коҳиш ёфта, ҳисси ноумедӣ, нобаробарӣ ва беадолатӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Ин ҳама метавонад ба ояндаи давлат ва рушди устувори он таъсири манфӣ расонад.

Дар фарҷом бояд таъкид кард, ки дар ҷомеае, ки дар он ҳама чиз бо пул хариду фурӯш мешавад ва арзишҳои маънавию ахлоқӣ ҷойи худро ба манфиатҳои шахсӣ медиҳанд, ояндаи солиму устуворро тасаввур кардан душвор аст. Коррупсия на танҳо иқтисодиётро заиф мегардонад, балки адолат, эътимод, инсондӯстӣ ва арзишҳои миллиро низ коста месозад.

Хулоса, мо, омӯзгорон, ҳамчун тарбиятгарони насли оянда, вазифадорем, ки дар мубориза бар зидди коррупсия саҳми арзандаи худро гузорем. Мо бояд фаъолияти касбии худро дар асоси қонуният, адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ ба роҳ монда, дар раванди таълиму тарбия корҳои мунтазами фаҳмондадиҳиро анҷом диҳем. Ҳамзамон, зарур аст, ки дар байни хонандагону донишҷӯён ва волидони онҳо фазои оштинопазир нисбат ба коррупсияро ташаккул дода, онҳоро ба эҳтироми қонун, ростқавлӣ ва меҳнати ҳалол ҳидоят намоем. Зеро пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа, бахусус омӯзгорон мебошад. Танҳо дар сурати муттаҳид намудани саъю кӯшиши давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва муассисаҳои таълимӣ метавонем дар ташаккули ҷомеаи солим, адолатпарвар ва аз коррупсия орӣ саҳми муносиб гузорем.

 

Сайёд ДАВЛАТЗОДА,

устоди ДДМИТ